Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти рӯбарӯи раиси вилояти Суғд бо мардум


Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ҳангоми сӯҳбат бо сокинони шаҳри Хуҷанд
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ҳангоми сӯҳбат бо сокинони шаҳри Хуҷанд

Қоҳир Расулзода, раҳбари вилояти Суғд бо сокинони шаҳру навоҳии ин вилоят мулоқоти рӯбарӯ анҷом дод.

Ин мулоқоти ҷаноби Расулзода рӯзи 12-уми май дар боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ки дар он садҳо сокини вилоят дар канори раҳбарони идораву ниҳодҳои давлатӣ иштирок карданд.
Ба гуфтаи сокинон, барои аввалин бор аст, ки як мақоми аввали ҳукумати вилояти Суғд бо онҳо рӯ ба рӯ шуда, арзи дилашонро гӯш мекунад ва ба раҳбарони идораҳо дастур медиҳад, то ба мушкили онҳо расидагӣ кунад...


Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо сокинон аз майли бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави фаъолияташон мамнӯъ изҳори нигаронӣ кард ва сокинонро барои мубориза бо онҳо даъват намуд.

Вай гуфт: "Қисми муайяни ҷавонон ба зоҳирпарастиву хурофот дода шуда, ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Ҷамоатчигӣ дар баъзе ҳолатҳо ба бетарафӣ роҳ дода, мавқеи шаҳрвандии худро нисбат ба чунин афрод баён наменамоянд. Чунин муносибат ва бетарафии ҳамаи мову шумо оқибатҳои нохуш дар пай оварданаш мумкин аст. Агар аз сокини оддӣ то раҳбарон ба ин масъала бетарафӣ кунем, ин идома меёбад."

"САДДИ ЧИНӢ"


Раиси вилояти Суғд дар идомаи суханронии худ аз ҳамлаи террористии соли гузашта ба бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар Хуҷанд ҳам ёдовар шуд.

Вай гуфт, як нафари дастдошта дар ин ҳамлаи интиҳорӣ ё маргталабона, сокини шаҳри Хуҷанд буда, дар яке аз маҳаллаҳои маркази вилоят ба сар мебурд, вале то вуқӯи ин ҳодиса касе аз кору фаъолияти ӯ ва ҳаммаслаконаш огаҳӣ надошт.

Аз сӯи дигар, Қоҳир Расулзода дар суханронии тӯлонии худ қабл аз сӯҳбаташ бо сокинон мансабдоронро барои эҷоди "садди чинӣ" дар муносибат бо сокинони оддӣ, авҷи фасоди молӣ дар бархе аз муассисаву идораҳои давлатӣ танқид кард.

Дар аснои суолу ҷавоб бо раиси вилояти Суғд

"КАСЕ ОМАД, ҚАБУЛ КУНЕД"

Ба ақидаи раҳбари ҳукумати Суғд, бепарвоии раҳбарони идораву муассисаҳои давлатӣ дар қабул ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон боис ба норизоии сокинон аз фаъолияти мақомот мегардад.

Ҷаноби Расулзода гуфт, "баъзе раҳбарони муассисаву идораҳо ба қабулгоҳи худашон дастгоҳҳои назорати видеоӣ гузоштаанд. Мебинанд, ки кӣ омадааст. Касеро, ки мехоҳанд, қабул мекунанд, касеро, ки нахостанд, аз паси дар бозмегардонанд. Ҳол он ки касе омад, шумо бояд қабул кунед."

Cокинони Хуҷанд назди раиси вилоят масъалаҳои иҷтимоии худ, мисли дарёфти ҷойҳои корӣ, манзил ва замин, ёрии тиббӣ, боло бурдани маблағи нафақа, танзими нархи маводи ғизоӣ дар бозор, дастгирии занони танҳо ва ҳатто пуштибонии фарзандонашон барои таҳсил дар мактабҳои олиро матраҳ карданд.

МУШКИЛИ СОКИНОН

Дар зимн, ин гуна мушкилот домангири қисмати аслии сокинони беш аз ду миллионнафарии вилояти Суғд аст. Қисмати бештари мардони қобили кор маблағи зист барои аҳли хонадони худро аз мардикории Русияву кишварҳои дигар ба даст меоранд.

Аз ҷумла Осим Деҳқонбоев, як сокини шаҳри Хуҷанд, гуфт: "Ман нафақахӯр, нафақаам ҷудо ҳам кам, 90 сомонӣ, набераам, ки парараш вафот кардагӣ, 40 сомонӣ нафақа мегирад, зиндагиамон бисёр сахт. Касе намепурсад, ки чи хел зиндагӣ мекунӣ, ба чӣ кор машғулӣ?"

Вале қисмати умдаи иштирокдорони мулоқот муаллимони мактабҳои миёнаву олӣ, табибон ва кормандони дигар муассисаву идораҳои давлатӣ буданд, ки бо тақозои раҳбаронашон ҳозир шуда буданд.

"ЗАМИН НЕСТ, КОР НЕСТ..."

Дар тӯли фурсате, ки барои ин сӯҳбат муайян шуда буд, на ҳама сокинон тавонистанд аз мушкили худ ба раҳбари вилоят бигӯянд.

Як сокини Хуҷанд гуфт: "Намедонам, ҳамаи ин гапҳоро, ки гуфтанд, иҷро мешавад ё не Аз соли 1992 боз духтарам ба дари ҳукумат барои замингирӣ рафта мебиёяд, аммо ба ӯ замин намедиҳанд. Даҳ сол боз бо се кӯдакаш иҷора мешинад. Шавҳараш нест, вай дар Русия. Ман хостам арзи худамро гӯям, аммо фишорам баланд шуду баргаштам."

Мусоҳиби дигари мо, Анварҷон, як марди миёнсоли хуҷандӣ мегӯяд, "кор нест, ҳама бекор. Ин ҷо ҳама дарди дили худро мегӯянд, аммо барои ҳама мушкил ҳал намешавад. Саноатро тараққӣ диҳанд, корхонаҳои нав созанд ё кӯҳнаҳояшро ба кор дароранд, ки мардикорон ҷойи кор пайдо кунанд."

НАЗАРИ КОРШИНОС

Ҷӯра Юсуфӣ, муовини сардабири нашрияи "Варорӯд"
Ба гуфтаи сокинон, барои аввалин бор аст, ки як мақоми аввали ҳукумати вилояти Суғд бо онҳо рӯ ба рӯ шуда, арзи дилашонро гӯш мекунад ва ба раҳбарони идораҳо дастур медиҳад, то ба мушкили онҳо расидагӣ кунад.

Ҷӯра Юсуфӣ, муовини сардабири нашрияи "Варорӯд", мулоқоти раиси вилояти Суғд бо сокинонро аз он нигоҳ, ки дар фазои фошу ошкоргӯӣ баргузор гашт, муҳим медонад.

Вай гуфт, "ошкор гашт, ки аксар вақт мақомоти давлатии шаҳру навоҳӣ дар баррасии арзу шикояти мардум бепарвоӣ мекунанд ва сокинон маҷбур мешаванд, ки масъалаҳову мушкилоти хурди худро низ ба мақомти ҳукумати вилоятӣ арз кунанд."

XS
SM
MD
LG