Ҷанозаи Мирзои Саттор, ки ба гуфтаи пайвандонаш дар рӯзи 31 август тавассути гурӯҳе дар Ёқутистони Русия ба қатл расидааст, соати чори дишаб ба Душанбе мунтақил шуд ва субҳи вақт пайкари ӯ дар оромгоҳе дар ҳуммаи ғарбии пойтахт рӯи дастони наздикон ва ҳампешагонаш ба хок супурда шуд.
Мирзои Саттор ба таъбири ҳампешагонаш як журналист ва нависандаи пуркор, вале камиддаъо буд, ки бо вуҷуди дур уфтодан аз муҳити фарҳангии Тоҷикистон ҳамчунон равобит ва ҳамкории худро бо маҳофили фарҳангӣ ҳифз карда ва ба кори эҷодиии худ идома медод. Даҳҳо навиштаи ӯ дар рӯзномаҳои Тоҷикистон тайи як-ду соли охир, аз ҷумла дар мавриди вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мунташир шуда буд.
Мирзои Саттор то замони муҳоҷир шуданаш дар соли 1993 сардабири идораи барномаҳои адабиёт ва ҳунари Радиои Тоҷикистон буд.
Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дӯст ва аз ҳамкорони пешини Мирзои Саттор дар Радиои Тоҷикистон мегӯяд, ӯ қалби пок ва пурэҳсосе дошт: «Мо дар як утоқ кор мекардем, ӯ як шахси нотакрор буд. Ба хубӣ вазъ ва муҳитро эҳсос мекард. Дар соли 1992 вақте дар Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ идома дошт, навиштаеро пеши ман овард ва мазмуни матлабаш ин буд, ки Тоҷикистон дорад ба як Афғонистони дигар табдил мешавад. Чун майдони тохтутози нируҳои Русия ва Узбакистон қарор гирифтааст.»
Рустами Ваҳҳоб, устоди донишгоҳ ва муҳаррири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» мегӯяд, хабари марги Мирзои Саттор барояш ғофилгиркунанда аст, зеро ба гуфтаи ӯ, оғои Саттор аз кори худ дар Ёқутистон ва аз муҳити он ҷо ва аз муносибати мардум бо ӯ хеле хушҳол ва қаноъатманд буд. Ваҳҳоб гуфт, хабари марги дусташро вақте мешунавад, ки қиссаи Мирзои Саттор бо номи «Нолаи хомӯш» барои шумораи «Садои шарқ» дар ҳоли таҳрир аст.
Мирзои Саттор қаламкаши тоҷик ду ҷанги тамомаёрро дар Афғонистон ва Тоҷикистон пушти сар гузошт ва ҷони солим бурд, аммо дар кишваре дур аз ҷанг, ки иддаои кафили таъмини амнияти минтақаро мекунад, кушта шуд.
Қосими Бекмуҳаммад ду соли ҷанги Афғонистонро ҳамроҳ бо Мирзои Саттор ба унвони мутарҷим таҷриба карадааст ва мегӯяд, қатли Мирзои Саттор бори дигар масъулини давлати Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки мутаваҷҷеҳи амнияти ҷони муҳоҷирини кории худ дар Русия бошанд: «Ӯ ҳамеша кушиш мекард, ки хастагии равонии худро зоҳир накунад ва барои дӯстон қуввати дил бошад. Марги ӯ талафоти бузург аст. Мирзои Саттор бо марг ва хуни сурхи худ ҳассос будани масъалаи муҳоҷирати кори тоҷиконро дар хориҷ ва хусусан дар Русия барои мо ва масъулини Тоҷикистон бозгӯ мекунад»
Мирзои Саттор панҷоҳ сол дошт, вале ба далели собиқаи кор ва имтиёзоте, ки дошт бояд имсол бознишаста мешуд. Ӯ дар Русия ба сурати расмӣ машғули кор буд ва ба гуфтаи пайвандонаш замоне мавриди ҳамла қарор гирифт, ки асноди бознишастагиашро дуруст карда ва ба хона бар мегашт. Аммо гирифтани ҳаққи бознишастагӣ насибаш накард.