Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шералӣ Достиев бе бохт дар бокси ҳирфаӣ


Шералӣ Достиев
Шералӣ Достиев

Шералӣ Достиев, муштзани тоҷик, се соли ахир тарки бокси ҳаваскорӣ карда, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бокси ҳирфаӣ зӯрозмоӣ мекунад.

Ибтидо ҳадафи Шералӣ аз сафар ба Амрико омӯзиши забони англисӣ буд, вале ҳунари муштзании ӯ аз сӯи мутахассисони бокс кашф шуд ва Шералиро ба бокси ҳирфаӣ даъват карданд. Аммо боз ҳам муҳаббати Шералӣ аз ҳар кори дигар ба муштзании ҳирфаӣ бештар аст ва идомаи рушди худро дар ин навъи варзиш мебинад.

Шералӣ Достиев, барои даҳумин рақобати худ дар бокси ҳирфаӣ омодагӣ мегирад ва тасмим дорад тобистони соли равон дубора ба Амрико баргардад ва мутмаин аст, ки заҳматҳои ӯ дар ин риштаи варзиш бесамар нахоҳад буд.
Шералӣ Достиев, меҳмони барномаи “Ҷаҳони варзиш”-и радиои Озодӣ буд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:20 0:00
Линки мустақим


Аз "Озодӣ": Шералӣ Достиев 12-уми январи соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз синни 13-солагӣ то ҳоло таҳти раҳбарии мураббӣ Абдурашид Мамадҷонов (мудири мактаби варзишии бачагону наврасони захоири олимпии рақами 2-и Душанбе) ба бокс машғул аст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов мебошад. Дар бокси ҳаваскорӣ барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (соли 2005), ғолиби Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ (2003), ҷоизадори мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни донишҷӯён (2006) буда, ду бор (солҳои 2004 ва 2008) дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ иштирок кардааст.
Ӯ аз соли 2009-ум дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ ширкат меварзад. Ҳамагӣ 9 қувваозмоӣ анҷом додааст ва дар ҳаштоаш пирӯз гашта, яктоашро мусовӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG