Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гувоҳии журналистон дар муҳокимаи Усмонов


Ҷаласаи нави додгоҳ ба қазияи боздошт ва шиканҷаи хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмонов баъзе рӯшаниҳо андохт.

Ленура Мустафоева, хабарнигори торнамои Pressa.tj ва Илҳоми Ҷамолиён, раҳбари созмони журналистони вилояти Суғд дар муҳокима баёнот доданд.

Ленура Мустафаева гуфт, ба мақсади навиштани матлабе рӯзи рӯзи 17 – уми июн, пас аз чаҳор рӯзи боздошти Усмонов бо вай ва ду айбдоршаванда: Абдунабӣ Абдуқодиров ва Яҳё Раҳмонхоҷаев дар боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Суғд дар шаҳри Хуҷанд мулоқот ва сӯҳбат дошт. Дар матлаби нашркардаи хонум Мустафоева дар Pressa.tj Урунбой Усмонов
Файзинисо Воҳидова

узви Ҳизб-ут-таҳрир, ҳатто болотар аз як узви қаторӣ номида шудааст. Ин дар ҳолест, ки Абдунабӣ Абдуқодиров дар додгоҳ худро аз раҳбарони ин ҳизб дар вилояти Суғд номидааст.

Мустафоева гуфт, барояш дар боздошт қарор доштани Усмонов ва ҳарфҳои айбдоршавандаҳо кофӣ буд, хабарнигори Би-би-сиро мансуб ба ҳизби тундрав эълон кунад.

Шӯрои васоити ахбори оми Тоҷикистон дар як баёнияи худ моҳи июл навиштаи Мустафоеваро хилофи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ карда буд.

Усмонов дар толори додгоҳ вохӯрӣ ва сӯҳбаташ бо Мустафоеваро воқеӣ, аммо матлаби ба нашрдодаи ӯро саропо иборат аз дурӯғу буҳтон номид.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Усмонов баъд аз анҷоми мурофиа гуфт, амалкарди хабарнигори маҳаллӣ, ки бидуни ҳукми додгоҳ зерҳимояи ӯро гунаҳкор эълон кард, ба қолабҳои қонунӣ ва инсонӣ рост намеояд: «Вай дар мурофиаи додгоҳӣ, мутаассифона, бори дигар изҳор намуд, ки дар курсии айбдорӣ экстремисту террористон нишастаанд ва вақти вохӯриву суҳбаташ дид, ки бо онҳо дар боздоштгоҳ хеле хуб муносибат мекарданд ва онҳо хурсанд ба назар мерасиданд. Чунин ба назар мерасад мақомот ӯро махсус барои гунаҳкор эълон кардани Усмонов ва пахши иттилоъоти бардурӯғ даъват карда буданд.»

Раҳбари созмони журналистони вилояти Суғд, Илҳоми
Илҳоми Ҷамолиён

Ҷамолиён, ки рӯзи 18-уми июн бо дастури Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон бо Усмонов мулоқот доштааст, низ дар додгоҳ ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шуд. Вай гуфт, дар воқеъ вақти мулоқот дар рӯи Усмонов доғеро мушоҳида кард, аммо на асари зарбу лат, балки асари синнусол пиндошт ва ҳоло мебинад, ки ин доғ дигар нест. Усмонов гуфт, чун мулоқот таҳти назорати гурӯҳи кормандони кумитаи амният анҷом мегирифт, танҳо ба он доғи рӯи худ ишора кард, аммо наёрист мавриди латукӯб қарор доштани худро ба забон орад.

Мурофиаи рӯзи 20-уми сентябр то ҳадде санаи боздошти Усмоновро низ ошкор сохт, ки 13 июн аст, чун Мустафоева бо вай 17 июн, баъди чор рӯзи боздошташ мулоқот кардааст. Вакилони дифоъ дар додгоҳ то кунун талош доранд ба исбот расонанд, ки Усмонов асосан дар шабонарӯзи аввали боздошташ, аз 13 ба 14-уми июн лату кӯб шудааст. Аммо раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар номае ба додгоҳ санаи боздошт ва интиқоли Усмонов ба боздоштгоҳи ин ниҳодро боз ҳам 14 – уми июн гуфтааст.

Бо ин рӯшаниҳои нисбӣ муҳокимаи Усмонов ба марҳалаи ниҳоӣ ворид шуда, додгоҳи вилояти Суғд эълон кард, субҳи рӯзи чоршанбеи 21-уми сентябр музокираи ҷонибҳои айбдоркунанда ва дифоъ сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG