Ӯ гуфт, аз рӯи ин парванда як шаҳрванди Узбакистон, бо насаби Тен, бароии ҷосусӣ бар манфиати ин кишвар мутобиқи банди «ҷосусӣ» - и Асноди ҷиноии Тоҷикистон ва чаҳор масъули корхонаи «Востокредмет», аз ҷумла раҳбараш Шавкат Бобоҷонов танҳо мутобиқи банди «бармало берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ» айбдор ҳисоб мешаванд.
Таҳқиқи ин парванда аз ҷониби мақомоти тафтишотии раёсати амнияти вилояти Суғд анҷом гирифтааст. Бозбинии онро додгоҳи вилоятӣ аз моҳи август ба инҷониб дар толори додгоҳи шаҳри Чкалов дар паси дарҳои баста пеш мебарад.
На додраси ин парванда, на вакилони мудофеъи айбдоршавандаҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон ба далели дорои аҳамияти сиррӣ будани маълумоти он худдорӣ меварзанд.
Боздошти се корманди баландвазифаи корхонаи «Востокредмет» : Александр Ботов – сармуҳандис, Матин Зиёев – масъули бахши амниятӣ ва Александр Бабошин – мудири бахши сохтмон дар моҳи апрел ва боздошти Шавкат Бобоҷонов – раиси корхонаи мазкур дар моҳи июли соли равон сурат гирифта буд.