Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов: “Барои медали олимпӣ талош хоҳам кард”


Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон-2012 омодагӣ мебинад.

Ӯ соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 56 килограмм бо медали биринҷӣ сарфароз гашт ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон гардид.

Анвар дувумин бор соҳиби роҳхати олимпӣ шудааст. Вай соли 2008-ум дар Олимпиадаи Пекин дар вазни то 51 килограмм байни панҷ муштзани беҳтарини дунё ҷойгир шуда буд. Ӯ, инчунин, порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Инчҳони Куриёи Ҷанубӣ медали тилло ба даст овард.

Бар асоси назархоҳии хабарнигорони варзиши кишвар Анвар Юнусов беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2011-ум эълон шудааст.

Бо ин муштзани моҳири тоҷик, устоди дараҷаи байналмилалӣ Анвар Юнусов дар тамрингоҳаш – толори бокси мактаби миёнаи рақами 37-и шаҳри Душанбе ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ гуфт, “ман 1-уми феврали соли 1987 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаам. 11 сол инҷониб таҳти роҳбарии мураббиам Мирзо Шамсиев ба бокс машғулам. Аввал мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ва соли 2008 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардаам. Муҷаррад мебошам ва ҳамроҳи волидайнам дар Душанбе ба сар мебарам.”

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00
Линки мустақим


Анвар Юнусов дар ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Чин, Туркия, Тайланд, Озарбойҷон, Куриёи Ҷанубӣ ва Русия шарафи кишварро муваффақона ҳимоя кардааст.

Ӯ мегӯяд, «орзуи ман ба даст овардани медали олимпӣ мебошад. Барои ноил шудан ба ин мақсади худ дар айни ҳол аз рӯи барномаи махсуси тартибдодаи устодам тамрин мекунам. Ният дорам, ки то Олимпиадаи Лондон дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ ширкат намоям. Мо, варзишгарони тоҷикро, иқдоми раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондонро бо мукофоти пулӣ ба маблағи аз 200 то 300 ҳазор сомонӣ сарфароз хоҳад кард, рӯҳбаланд намуд. Ин аввалин иқдом пеш аз Бозиҳои олимпист ва барои варзишгарони тоҷик маблағи калон аст.”

Ба гуфтаи Анвар Юнусов, ӯ барои дастовардҳои бузургаш дар сабқати ҷаҳониву қитъавӣ порсол аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мошини сабукрави тамғаи “ВАЗ-07” сарфароз шудааст. Вай ҳар моҳ аз Кумитаи миллии олимпии кишвар ба маблағи 500 доллари амрикоӣ стипендия ё идрорпулии олимпӣ мегирад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:04 0:00
Линки мустақим


Анвар мегӯяд, рақибони аслиаш дар вазни то 56 килограмм зӯртарин муштзанҳои ҷаҳон аз Русия, Куба, Ирландия ва Инглистон мебошанд. Вай афзуд, «ман ва устодам аллакай ҳамаи рақибони худро медонем. Онҳоро ҳамаҷониба меомӯзем ва тибқи нақшаи тартибдодаамон амал хоҳем кард. Мураббиам ҳамроҳи ман дар мусобиқот ширкат меварзад ва хатоҳоямро мегӯяд, бинобар ин ба натиҷаҳои хуб ноил мешавем.»

Дар талоши медали олимпӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00


Анвар Юнусов имсол дар бокси ҳирфаӣ дар сабқати WSB (Cилсилаи ҷаҳонии бокс) дар ҳайати бошгоҳи “Динамо”-и Маскав се пирӯзӣ ба даст овард ва дар як қувваозмоӣ мағлуб шуд. Бошгоҳи «Динамо” ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар ҳайати “Динамо” дар қувваозмоиҳои ҳалкунанда, ки нимаи дувуми моҳи март баргузор мешаванд, ширкат хоҳад кард.

Ӯ мегӯяд, “ман бар асоси қарордод бо бошгоҳи “Динамо” то моҳи май дар шаҳри Маскав тамрин мекунам, дар мусобиқот ширкат меварзам ва ҳамзамон ба Бозиҳои олимпии Лондон омодагӣ мебинам. Барои ҳар як ғалаба бошгоҳ ба ман 2 ҳазор доллар медиҳад. Агар мағлуб шавам, барои ширкат дар сабқат 500 доллар пардохт мекунад.”

Ҳамсӯҳбати дигари мо мураббии варзидаи бокс Мирзо Шамсиев, устоди Анвар Юнусов, ба радиои Озодӣ гуфт, “дар мавриди муносибати дуруст ба машқҳо ва ҷамъомади таълимиву тамринӣ мо метавонем ба он умед бандем, ки Анвар Юнусов барандаи медали олимпӣ хоҳад шуд.”

Вале ҷаноби Шамсиев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тамрингоҳи шогирдонаш - толори бокси мактаби миёнаи рақами 37-и шаҳри Душанбе ба талабот ҷавобгӯ нест. Хуб мебуд масъулини соҳа сари ин масъала андеша мекарданд ва барои муштзанҳое, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд, шароити хубтар фароҳам месохтанд.
XS
SM
MD
LG