Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбу лати як бону, узви ҲНИТ


Созмони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз боздошти ғайриқонунӣ ва латукӯби як зани узви ин ҳизб аз ҷониби кормандони милиса ба парлумон, омбудсмен ва додситонии маркази вилояти Суғд шикоят навиштаанд.

Масъулини бахши ҲНИТ бо баргузории як нишасти хабарӣ гуфтанд, ки ин ва дигар мавориди боздоштҳои ғайриқонунии аъзои худро дар вақтҳои ахир як навъ фишор болои ин ҳизб ва коҳиши нуфузу фаъолияти он дар остонаи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2009 меноманд.

Илҳом Ёқубов, узви раёсати олии бахши ҳизби мазкур дар вилояти Суғд гуфт, Бизумрад Қурбонова, сокини шаҳри Хуҷанд, як узви фаъоли ҳизби мазкурро дар рӯзи 18 – уми август кормандони шӯъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил дар вазорати дохилии Тоҷикистон бе иҷоза (санксия) - и додситонӣ дар манзилаш боздошт намуда, дар қароргоҳи шуъбаи мазкур таҳқир ва лату кӯб намуданд.

Дар ҳоли ҳозир Бизумрад Қурбонова дар бемористони рақами 1- и шаҳри Хуҷанд бистарӣ аст.

Дар рӯзи 25 – уми август, ки аз ӯ ҳамроҳи гурӯҳи хабарнигорон дидан кардам, чеҳраи Бизумрад Қурбонова озурда ва ғамгин ба чашм мерасид. Аммо зоҳиран дар чеҳра ва сари вай осори зарбу лат дида намешуд. Вай гуфт, боздошт ва зарбу лати ӯ аз ҷониби кормандони милиса ба хотири дарёфти маълумот дар бораи хешони шавҳараш сурат гирифтааст. Онҳо гуфтаанд, шавҳари Бизумрад – Холиқов Сайдулло, ки феълан дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, дар он ҷо ба гумони ҷиноят боздошт шудааст ва ҳамсари вай бояд бо кормандони милиса барои дарёфти шарикони вай ҳамкорӣ кунад: «Аз соати ҳафту ним то бегоҳӣ гапҳои ганда зада, маро нигоҳ доштанд. Аз як ҷияни шавҳарам пурсиданд, гуфтам, ки ман вайро намедонам. Як нафарашон ба сарам заданд, ман чанд дақиқа беҳуш шудам. Ба рӯям об зада, ба худ оварданд. Ман онҳоро бинам, мешиносам. Ҳозир сарам дард мекунад, як гӯшам суст мешунавад.»

Вале масъулини шуъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил дар Хуҷанд нахостанд ба хабарнигорон ин ҳодисаро тавзеҳ бидиҳанд. Дар рӯзи 25 август, вақте ки гурӯҳи хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ва дохилӣ ба идораи шуъбаи мазкур ҳозир шудем, навбатдори он гуфт, сардораш дар идора ҳузур надорад ва бе иҷозаи вай дигар масъулин наметавонанд сари ин мавзӯъ суҳбат кунанд. Мулоқот бо сардори шӯъбаи мазкурро ба вақти баъд аз зуҳр гузоштанд, вале дар вақти таъиншуда боз ҳам гуфтанд, сардор ба идора наомадааст.

Дар додситонии шаҳри Хуҷанд тасдиқ карданд, ки шикояти хаттии Бизумрад Қурбонова ба онҳо расидааст, аммо аз ҷараёни таҳқиқи он чизе нагуфтанд.

Масъулини бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд мегӯянд, ин барои бори аввал нест, аъзои ин ҳизб дар шаҳру навоҳии вилоят аз ҷониби мақомот мавриди боздошт ва фишору таҳдид қарор мегиранд. Дар соли 2008 як масъули созмони ҳизби мазкур дар ноҳияи Мастчоҳ – Муҳаммадазиз Раҷабов аз сӯи кормандони милиса мавриди боздошт ва лату кӯб қарор гирифт.

Аҳмадхон Баҳридинов, раҳбари созмони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, гуфт, ба назари вай, ин ҳама фишор болои аъзои ҳизбаш дар остонаи интихоботи парлумонии ибтидои соли оянда аз сӯи мақомот ба хотири костани обруву нуфузи ин ҳизб сурат мегирад. Вай афзуд, мақомот дар симои ҲНИТ рақиби асосии худро дар интихоботи оянда дар баробари ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ мебинад ва бо ҳар роҳу усул мехоҳад дар давраи қабл аз интихоботӣ фаъолияти онро маҳдуд намояд.
XS
SM
MD
LG