Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олег Панфилов: Шурпоевро тоҷикон накуштаанд


Раиси Маркази изтирории журналистон дар Маскав, Олег Панфилов ба расонаҳои Русия гуфтааст, Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддинов кушандагони ҳақиқии журналисти Шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев нестанд. Ҷаноби Панфилов марги журналистро на ба ҳодисаи ғоратгарӣ, балки ба ҳирфаи хабарнигории марҳум бастагӣ медиҳад. Аммо суол ин аст, зимни кадом далоил вай ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистонро, ки ҳар кадоме аз айбдоршудагонро ба 21 соли ҳабс маҳкум кард, зери суол мебарад?

Олег Панфилов : "Дар таҳқиқи ҷиноӣ ва ҷараёни муҳокима нуқсони бисёре ҷой дошт. Дар ҳоле ки ғоратгарӣ ангезаи асосии ҷиноят шумурда мешавад, дар манзили Шурпоев амволи зиёди гаронбаҳое буд, ки дуздида нашудаанд. Масалан, дар он ҷо ду компютери Ноутбук буд, танҳо якеаш рабуда шуд ва ҳамчунин ороишоти тилоии модари Шурпоев, ки дар ин давра дар бемористони Маскав бистарӣ буд ва боз чандин чизи қиматбаҳо. Ва аз ҳам асосияш навори видеоӣ, ки гӯё ду шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми даромадан ба бино нишон медиҳанд, таърихи рӯз ва соату дақиқа надорад ва маълум нест, ҳамон рӯз гирифта шудааст ва оё дар ҳамон бино ва дар ҳамон ноҳияи Маскав. Дигар ин ки яке аз вакилони ҳуқуқӣ аз ҷониби давлат, бо маводи пажӯҳиш то саршавии муҳокима шинос нашуда буд ва барои ин мӯҳлат хост. Сониян, яке айбдоршавандагон дар муҳокима аз баёноти ибтидоии худ даст кашид. Хуллса фактҳои зиёде дар миён аст, тибқи онҳо додгоҳ, Додгоҳи Олӣ дар ин марвид ба таври ҳирфаӣ амал накард."

Раиси Маркази изтирории журналистон дар Иттиҳоди хабарнигорони Русия аз он низ изҳори ҳайрат кард, ки намояндагони Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ин муҳокима таваҷҷӯҳе зоҳир накардаанд. Аз ӯ пурсидем оё зимни кадом маводи журналистияш Шурпоев метавонист, ҳадафи чунин сӯиқасди пинҳонкорона ва бераҳмона қарор бигирад, зеро бо гузоришҳои ҳасоси сиёсӣ машҳур набуд ва дар бойгониҳои интернетии Шабакаи аввал ва НТВ матолиби ба мақомоти расмӣ нохушоянд дида намешавад.

Олег Панфилов: "На, Илёс хуб медонист, ки дар куҷо кор мекунад. Охирин бор вақте ҳамсӯҳбат шудем, аз сиёсати идории телевизиони Русия шикоят мекард ва маълум буд, ки вай наметавонист, ҳама чизеро ки ба навор мегирад, нишон диҳад. Аз сӯи дигар вай одами бисёр росткор ва боадолат буд ва рӯйдодҳои Қафқози Шимолиро ба хубӣ медонист, аммо сиёсати телевизиони Русия ин аст, ки танҳо нуқтаи назари расмиро пахш кунанд ва ба нигоҳи хоси журналист роҳ надиҳанд."

Ҳам дар ин гуфтугӯ ва ҳам дар мусоҳибаҳои дигараш Олег Панфилов, раиси Маркази изтирории журналистон дар Иттиҳоди хабарнигорони Русия мегӯяд, ишора ба мансубияти Шурпоев ба гурӯҳи ақаллиятҳои ҷинсӣ низ дурӯғе буд, ки аз аввал таваҷҷӯҳ ба қазияро коҳиш диҳад. Ҷаноби Панфилов аз амалкарди мақомоти Русия интиқод кард, ки ба истирдоди гумонбаршудагон пойфишорӣ накарда ва пажӯҳиши ҷиноиро ба таври ҷиддӣ ба роҳ намондаанд. Ба ақидаи ӯ, ин мақомот шояд ба ифшои ҳақиқати ҳодиса манфиатдор набудаанд.

XS
SM
MD
LG