Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Хушвақт: "Худро намебахшам..."


Хушвақт Қаюмов.
Хушвақт Қаюмов.

Хушвақт дар боздоштгоҳи пулис ҳамагӣ чанд соат қарор дошт ва як рӯз баъд даст ба худкушӣ зад ва тасодуфан зинда монд. Ӯ аз он замон то ба ҳол дар ҳолати бади равонӣ қарор дорад.

Хонаводаи Хушвақт Қаюмов, ки дар чор соли пеш аз сӯи як корманди пулис дар ноҳияи Ёвон мавриди латту кӯб қарор гирифта буд, мегӯянд, ки то ҳол 16 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавияшонро аз сӯи вазорати корҳои дохилӣ дарёфт накардаанд. Ба қавли онҳо, ин миқдор ҷуброн аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъин гашта, бояд ба табобати Хушвақт истифода мешуд. Хушвақт пас аз ин ҳодиса ҳанӯз ба худ наомада дар ҳолати бади равонӣ қарор дорад.

Хушвақти 17-соларо Машраф Алиев, корманди умури дохилаи ноҳияи Ёвон барои ба гардан гирифтани дуздӣ дар моҳи апрели соли 2012 ба Шӯъбаи умури дохила оварда, латту кӯб мекунад. Бар асари фишору латту куб Хушвақт ба гуноҳи худ “иқрор” мешавад ва бегоҳи ҳамон рӯз дар оғили хонаашон худро бо ресмон меовезад. Волидонаш ӯро дар ҳолати беҳушӣ ресмон дар гарданаш пайдо мекунанд ва аз марг мераҳонанд.

Маҳмадсаид Қаюмов
Маҳмадсаид Қаюмов

Маҳмадсаид Қаюмов, падари Хушвақт мегӯяд, агар писарашро аз даст медод, ҳаргиз худро намебахшид. Зеро худи ӯ Хушвақти 17-соларо барои муайян кардани гунаҳкорони дуздӣ, ба шӯъбаи милисаи ноҳияи Ёвон оварда буд. Ба гуфтаи Маҳмадсаид Қаюмов, касе аз пайвандон дар ҷараёни бозпурсии писараш, ки аз субҳ то шом дар утоқи нозири минтақавӣ Машараф Алиев давом кард, ширкат надошт. Муоинаи тиббӣ нишон дод, ки дар ҷараёни ин бозпурсӣ Хушвақт мавриди шиканҷаи ҷисмонӣ қарор гирифтааст.

Дар соли 2013 Машраф Алиев ба 7 соли зиндон маҳкум шуд ва ба гуфтаи пайвандони Хушвақт, баъд аз 2 солу ҳафт ӯ моҳ ба озодӣ баромад. Қазияи латту куби Хушвахти 17-cола аз камтарин ҳолатҳое дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳ собит шуд ва гунаҳкор пушти панҷара рафт. Аммо чанд соате, ки Хушвақт дар боздошт қарор дошт ва рӯзи дигар аз навмедӣ даст ба худкушӣ зад, равони ӯро шикаст.

Дар ҳамин ҳол, Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 30-марти худ тарҳи ислоҳот ба қонун “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигаҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршуда ва судшаванда”-ро тасвиб кард. Бар пояи ин тағйирот, нигаҳ доштани гумонбаршудаҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз се рӯз бештар иҷозат дода намешавад. Ислоҳоти ворида кормандони ҳифзи ҳуқуқро муваззаф мекунад, ки фавран боздоштшударо бо вакили дифоъ таъмин карда, сӯҳбати танҳо ба танҳои онҳоро муҳайё бикунанд.

Бар асоси тағйирот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф шуданд, ки ба ҳангоми боздошти гумонбарҳо, пайвандони онҳоро дар ҷараён бигузоранд. Инчунин, дар протокол ному насаби корманди масъули мақомот навишта мешавад.

Падар: Худамро намебахшидам, ки писарамро ба милиса супурдам..
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

XS
SM
MD
LG