Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиканҳои “Зарафшон” ба мақсад расиданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар пайи коршикании коргарони ширкати тилои “Зарафшон” маоши онҳо то 50 дарсад боло рафтааст.

Бобосафар Неъматов, яке аз кормандони ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта 100 доллар моҳона мегирифт ва ҳоло маоши ӯ ба 150 доллар баробар шудааст.

Ӯ афзуд, раҳбарони корхона ваъда додаанд, ки моҳонаи онҳоро рӯзҳои наздик пардохт хоҳанд кард. Ҳамчунин, раҳбарияти корхона ваъда додааст, ки баробари ба кор андохтани бахши нави истеҳсоли тило маоши кормандонашро боз ҳам боло хоҳад бурд.

Ҳабибулло Ёров, мудири асосии корхонаи муштараки истеҳсоли тилои “Зарафшон” дар сӯҳбати телефонӣ ин хабарро таъйид кард ва афзуд: “Музди миёнаи коргарон 21-22 фоиз зиёд карда шуд. Фоизҳои иловагӣ аз моҳи апрели соли равон, яъне барои 6 моҳ ҳисоб карда, ба коргарон пардохта мешавад.”

Ин масъули корхонаи “Зарафшон” дар шарҳи суханони худ гуфт, ба коргароне, ки аз 8 соат зиёд кор мекунанд, музди иловагӣ пардохта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Бобосафар Неъматов, мусоҳиби мо мегӯяд, аксари кулли коргарони корхонаи “Зарафшон” бо хоҳиши худ дар як баст 11 соат кор мекунанд: “Барои 3 соати иловагӣ корхона ба мо ду-се баробар зиёд аз соати муқаррарӣ, яъне баробари як рӯзи корӣ пул медиҳад. Барои ҳамин, ҳама бо ризояти худ иловагӣ кор мекунем.”

Ӯ афзуд, бо вуҷуди боло рафтани моҳона дар таъмини рӯзгорашон танқисӣ мекашанд ва аз ин рӯ довталабона аз меъёри 8-соата зиёд кор мекунанд, то музди зиёдтаре ба даст оваранд.

Бино бар гуфтаи мудири корхонаи муштараки тоҷикиву чинии “Зарафшон" дар Панҷакент, дар ин корхонаи тавлиди тилло ҳоло наздики 2 ҳазор коргар кор мекунанд ва маоши ҳадди ақали онҳо тақрибан 500 сомонӣ аст. Дар ҳафтмоҳаи аввали соли ҷорӣ маоши миёнаи кормандони ин корхона беш аз ҳазор сомонӣ будааст.

Аммо бо ин ҳол, ба гуфтаи раҳбарияти корхонаи “Зарафшон”, танҳо маоши коргарони доимии корхонаи тиллои “Зарафшон”, ки ба тариқи шартномавӣ кор мекунанд, боло рафта ва дастмузди коргарони соатбаъй бетағйир боқӣ мондааст. Масъулини корхона мегӯянд, ҳудуди 200 нафар ба таври соатбаъй ба корҳои зеризаминӣ ҷалб карда шудаанд ва ин гуна коргарон барои як соати кор 1 сомониву 80 дирам ё 2 сомонӣ музд дарёфт мекунанд.

Ҳанӯз дар нимаи аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳудуди 1 ҳазору 500 коргари корхонаи тавлиди тилои “Зарафшон" дар Панҷакент ба корпартоии умумӣ даст зада, аз раҳбарони ин корхона тақозо карданд, то моҳонаашонро зиёд ва шароити кориро беҳтар кунанд.

Корхонаи муштараки “Зарафшон”, воқеъ дар Панҷакент бузургтарин корхонаи тавлиди тилои Тоҷикистон аст, ки 75 дарсади саҳмияҳои он ба кишвари Чин ва 25 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Аз соли 1994 то соли 2007 қисмати бештари саҳмияҳои ин корхона ба ширкати бритониёии “Commonwealth & British Mineral Ltd” тааллуқ дошт. Баъдан онро ширкати чиноии тавлиди тило - “ZiJin Mining Group Co.Ltd” харидорӣ кард.

Бар пояи маълумоти расмӣ, дар соли 2010 корхонаи тавлиди тилои “Зарафшон” 1 ҳазору 100 кило тило истеҳсол кардааст.
XS
SM
MD
LG