Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи 20 кило ҳероин


Ҳероини кашфшуда аз қатори Хуҷанд-Челябинск
Ҳероини кашфшуда аз қатори Хуҷанд-Челябинск

Мақомот дар вилояти Суғд аз як талоши қочоқи 20 кило ҳероин ба Русия тавассути қатори роҳи оҳан ҷилавгирӣ кардаанд.

Кормандони Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд мегӯянд, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти гумрук бори аввал дар тайи се соли ахир аз қочоқи миқдори бузурги ҳероин – беш аз 20 кило - тавассути роҳи оҳан пешгирӣ карданд.

Файзулло Абдуллоев – сардори Оҷонси мазкур гуфт, ки ин миқдори бузурги маводи сахттаъсири ҳероин дар доираи марҳилаи дуюми амалиёти “Кӯкнор – 2009” зимни тафтиши маълумоти фаврӣ аз дохили 7 қуттӣ дар 14 бастаи селлофанӣ дар қатораи боркаше, ки аз Хуҷанд ба Русия меваи хушк интиқол медод, кашф ва мусодира гардид. Ба гуфтаи вай, ду нафар қочоқбарон – яке соҳиби бор, сокини ноҳияи Истаравшан – ва дуюмӣ - интиқолдиҳандаи ҳероин аз пойтахт ба Хуҷанд, сокини шаҳри Душанбе – рӯзҳои 4 ва 5 август, баъд аз кашфи ҳероин боздошт шуданд. Ба гуфтаи мақомот, ин афрод ният доштаанд, ҳероинро бо қатораи боркашон то шаҳри Челябинск ва пасон тавассути автомобил то ҷои ниҳоӣ - шаҳри Орски Русия интиқол диҳанд.

Нисбат ба ин афрод аз ҷониби Оҷонси мазкур парвандаи ҷиноӣ аз рӯи банди 200-уми қонуни ҷиноии Тоҷикистон – қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби гурӯҳи муташаккил - боз шудааст.

Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар Суғд мегӯяд, дар 7 моҳи гузаштаи соли равон дар қаламрави ин вилоят аз дасти қочоқгарон дар маҷмӯъ аз сӯи куллия ниҳодҳои марбута беш аз 400 кило маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 250 кило ҳероин мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG