Ин иқдом ҷавобан ба дархости давлати Тоҷикистон дар мавриди кӯмак барои безарарсозии партовгоҳҳои дорои моддаҳои радиоактивии ин кишвар, ки тобистони ҳамин сол дар конфаронси кишварҳои кӯмакрасон дар шаҳри Женева аз ҷониби мақомоти тоҷик садо дод, рӯи даст гирифта шудааст.
Лутс Шнайдер, сарвари кулли ширкати Stoller (Дастёбӣ ба ҳалли мушкилоти Экологӣ ва безараргардонӣ) аз кишвари Олмон, ҳадафи аслии сафари коршиносони Оҷонси байнулмилалии назорат бар нерӯи ҳастаиро таҳияи ҳамин барнома арзёбӣ кард. Ҷаноби Шнайдер гуфт, дар марҳилаи аввали ин барнома то ҳол вазъи партовгоҳҳои радиатсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва безарарсозии онҳо дар як гузориши 140 саҳифаӣ омода карда шудааст.
Вай дар бораи марҳалаи дуюми ин барнома он чӣ ба Тоҷикистон дахл дорад, афзуд, «мо дар ин ҷоем, то таҳти сарпарастии созмони САҲА як барномаи ҷудогона дар бораи оғози корҳои безараргардонии партовгоҳҳо таҳия намоем. Ин барнома ба конфронси Оҷонси МАГАТЕ ҳамин моҳ пешниҳод карда мешавад ва Оҷонси мазкур тасмим хоҳад гирифт, ки ин амр аз ҷониби кӣ бо чӣ қадар сармоя рӯи даст гирифта хоҳад шуд».
Ҷаноби Шнайдер ин нуктаро ахиран дар як нишасти мизи гирд дар мавзӯи «Амнияти радиатсионӣ дар Табошар ва иштироки ҷомеа» дар маҳали мазкур баён дошт. Дар ин нишаст ҳамчунин масъулини корхонаи «Востокредмет», коршиносони масоили амнияти радиоактивӣ ва намояндагони мақомоти Суғд иштирок доштанд.
Ба гуфтаи иштирокдорони нишасти мазкур, марҳилаи аввали безараргардонии партовгоҳҳои вилояти Суғд аз шаҳраки Табошар оғоз оҳад шуд. Музаффар Юнусов, муовини сарвари кулли корхонаи «Востокредмет», гуфт, ӯ давра ба давра безараргардонии партовгоҳҳои Суғдро беҳтар меҳисобад.
Ба гуфтаи вай, дар вилояти Суғд аз фаъолияти беш аз нимасраи корхонаи мазкур даҳ партовгоҳ бо 55 миллион тонна пасмондаҳои моддаҳои дорои радиоактив мавҷуд аст, ки бархе аз онҳо кушод ва ногӯронида боқӣ мондаанд ва фазову обу хоки минтақаро олуда мегардонанд. Аз ҷумла, дар шаҳраки Табошар танҳо дар як партовгоҳ беш аз миллион тонна пасмондаҳои радиатсионӣ монанди кӯҳпора дар фазои кушод хобидааст, ки дар навбати аввал безарарсозиро тақозо дорад.
Зимнан, сокинони маҳаллӣ онро «Аҳроми радиатсионӣ» меноманд ва аз наздик рафтан тарс доранд. Ба гуфтаи онҳо, дар солҳои ахир боришоти шадид чаҳор маротиба партовгоҳои радиатсиониро дар шаҳракҳои Табошару Адрасмон каме шустааст. Дар Табошар моддаҳои дорои радиоактив дар канори рӯди маҳалӣ, ки сокинон аз оби он истифода мебаранд, низ гӯронида шудааст ва боришоти шадид манобеи обро олуда мекунад.
Ба гуфтаи Зуфар Исмоилов, раиси ҳукумати шаҳри Табошар, нурафкании радиоактивӣ дар павтовгоҳҳои канори маҳалҳои маскунӣ ба 150–400 микрорентген дар як соат баробар аст, ки сиҳати сокинонро хароб мекунад. Вай афзуд, дар даҳ соли ахир дар миёни сокинони Табошар бемориҳои мухталиф, мисли саратон, камхунӣ, ҷоғар зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла се сол пеш 2 кас, соли гузашта - 8 нафар, дар нимсолаи аввали соли равон - 6 сокини ин маҳал гирифтор ба бемории саратон шудаанд. Ҳамчунин, таваллудҳои бармаҳал, кӯдакони нуқсондор ва дорои нуқси мағзи сар афзудааст.
Табибони маҳаллӣ ин ҳолатро ба таъсири манфии шуъои радиоактивии партовгоҳҳо ва истифода аз маводи олуда ба радиатсия марбут медонанд. Сокинони Табошар ва дигар маҳалҳои наздик ба парртовгоҳҳои радиатсионӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, ки онҳо аз таъсир ва зарари партовгоҳҳо аниқ бохабар нестанд, вале гирифтории бисёр ҳаммаҳалҳояшон ба бемориҳои мухталиф онҳоро нигарон кардааст.
Лутс Шнайдер, сарвари кулли ширкати Stoller (Дастёбӣ ба ҳалли мушкилоти Экологӣ ва безараргардонӣ) аз кишвари Олмон, ҳадафи аслии сафари коршиносони Оҷонси байнулмилалии назорат бар нерӯи ҳастаиро таҳияи ҳамин барнома арзёбӣ кард. Ҷаноби Шнайдер гуфт, дар марҳилаи аввали ин барнома то ҳол вазъи партовгоҳҳои радиатсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва безарарсозии онҳо дар як гузориши 140 саҳифаӣ омода карда шудааст.
Дар Табошар моддаҳои дорои радиоактив дар канори рӯди маҳаллӣ, ки сокинон аз оби он истифода мебаранд, низ гӯронида шудааст ва боришоти шадид манобеи обро олуда мекунад ...