Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз 5 узви ҲИУ дар Истаравшан


Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар пайи як амалижти вижа дар ноҳияи Истаравшан Исроил Ҳоҷиев ва Насим Ҳоҷиев -зодагони ҷамоати Пошкент, Далер Сафаров, Хушбахт Маъмуров ва Суҳроб Аюбов - сокинони шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон дастгир шудаанд.

Аксари ин афрод якчанд сол боз ба тарғиби ақоиди созмони мамнуи ҲИУ дар минтақа машғул будаанд. Нисбати ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Раҳбари ин бахши ҲИУ Дилшод Раҳимови 23-сола унвон мешавад, ки дирӯз дар Истаравшан боздошт шуда буд.

Таҳлилгарон бо ишора ба ҳодисаҳои пайвастаи боздошти пайравони ҲИУ дар шимоли Тоҷикистон, аз густариши фаъолиятҳои ин созмон дар Тоҷикистон ҳадс мезананд.

Бар тибқи иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, дар давоми ду ҳафтаи ахир дар вилояти Суғд 15 нафар бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мазҳабии мамнӯъи ҲИУ боздошт шуданд.

Баъзе аз ин боздоштҳо даргириҳои мусаллаҳ бо пайравони ин ҳаракатро дар пай дошт. Моҳи октябр дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ду амалиёти нерӯҳои интизомӣ алайҳи афроди марбут ба ҲИУ сурат гирифт, ки бар асари он 5 шӯришӣ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG