Узбакистон хати барқи ягонаи худ бо Тоҷикистонро дар ин қисмат бурида, сабабашро тавзеҳ надодааст. Бинобар хабарҳои расида аз ин маҳал, дар ин рӯзҳои сард тамоми манзилҳои сокинон, муассисаву идораҳои Зарнисор бебарқ монда, одамон наметавонанд ҳатто аз телефонҳои мобилии худ истифода кунанд.
Масъулини идораи шабакаи барқи Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи душанбеи 8–уми феврал гуфтанд, ки ба кашидани хати нави мустақими барқ аз Мастчоҳ ба шаҳраки Зарнисор шурӯъ кардаанд. Корхонаи муштаракаи маъдани Тоҷикистону Чин дар ин шаҳрак яке аз корхонаҳои бузург ва фаъол дар шимоли Тоҷикистон ҳисоб меёбад, аз ин ҷиҳат бо барқ таъмин намудани онро мақомот муҳим арзёбӣ мекунанд.
Саттор Файзиев, сармуҳандиси идораи мазкур, гуфт, хати нави барқи Мастчоҳ–Зарнисор рӯзҳои наздик бунёд хоҳад гашт. Вай афзуд, ки панҷ гурӯҳи кормандони барқ шабонарӯзӣ ба кашидани ҳудуди 2 километр хати нави барқ ва таъмиру тармими хати кӯҳна машғуланд.
Ба гуфтаи масъулини идораи шабакаи барқ, шаҳраки Зарнисор ва чанд деҳаи атрофи он дар шабонарӯз аз Узбакистон тақрибан 150 ҳазор киловатт/соат нерӯи барқ мегирифтанд.
Саодатхӯҷа Солеҳзода, як сокини Суғд, ки аз шаҳраки Зарнисор баргаштааст, мегӯяд, аз бебарқӣ ягона корхонаи маъдани ин маҳал аз фаъолият боистода, низоми зиндагии сокинон, кори муассисаву идораҳо ва корхонаҳоро барҳам задааст. Вай афзуд, ки сокинон аз бебарқӣ наметавонанд ҳатто телефонҳои мобилии худро фаъол созанд ва бо олами берун алоқа кунанд.
Узбакистон дар ҳоле хати барқи худро аз шаҳраки Зарнисор бурид, ки чанд рӯз пеш сарвазири ҳукумати ин кишвар бо ирсоли як нома унвонии ҳамтои тоҷикаш нигарониҳояшро аз бунёди нерӯгоҳи Роғун баён дошт.
Коршинос Тилав Расулзода чунин иқдомро гоми навбатии Узбакистон барои ҷудо кардани системаҳои барқиаш аз Тоҷикистон медонад. Вай афзуд, «Узбакистон мехоҳад нишон диҳад, ки метавонад бо чунин роҳҳо ба Тоҷикистон фишор орад. Аз сӯи дигар ғолибан афзудани ниёзмандиҳои дохилиаш ба нерӯи барқ дар зимистон ба ин кор водор кардааст».
Бар пояи маълумоти идораи шабакаи барқи Суғд, баъди он, ки моҳи ноябри соли гузашта шимоли Тоҷикистон бо шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст гашт, бинобар мушкилоти фаннӣ танҳо навоҳии минтақаи Зарафшон, ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳраки Зарнисор аз он берун монданд. Барои ин манотиқ дар шабонарӯз ҳудуди 2–2.5 миллион киловатт соат нерӯи барқ бо нархи 4.2 сент аз Узбакистон харидорӣ мешавад.
Аммо ба гуфтаи мутахассисини ин ниҳод, бунёди хати барқи Мастчоҳ–Зарнисор низ вобастагии ин маҳалро аз нерӯи барқи Узбакистон пурра поён нахоҳад дод, зеро минтақаи Мастчоҳ низ ба навбати худ ба шабакаи ягонаи барқи Тоҷикистон пайваст нашудааст.
Масъулини идораи шабакаи барқи Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи душанбеи 8–уми феврал гуфтанд, ки ба кашидани хати нави мустақими барқ аз Мастчоҳ ба шаҳраки Зарнисор шурӯъ кардаанд. Корхонаи муштаракаи маъдани Тоҷикистону Чин дар ин шаҳрак яке аз корхонаҳои бузург ва фаъол дар шимоли Тоҷикистон ҳисоб меёбад, аз ин ҷиҳат бо барқ таъмин намудани онро мақомот муҳим арзёбӣ мекунанд.
Узбакистон мехоҳад нишон диҳад, ки метавонад бо чунин роҳҳо ба Тоҷикистон фишор орад. Аз сӯи дигар ғолибан афзудани ниёзмандиҳои дохилии Узбакистон ба нерӯи барқ дар зимистон ба ин кор водор кардааст ...