Орифҷон Умаров – додситони шаҳри Исфара, 110-километрии шарқи Хуҷанд маҳал гуфт, бар зидди ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуда, онҳо ба як идда ҷиноятҳои сахт, аз ҷумла – ҳамла ба боздоштгоҳи муваққатии Қайроқум ва қароргоҳи марзбонон дар Исфара, дар соли 2006 гумонбар мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки дар дар тӯли 6 моҳи аввали соли равон 7 сокини ноҳияи Исфара бо иттиҳоми мансубият ба Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) боздошт қарор гирифтанд.
Ин маълумотро масъулини мақомоти додситонии Суғд дар рӯзи ҷумъаи 3 – уми июл бо баргузории як нишасти хабарӣ изҳор доштанд.
Хайрулло Саидов – додситони Суғд гуфт, ки дар ҳоли кунунӣ тафтиши парвандаи 6 нафар сокини ноҳияи Исфара, ки барои фаъолият дар ҲИУ муттаҳам мешаванд, анҷом ёфтааст.
Вай афзуд, ин нафарон мансуб ба гурӯҳи ҲИУ дар Исфара ва нафарони боздоштгардида ҳама сокинони ҳамин маҳал мебошанд. Ба гуфтаи вай, сарвари ин гурӯҳ – Анвар Қайюмов дар шаҳри Кобул – пойтахти Афғонистон боздошт ва дар ибтидои соли равон бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба ин кишвар истирдод шуда буд.
Дар ин маврид Орифҷон Умаров - додситони шаҳри Исфара, аъзои гурӯҳи ҲИУ кадом ҷинояти нав дар қаламрави вилояти Суғд содир накардаанд ва тафтишоти додситонӣ онҳоро ба иштирок дар як қатор ҷиноятҳои вазнине, ки дар солҳои пеш содир кардаанд, аз ҷумла – ҳамдастӣ дар тарҳрезӣ ва роҳандозии ҳамлаҳои мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қайроқум ва қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара дар ибтидо ва миёнаҳои соли 2006 айбдор донистааст.
Ба гуфтаи оқои Умаров, додситонии ин маҳал дар соли равон ҳайсийяти 21 узви ҲИУ дар Исфараро муайян намуда, таҳти пайгарди шадид қарор додаанд.
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир кадом тақвияти фаъолияти ин гурӯҳи тундрав дар Исфара ба мушоҳида намерасад ва мақомоти марбута дар натиҷаи роҳандозии амалиётҳои вижа бархе аз аъзои гурӯҳи ҲИУ ошкор ва бархеро дастгир намудаанд.
Ба маълумоти додситонии Исфара, аз соли 1997 то кунун мансубияти 84 нафар сокини ин маҳал ба ҲИУ ошкор шудааст. То ба ҳол 40 нафар аз онҳо боздошт шуда, вале 44 нафари дигар дар таҳти пайгард қарор гирифтаанд .
Орифҷон Умаров - додситони шаҳри Исфара афзуд, ҳудуди 15 тан аз онҳо дар зимни бархӯрдҳои мусаллаҳона бо нерӯҳои давлатӣ дар Афғонистон ва бархе дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кушта шудаанд.