Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба доди муҳоҷирини корӣ кӣ мерасад?


Мавзӯъи «Мушкили муҳоҷирини кории тоҷик ва роҳҳои ҳалли онҳо» дар як мизи гирд дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳси намояндагони хадамот ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқшиносони мустақил қарор гирифт.

Бар пояи маълумоти хадамоти муҳоҷират дар идораи корҳои дохилии Суғд, дар соли равон ҳудуди 250 ҳазор сокини вилоят ба муҳоҷирати корӣ ва асосан ба кишвари Русия рафтаанд, вале сафари танҳо 8 ҳазор нафари онҳо бо роҳи қонунӣ сурат гирифтааст. Қисмати асосии муҳоҷирон ба қавле «бо пои худ» сафари кишвари бегона ихтиёр кардаанд. Иштирокдорони баҳси мизи гирд ҳамин омилро дар вазъи ногувор афтодани онҳо қисми зиёди онҳо дар Русия хонданд.

Бобоҷон Муқимов, як сокини шаҳри Панҷакент, ки чанд моҳ муҳоҷирати кориро дар шаҳри Санкт–Петербурги ин кишвар паси сар намуда, ба ватан баргаштааст, вазъи қисмати умдаи мардикорони тоҷикро дар он ҷо чунин тасвир кард, ки мардикорони тоҷикро сари ҳар қадам милиса бозмедорад ва миқдоре пул мепурсад. Ба гуфтаи вай, бо мардикорони тоҷик кормандони интизомии рус бисёр бераҳмона муносибат мекунанд. Ба гуфтаи вай, ин вазъ дар тақрибан ҳама минтақаҳои Русия мушоҳида мешавад.

Ширкатгарони баҳси мизи гирд дар Хуҷанд мустақилона барои кор ба Русия рафтани тоҷиконро сабаби асосии бо мушкилоти худ танҳо мондани онҳо номиданд. Назир Ҷӯраев, корманди хадамоти муҳоҷират дар идораи корҳои дохилии Суғд, иштирокдори нишасти мазкур гуфт, муҳоҷирини кории тоҷик аз сафари бо роҳи қонунӣ ба Русия умдатан барои он рӯ мегардонанд, ки ниҳодҳои сарпараст маошҳои кам пешниҳод мекунанд. Муҳоҷироне, ки бо пои худ ба Русия рафтаанд, дар сурати барори кор пули зиёдтар ба даст меоранд. Албатта, бо риски бештар.

Аммо, аз нигоҳи оқои Ҷӯраев, тоҷикон дар Русия бо мушкилоти худ танҳо нестанд ва дар бораи нақзи ҳуқуқи худ ва мушкилоти худ ба намояндагони ин ниҳод муроҷиат кунанд. Вай ҳамчунин гуфт, хадамоти муҳоҷират дар маҳалҳо ва майдони ҳавоиву истгоҳҳои роҳи оҳан ба муҳоҷирини корӣ варақаву брошюрҳо дар мавриди қоидаву шартҳои муҳоҷирати корӣ ва дастрасӣ ба кӯмаки ҳуқуқӣ тақсим мекунанд, то савияи ҳуқуқии онҳоро баланд бардоранд.

Вале Аюб Эгамов, корманди як маркази ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, муҳоҷирин танҳо дар чанд манотиқи Русия, ки хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон намоянда дорад, метавонанд ба ин гуна кӯмаки ҳуқуқӣ умед банданд. Ба назари вай, бояд масъулияти ироаи кӯмаки таъҷилӣ бар дӯши ҳамин ниҳод гузошта шавад. Чунки бисёр мардикорони тоҷик дар ҳолатҳои изтирорӣ намедонанд аз куҷо ва кӣ мадад ҷӯянд.

Иштирокдорони сӯҳбати мизи гирд дар Хуҷанд аз зарурати танзими фаъолияти ҳама хадамот ва ниҳоду созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар дохили кишвар ва берун аз он, ки масъулияти матраҳ ва расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирини кориро доранд, таъкид намуданд. Масалан, ба шакли як шӯрои ҳамоҳангсоз ва ё мисли ин як ниҳоди дигар. Мушкиле, ки сари ҳалли он чанд сол инҷониб дар Тоҷикистон дар ҷаласаву нишастҳои мақомот ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ сари он баҳс меравад, вале ҳанӯз роҳҳали худро пайдо накардааст.
XS
SM
MD
LG