Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзуна Чориева дар Осиё дувум шуд


Мавзуна Чориева
Мавзуна Чориева

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё гардид.

Сабқати қитъавӣ аз 16-ум то 26-уми март дар пойтахти Муғулистон -- шаҳри Улан-Батор баргузор шуд.

Мавзуна Чориева, ки ду соли пеш дар пойтахти Қазоқистон -- шаҳри Остона барои бори аввал ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта буд, ин дафъа дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило мақоми дуввумро касб кард.

Муштзани тоҷик дар даври аввал бар рақибаш Оҳ Юнжӣ аз Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 12:11 пирӯз шуд. Баъдан варзишгари муғул Ойингерел Сувд-Йерденро бо ҳисоби 26:16 шикаст дод. Дар даври ниманиҳоӣ бошад, бар Ким Йонг Хӣ аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 9:5 ғолиб омад.

Вале Мавзуна дар қувваозмоии ниҳоӣ аз намояндаи Ҳиндустон Дева Лайшрам Сарита бо ҳисоби 9:16 мағлуб гашт.

Мавзуна Чориеваи 19-сола донишҷӯи соли севуми Донишкандаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, мегӯяд, “мақсади ман ба даст овардани роҳхати олимпӣ мебошад. Бино бар ин, тамоми маҳорату қувваамро баҳри он сафарбар мекунам, ки моҳи май дар сабқати ҷаҳонӣ дар Чин муваффақ шавам.”

Ба гуфтаи Мирзо Шамсиев, устоди Мавзуна, муштзанҳое, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар се вазн - 51, 60 ва 75 кило ҷойҳои аз якум то ҳаштумро мегиранд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 мешаванд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:05 0:00
Линки мустақим


Мавзуна Чориева имкони хуби ба даст овардани роҳхати олимпиро дорад ва барои амалӣ шудани ин орзуи худ бо устодаш пайваста машқ мекунад ва ба сабқати ҷаҳони омодагӣ мебинад.

Навор аз бойгонии "Озодӣ": Мавзуна -- духтари орзуҳо

Мавзуна - духтари орзуҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
XS
SM
MD
LG