Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киҳо ба сӯи марзбонони қирғиз оташ кушоданд?


Мақомоти марзбонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Суғд ҳодисаи оташкушоӣ ва вуруди як гурӯҳи номаълум аз қаламрави Тоҷикистон ба хоки Боткандро тасдиқ карданд, вале иддаъои ҷониби Қирғизистонро дар мавриди шаҳрвандони тоҷик будани онҳо бепоя хонданд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоле, ки шахсияти марзшиканони оташкушода ба сӯи марзбонони қирғиз ва нафаре аз онҳо дастгир нашудааст, шаҳрвандони Тоҷикистон номидани онҳо барвақт ба назар мерасад.

Як мақом аз ситоди марзбонии Суғд бидуни муаррифии худ аз ҷои ҳодиса ба Озодӣ гуфт, салоҳияти суҳбат дар бораи тафсилоти ин ҳодисаро надорад.

Вале Уктам Гадойбоев, сардори ситод, ва Қурбоналӣ Каримов, сардори гурӯҳи фаврии ситоди марзбонӣ, гуфтанд, ки дар сафари корӣ қарор доранд ва аз руйдоди мазкур хабар надоранд.

Як корманди милиса аз Исфара ба шарти ошкор насохтани номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, афроди оташкушода ба сӯи марзбонони қирғиз гурӯҳи соҳибкороне буданд, ки зимни убури марз бо марзбонони қирғиз ворид муноқиша шуданд. Ӯ гуфт, аммо ҷониби Қирғизистон ба ин ҳодиса тобиши дигар мебахшад. Чунки эҳтимол дорад баҳсу талош миёни марзбонону тоҷирон сари ситонидани ришват рух дода бошад.

Чанд расонаи интернетии Қирғизистон, мисли «KG.24» ва «Akipress» аз қавли мақомоти марзбонии ин давлат хабаре нашр карданд, ки дар шоми 14 ба 15 – уми октябр як гурӯҳи номаълум, иборат аз 8 – 10 нафар дар посгоҳи Учкарин, миёни Ботканду Исфара ба сӯи марзбонони қирғиз оташ кушода, ба қаламрави Ботканд фирор намуданд. Дар ин ҳодиса касе захмдор нашудааст. Ниҳодҳои ҷониби Қирғизистон дарзамон ба як амалиёти вижа барои дастгир намудани марзшиканон оғоз бахшидаанд.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, Ҷенеш Ҳайдаров, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, аз Ботканд гуфт, то ҳанӯз касе аз оташкушоён боздошт нашудааст.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон аз оташкушоён ба унвони «афроди оддии ҷиноятпеша» ном мебаранд. Вале Ҷенеш Ҳайдаров, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, аз шаҳри Ботканд гуфт, мақомоти Ботканд фарзияҳои аз ҷумлаи афроди гумонбар ба куштори Саидумар Саидов, афсари баландрутбаи шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара, будани оташкушоёни фироркардаро низ пеш мегузоранд.

Зимнан, чанде қабл Хайрулло Саидов, додситони Суғд, аз муайян шудани шахсияти афроди дастдошта дар куштори Саидумар Саидов ва таҳти пайгард қарор доштани онҳо хабар дода буд. Аз ин рӯ, ба назари бархе аз коршиносон, эҳтимоли афроди таҳти пайгард қарордошта ба гумони ҳамдастӣ дар куштори афсари милисаи тоҷик будани нафарони оташкушода ба сӯи марзбони қирғиз низ пеш меояд.

Вале бархе дигар аз коршиносон ва сокинони Исфара, бар асари муноқишаи миёни марзбонон ва сокинон ҳангоми убуру мурур рӯй додани чунин муноқишаҳоро низ аз эҳтимол дур намеҳисобанд. Як сокини шаҳри Исфара, ки нахост номашро ошкор созад, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ба наздикӣ дар канори деҳаи сурҳи ин маҳал гурӯҳи сайёри мақомоти қудратии Тоҷикистон шаб як гурӯҳ ҷавононро аз роҳ боздоштанд, онҳо ба гумони ин ки онҳоро ба тариқи «облава» ба аскарӣ мебаранд, ба тарафи низомипӯшон оташ кушода, фирор карданд. Ин ҳодиса бисёр овозаҳоро дар пай доштааст.

Мусоҳибам афзуд, баъд аз куштори афсари милисаи Исфара назорат дар хати марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар қисмати Суғд аз ҳар ду ҷониб хеле шадид шуда, ба равуои озодани шаҳрвандони ҳар ду кишвар мушкилот ва монеаҳо эҷод шудааст ва миёни сокинону марзбонон муноқишаҳои лафзӣ зиёд сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG