Қаблан иддае аз расонаҳои хабарӣ бо истинод ба хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ нашр карданд, ки чаҳор нафари фироркардаи як гурӯҳи мусаллаҳ дар деҳаи Ворух боздошт шудаанд.
Қурбоналӣ Каримов, сардори гурӯҳи фаврии нерӯҳои марзбонии Суғд ба Озодӣ гуфт, эҳтимол ҷониби Қирғизистон чаҳор нафар ҷангиёни кушташуда ва як нафари боздоштгардида дар ҷараёни амалиёти вижа дар шаҳри Исфара дар шоми 18 бар 19–уми октябрро дар назар дошта бошанд.
Вале ӯ инро, ки чаҳор тан аз нафароне, ки ба гуфтаи марзбонони қирғиз, ахиран шабонгоҳ дар як гурӯҳи 8–10-нафарӣ ба сӯи онҳо оташ кушода, фирор карда буданд ва мавриди боздошт қарор гирифтанд, бепоя хонд. Вале мақомоти марзбонии Суғд таъйид ё рад накарданд, ки ҳамин чаҳор нафари кушташуда ба сӯи марзбонҳои қирғиз оташ кушодаанд.
Ба гуфтаи сокинони маҳали даргирӣ, нафаре аз куштаҳо сокини ҳамин маҳал - Зикридин Турсунови 34-сола мебошад, ки ахиран бародараш – Абдумубин Турсуновро додгоҳи вилояти Суғд ба гуноҳи фаъолият дар як гурӯҳи 6-нафарии Ҳаракати Исломии Узбакистон, бо сарварии Анвар Қайюмов – сокини Исфара ва ҳамчунин ҳамдастӣ дар як қатор ҷиноятҳои вазнин ба 11 соли зиндон фиристода буд.
Сардори гурӯҳи фаврии нерӯҳои марзбонии Суғд афзуд, амалиёти нерӯҳои давлатӣ барои боздошти қотилони Саидумар Саидов – сарвари гурӯҳи тафтишотии шӯъбаи корҳои дохилии Исфара (дар рӯзи 18–уми сенябр) ва шарикони вай, ки мақомоти тафтишотӣ онҳоро мансуб ба ҲИУ меҳисобад, идома дорад.
Ба гуфтаи оқои Каримов, дар ҷараёни ин амалиёт нафарони бидуни шиноснома барои муваққат мавриди ва пурсукоб қарор мегиранд . Вай гуфт, «агар касеро боздошт намоем, дар ин бора ҳатман ба расонаҳо хабар медиҳем».
Як сокини Исфара, ки шоми 18–уми октябр дар тӯйи як хешовандаш иштирок доштааст, гуфт, вақти бозгашт марзбонҳои қирғиз мошини онҳоро дар маҳали Оқсой боздошта, баъд аз тафтиши ҳуҷҷатҳояшон рухсати рафтан додаанд.
Ворух анклави Тоҷикистон аст, ки дар 50-километрии дохили вилояти Бодканди Қирғизистон воқеъ аст. Ба сокинони Ворух феълан вазъ дар ин деҳа ором аст ва нишонаҳои роҳандозии ягон амалиёт аз ҷониби милиса ё низомиён ба назар намерасад.