Рокия Абдуллоева, сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, мегӯяд, бо гузашти як сол аз баргузории интихоботи вакилони парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, вай боре ҳам вакили худро надида ва намешиносад. Вай бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти фаровон дар рӯзгори ҷавонони минтақа афзуд, ҳарчанд вакилони ҷавон ҳам шомили маҷлисҳои маҳаллӣ ҳастанд, аммо онҳо амалан талоши кофӣ барои мусоидат дар ҳалли ин масъалаҳо ба харҷ намедиҳанд.
Хонум Абдуллоева ба унвони мисол аз омӯзгорони ҷавони бехона, ки дар макотиби дурдаст ва дар шароити сангин кор мекунанд, ном бурд, ки муроҷиатҳои батакрорашон ба маҷлиси вакилон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ, нодида гирифта мешавад.
Худи Рокия ҳам дипломи омӯзгорӣ дорад, аммо маҳз ба сабаби набуди шароити кор ва пуштибонӣ аз сӯйи мақомоти давлатӣ, тарки кори мактаби деҳааш карда, ҳоло дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки вакилони ҷавони маҷлисҳои маҳаллӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, дар як соли ахир ба ҳалли чандин мушкили интихобкунандаҳои ҷавони худ даст ёфтаанд. Фирӯза Шарифова, ягона вакили ҷавон дар маҷлиси вилояти Хатлон аз ноҳияи Восеъ, мегӯяд, дар зарфи фаъолияти вакилияш 39 дафъа бо раъйдиҳандагон мулоқот анҷом дода, 16 муроҷиати ҷудогонаю дастаҷамъонаи онҳоро дарёфта ва ба мушкилоташон расидагӣ кардааст.
Аммо танҳо вакили ҷавон дар маҷлиси вилоятӣ гуфт, дар сурати таҳкими иртиботи ҷавонон бо вакилони худ, имкони роҳҳал пайдо кардани мушкилоти ҷавонон бештар мешавад.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари маҳаллӣ Комрон Барфиев, ки дар 25-солагияш намояндаи мардум дар маҷлиси вакилони шаҳри Қӯрғонтеппа интихоб шуда буд, мегӯяд, азбаски раиси маҷлиси вакилон раиси шаҳр ё ноҳия ва аксари вакилон кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ мебошанд, маъмулан, ба вакилони ҷавон имкон намедиҳанд, то мушкилоти рӯзгори ҷавононро дар маҷлисҳо масъалагузорӣ кунанд.
Ҳоло Комрон 31 сол дорад, аммо мегӯяд, агар як сабаби дубора пешбарӣ накардани номзадиаш ба вакилӣ, мушкилоти сунъиэҷод аз сӯйи бархе мақомот бошад, ҳамзамон вай мушоҳида кардааст, ки ҷавонон ва дар маҷмӯъ интихобкунандаҳо, ба тавонмандии вакилони худ дар ҳалли мушкилоташон эътимод надоранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки вакили маҷлиси вилоятӣ Фирӯза Шарифова мегӯяд, шумораи вакилони ҷавон дар маҷлисҳои маҳаллии минтақа дар қиёс бо панҷ соли пеш бештар шудааст. Ба иддаои ӯ, ин рақам гувоҳи афзудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба арсаи сиёсат буда, ҷавонон мехоҳанд намояндагии ҳарчи бештаре дар парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилон дошта бошанд.
Бар асоси иттилоъи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, дар миёни 41 вакили ҷавони маҷлисҳои маҳаллии ноҳиявӣ ва вилоятӣ дар Хатлон, 28 мард ва 13 нафарашон зан будаанд.