Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урунбой Усмонов: "Амири Ҳизби Таҳрир тӯҳмат мекунад..."


Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ пас аз раҳоияш аз боздоштгоҳ. 15 июли соли 2011
Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ пас аз раҳоияш аз боздоштгоҳ. 15 июли соли 2011

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ, гуфт, дидору мулоқоти ӯ бо Шариф Ёқубов, "амири Ҳизби Таҳрир", барои тарғиб ва ҳамкорӣ набудааст.

Ин дар ҳолест, ки Шариф Ёқубов дар баёноти худ гуфтааст, бо Урунбой Усмонов баҳори соли гузашта мулоқот дошта ва ба ӯ маҷаллаи "Субҳи хилофат"-ро додааст.
Боз ҳам дар ин мурофиа сардори Раёсати амнияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси шоҳид ҳозир нашуд...


Ҷаноби Ёқубов, сокини 43-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз ӯ ба унвони "амири Ҳизби Таҳрир" низ ном бурда мешавад, моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ боздошт гардида буд.

Вале хабарнигори Би-би-сӣ ин баёнияи "амири Ҳизби Таҳрир"-ро рад кард ва гуфт, ҳеҷ гоҳ аз Шариф Ёқубов маҷалла нагирифтааст ва ҳам садои ӯро дар гузориши худ истифода накардааст. Ӯ афзуд, "қурбони дасисаҳои Ҳизби Таҳрир" шудааст ва нуктаҳои асосӣ дар баёноти Ёқубов дар ҳаққи вай тӯҳмате беш нест.

Файзиннисо Воҳидова
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Усмонов пас аз анҷоми мурофиа гуфт: "Дар баёноти Шариф Ёқубов ва Урунбой Усмонов мухолифатҳои ҷиддӣ ҷой дорад. Мутобиқи банди 14-и Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Тоҷикистон, модоме ки то ҳанӯз мухолифатҳо бартараф нашудааст, он бар фоидаи айбдоршаванда ҳал карда мешавад."

Ҳамин тавр, дар мурофиаи додгоҳии парвандаи Урунбой Усмонов, ки баъд аз тақрибан як моҳи танаффус сурат гирифт, баёноти се шоҳид, ки бо сабабҳое ба додгоҳ ҳозир нашудаанд, қироат шуд.

Дар мурофиаи Усмонов дар толори додгоҳи вилояти Суғд Тревер Мур, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, намояндагони САҲА дар Хуҷанд, намояндаи НАНСМИТ ва чанд нафар аз хабарнигорони расонаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.

Сафири Бритониё (мобайн) дар назди бинои додгоҳи Хуҷанд
Аммо бо ин ҳол, дар ин мурофиа Эраҷ Давлатов, сардори Раёсати амнияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси шоҳид дар толори додгоҳ ҳозир нашуд. Ба гуфтаи раиси мурофиа, вай дар сафари хидматӣ қарор доштааст.

Вакилони мудофеи Усмонов аз додгоҳ талаб карданд, ду хабарнигоре, ки дар рӯзҳои аввали боздошти Усмонов бо ӯ мулоқот карданд, рӯзи 20-уми сентябр ба толори додгоҳ даъват карда шаванд, то ҳақиқати нишони зарбу лат дар чеҳраи Усмонов замони мулоқот бо онҳо дақиқ карда шавад. Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ӯро дар боздоштгоҳ, бахусус шабонарӯзи аввал мавриди озору шиканҷа қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG