Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилаи варзишгарони тоҷик дар Ҷалолобод


Дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, оилаи Мамарасуловҳоро оилаи варзишгарон ном мебаранд. Зеро чанд узви ин хонавода дар мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ ширкат кардаанд ва парчами кишварашон – Қирғизистонро баланд бардоштаанд.

Муродҷон Мамарасулов - як узви ин хонавода дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, бародари калонаш Баҳромҷон, ки дар ҳамин ҳол раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Ҷалолободро бар дӯш дорад, дар ҷавонӣ ба бокс машғул буд ва ӯ устоди варзиши байналмилалист. Ба гуфтаи оқои Мамарасулов, бародари миёнааш - Мухторҷон аз рӯи гӯштии тарзи озод устоди варзиш аст. Аз ин рӯ, оилаи онҳоро оилаи варзишгарон меноманд. Зеро ду писари вай низ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат кардаанд.

Муродҷон Мамарасулов мегӯяд, писари калони ӯ - Тоҳир аз рӯи тайбокс унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овардааст. Вай афзуд, Тоҳир дар мусобиқаҳои зиёди Осиё низ ширкат карда, борҳо соҳиби ҷойҳои якуму дуввум ва сеюм гаштааст, ки мардуми кишвараш, бахусус тоҷикони Қирғизистон аз ин комёбиҳои ӯ ифтихор мекунанд. Ҳамчунин, писари дуввумаш - Зоҳир низ варзишгар аст.

Ба гуфтаи Муродҷон Мамарасулов, писаронаш аз хурдӣ ба варзиш машғуланд ва Зоҳир устоди варзиши дараҷаи байналмилалист. Зоҳир ба наздикӣ дар як мусобиқаи қаҳрамони шаҳри Маскав низ иштирок кард ва сазовори ҷои аввал гашт.

Аз сӯҳбат бо Муродҷон Мамарасулов бармеояд, ки писари хурдиаш Дилшод, ки дар мактаби ҳамагонӣ таҳсил мекунад, низ ба гӯштии тарзи кураш шавқу рағбати зиёд дорад.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам, аммо тоҷикони шаҳри Ҷалолободро як нуктаи дигар ба ташвиш мувоҷеҳ кардааст. Муродҷон Мамарасулов:

«Мо, тоҷикон дар шаҳри Ҷалолобод теъдоди ками аҳолиро ишғол мекунем. Агар теъдодамон зиёд мебуд ва фарзандони мо дар мактаби тоҷикӣ таҳсил мекарданд, забони тоҷикии мо беҳтар мешуд. Аммо мо дар ин ҷо ба забони тоҷикӣ нахондаем ва забони гуфтугӯии мо хеле бо забонҳои дигари маҳаллӣ омехта шудааст. Мо забони тоҷикиро танҳо аз падару модар омӯхтаем. Мо намехоҳем, ки забони мо аз байн равад ва суннатҳои тоҷикиамонро низ аз даст диҳем. Агар мо ба таври доимӣ ин ҷо иқомат карданро ихтиёр кунем, бояд мактаби тоҷикӣ кушоем, то ки забон ва урфу одатҳои худро нигоҳ дорем. Дар акси ҳол, мо аз ин ҷо бояд ба Тоҷикистон дубора кӯч бандем. Тоҷикистон ватани падару бобоҳои мост.»

Бояд гуфт, ки Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки интишори рӯзномаи тоҷикиро ба роҳ монад. Муродҷон Мамарасулов аз ин навид хушҳол шуд. Ба гуфтаи оқои Мамарасулов, агар рӯзномаи тоҷикӣ интишор ёбад, тоҷикони зиёд онро дар Қирғизистон мехонанд ва забонашон боз ҳам бурротар хоҳад шуд.

Муродҷон Мамарасулов гуфт, ки мутаассифона, барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро аз тариқи шабакаи моҳвораӣ аксарият тамошо карда наметавонанд. Бо вуҷуди ин вай хушҳол аст, ки ин се шабака фаъолият мекунанд ва дар бедор кардани ҳисси миллии онҳо ва хештаншиносӣ нақши муҳим хоҳад бозид.

XS
SM
MD
LG