Саҳмдорони ин бозор, воқеъ дар канори Хуҷанд, як сол инҷониб дар интизори боз шудани он ба сар мебаранд.
Собир Ҳасанов, як соҳибкори хуҷандӣ, гуфт, барои бунёди бозори нав масолеҳи сохтмон дод, аммо то ҳол раҳбарияти бозор 5 ҳазор сомонӣ маблағи ӯро пардохт накардааст. Ин соҳибкор мегӯяд, "ҳар дафъа ваъда мекунанд, ки пули маро медиҳанд. Аммо ба қавлашон вафо намекунанд."
Як соҳибкори дигар гуфт, чун муомилоти молии миёни ӯ ва раҳбарияти бозор бо ёрии додситонӣ ба марҳилаи ҳал ворид шудааст, намехоҳад ҷузъиёти онро баён кунад.
Ба гуфтаи вай, гӯиё додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бозори "Суғдиён" дар қаламрави он ҷойгир аст, дар пайи шикояти соҳибкорон нисбат ба раҳбари бозор парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Вале як манбаи наздик ба додситонии ноҳияи Ғафуров, ки нахост номаш ифшо шавад, ин гуфтаро нодуруст номид. Вай дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки "шикояти саҳмдорони бунёди бозор дар додситонӣ таҳти бозомӯзӣ қарор гирифта, ба далели пинҳон доштани сирри тафтиш, наметавонад ҷузъиёти онро бозгӯ кунад."
Сабзалӣ Раҳмонов, сардори шӯъбаи тиҷорат ва савдои бозори тозабунёди "Суғдиён", дар шарҳи ин баҳс гуфт, раҳбарияти бозор аз оғоз бо гурӯҳҳои сохтмончиён ва соҳибкорон қарордод дошт, ки ҳаққи кор ва маблағи моли онҳоро баъд аз ифтитоҳи бозор пардохт хоҳад кард.
"Аммо чун кор ба таъхир афтод, ҳудуди 8 нафар соҳибкор ва сохтмончӣ ба додситонӣ шикоят бурдаанд, ба онҳо аз 1- 1,5 ҳазор то 65 ҳазор сомонӣ маблағҳои вом пардохта шудааст",-гуфт ӯ. Ҷаноби Раҳмонов илова кард, "аз рӯи арзи онҳо додситонӣ тафтишот оғоз карда буд. Мо ба ҳар як аз қарзхоҳ маблағҳояшонро дода, аз онҳо дар ин бора забонхат ҳам гирифтем."
Маъмурони бозори "Суғдиён" дар навбати худ аз саҳмдорон гила карданд, ки ба ваъдаи онҳо бовар накарда, мушкили худро то ба додситонӣ кашондаанд. Ба гуфтаи онҳо, бархе аз сохтмончиён аз бими он ки маблағи худро гирифта наметавонанд, кори худро пурра ба охир нарасонида рафтаанд, аммо аз додситонӣ пурра рӯёнидани дастмуздҳои қарордодии худро талаб кардаанд.
Ҳаким Абдуллоев, раҳбари кулли бозори "Суғдиён", мегӯяд, маблағи ҳар касе, ки барои бунёд ва ободии ин бозори замонавӣ пардохт шудааст нахоҳад "сӯхт" ва соҳибони онҳо бо фаъол шудани бозор суд хоҳанд бардошт.
Бо ин ҳама, бозори нав, ки садҳо нафар ба умеди гардиши сармояҳои худу пайдо кардани ҷойҳои корӣ интизори боз шудани он ҳастанд, кай фаъол хоҳад шуд? Дар посух ба ин суол ҷаноби Абдуллоев гуфт, корҳои сохтмони бозор ниҳоӣ шудааст ва умедвор аст сар аз соли нав бозор ба кор оғоз бикунад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир 400 нуқтаи савдои бозор, ки ба саҳмдорон тааллуқ дорад, барои фаъолияти соҳибкорон омода шудааст.
Бозори навбунёди "Суғдиён", воқеъ дар ҷанубу ғарби Хуҷанд баъд аз бозори "Панҷшанбе" дуюмин бозори бузурге дар ин шаҳр хоҳад буд. Сохтмони он чанд сол қабл бо маблағи саҳмдорону соҳибкорон оғоз шуда, қарор буд, ки соли ҷорӣ ба кор шурӯъ кунад.
Рӯзи душанбеи 19-уми декабр аз бозори "Суғдиён" дидан кардем. Ҷойе, ки чанд сол пеш як дашти холӣ буд, дар он ҷо фурӯшгоҳҳои нав бунёд шудааст ва навиштаҷоти "Бозори Суғдиён" ҳам насб шудааст. Раҳбарияти бозор дар бораи ин ки барои бунёди бозори нав чӣ қадар маблағ сарф кардаанд, чизе нагуфтанд.
Бархе манобеи огоҳ аз қазия мегӯянд, дар бунёди он беш аз 4 ҳазор саҳмиядору бунёдкорон ва тоҷирон зери 3 миллион доллар ба харҷ додаанд. Вале ба ҷои гирифтани суд онҳоро кай ифтитоҳ шудани бозору гардиши сармояҳояшон нигарон кардааст.