Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 4 июн ба навори «Нури наҳзат», ки дар шабакахои иҷтимоӣ ба номи "Ҷодугари панҷакентӣ" нашр шуд ва дар он Асадуллоҳ Каримов, зодаи деҳаи Майкадаи ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакент, ки ба корхои бадахлоқӣ муттаҳам шуда, ҳамчун узви ҲНИТ муаррафӣ шудааст, вокуниш нишон дод.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки Асадуллоҳ Каримов имомхатиби масҷиди панҷвақтаи деҳаи Майкадаи ҷамоати Амондара, ҳеҷ вақт узви ин ҳизб набудааст. Вай гуфт, ки дар миёни беш аз 1000 узи ҳизб дар Панҷакент, аз ҷамоати Амондара ҳеҷ нафаре узви ҳизб намебошад. ҲНИТ дастандаркорони навори видеоии «Ҷодугари панҷакентӣ"-ро идомаи корзори бадномкунии Ҳизби наҳзат ва қишри рӯҳоният аз тарафи гурӯҳи вижа дониста, онро тӯҳмату бӯҳтон дар ҳаққи наҳзатиҳо арзёбӣ кард.
Зимнан Сино Ҳасанов, намояндаи ҲНИТ дар Панҷакент ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки номи Асадуллоҳ Каримов ҳеҷ вақт дар феҳрасти аъзои ҲНИТ набудааст. Ба гуфтаи вай, дар деҳаи Амондара пас аз имомхатиб шудан ва ба амалҳои ношоиста даст заданаш аз тарафи сокинони Майкада бадарға шуд ва тайи чанд сол дар маркази шаҳр як хонаро иҷора гирифта, ба корҳои ғайриахлоқиаш даст мезад.
Вай афзуд, ҳоло навбати бадномсозии ҲНИТ ба Панҷакент расидааст ва мақомоти алоҳида дар ин роҳ аз дурӯғ гуфтан руй намегардонанд, дар ҳоле, ки мувофиқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон, имомахатиб узви ҳеҷ ҳизби сиёсӣ буда наметавонад.
Рӯзи гузашта дар сомонаи Ютюб ва дар шабакаи Фейсбук навори нави видеоие нашр шуд, дар он Каримов Асадулло, зода ва имомхатиби масҷиди рустои Майкадаи ҷамоати Амондараи Панҷакент узви ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) муаррифӣ шуда, ба гуфтаи ровӣ, ба ҷои табобати мардум ба номуси зани ҷавоне, ки барои кушодани бахт ба ӯ муроҷиат мекардаанд, таҷовуз кардааст.
Дар ин навор, ки аз номи «телевизиони Нури наҳзат» нашр шудааст, як нафаре ки худро 52-сола ва Асадулло Каримов меномад, эътироф мекунад, ки дар Исфара дар назди чанд рӯҳонии маъруф таълим гирифтаааст. Ба гуфтаи ровӣ, ӯ бо дарёфти китоби «Канзулҳусейн» дар шаҳри Панҷакент ҳуҷраеро иҷора гирифта, ба «табобат»-и мардум машғул шудаву аз ҷумла гӯё бахти духтарони ҷавонро мекушодааст.
Худи муттаҳам низ дар ин навор эътироф мекунад, ки ба қасидахониву бодхонӣ ва гармохунук кардан машғул буд. Ӯ мегӯяд, вақте як духтар барои гарм кардани дӯстдоштааш Ҷамшед бо усули тоторӣ ба назди ӯ омад, ӯ мехост калимаҳои «ман туро дӯст медорам»-ро бо ҳуруфи арабӣ дар аврати ин духтар ҳам бинависад, вале «баъд аз ин нафси ман ғолиб омаду ман хостам ки бо ҳамин алоқа кунам.»
Дар ин навори видеоӣ зани корафтода ҳам иқрор мекунад, ки домулло Асадулло дар хонае ки ӯро «гарм» кардааст, машварат медиҳад, ки агар рӯи синаҳояш низ номи Ҷамшед ва ному насаби духтарро ҳам бинависад, дили Ҷамшед, ки ба нақли ин зан, пас аз 2 ҳафтаи шиносоӣ аз вай рӯ гардондааст, дигарбора ба ин зан гарм хоҳад шуд.
Духтар мегӯяд, баъди навиштани номи Ҷамшед ва духтар бо ҳуруфи арабӣ дар ду синааш вайро даъват барои ҳамхобагӣ мекунад. Тавре духтар дар навор нақл мекунад, домулло «аз ҳолати оҷизона»-и вай истифода бурда, ӯро бо зӯрӣ таҷовуз кардааст ва баъд шарҳ ҳам додааст, ки ин ҳам як роҳи гарм кардани дили ҷавон аст.
Ин алакай чорумин навори фошкунандаи фаҳшомез алайҳи ҲНИТ аст, ки аз номи «телевизиони Нури наҳзат» нашр мешавад. Дар наворҳои қаблӣ, ки саҳнаҳои ошкори алоқаҳои ҷинсӣ низ дошт, муовини раиси созмони ҲНИТ дар Турсунзода ба ҳамҷинсгароӣ ва як рӯҳонии дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки низ узви ҲНИТ муаррифӣ мешуд, ба алоқаи ҷинсӣ бо як зани корафтода айбдор мешуд.
Ровиёни ин «телевизион» иддао доранд, ки гӯё ин шабака ба хотири тоза кардани сафҳои ҳизб аз афроди бадахлоқ ташкил шудааст. Вале масъулони ҲНИТ нашри ин наворҳои пур аз фаҳшро идомаи маъракаи бадномсозии ҳизбу ҳаводоронаш аз сӯи мақомот меноманд. Дар дастраси ин «телевизион» қарор гирифтани наворҳое, ки зоҳиран тавассути мақомоти вижа ба даст омадаанд, ба ақидаи нозирони умур, низ аз дасти дарози соҳибони «Нури наҳзат» дарак медиҳад.
Наворҳои қаблии ин «телевизион» ба андозае пур аз фаҳш буд, ки ҳатто раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода паҳн кардани ин наворҳоро маҳкум кард.
Дар ин авохир тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ва ҳам дар Интернет наворҳои зиёде нашр шуд, ки рӯҳониён ва аз ҷумла аъзои ҲНИТ-ро ба бадахлоқӣ айбдор мекарданд. Нозирони умур мегӯянд, ин ҳама як бахши маъракаест, ки коҳиш додани суръати мазҳабишавии ҷомиаро ба ҳадаф дорад. Бовар меравад, ки ин маърака дар оянда ҳам давом хоҳад кард. Ровиии "Нури наҳзат" ҳам дар поёни навори ахир мегӯяд, ки онҳо ифшокориашонро ҳамчунон идома хоҳанд дод.