Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷик барои омӯзиши тахрибкорӣ дар Эрон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомот мегӯянд, як сокини Истаравшанро, ки солҳои навадум ба Эрон рафта, амалиёти низомӣ омӯхтааст, боздошт кардаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон як сокини шаҳри Истаравшанро, ки ба гуфтаи онҳо, солҳои навадуми қарни гузашта ба Эрон рафта, "амалиёти тахрибкориву корбарии маводи тарканда"-ро омӯхтааст, дастгир кардаанд.

Ҷӯрахон Кабиров, сардори шӯъбаи умури дохилии Истаравшан ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷамолиддин Саидшоев, сокини ҷамоати Нофароҷ, бо дархости додситонии низомӣ ё ҳарбии Тоҷикистон боздошт ва ба Душанбе интиқол ёфтааст. “Сарпрокуратураи ҳарбӣ соли 2002-юм нисбат ба 35 нафар парвандаи ҷиноӣ боз карда, баъд солҳои 2002-2003-юм онҳоро ҳабс мекунад. Моҳи январи соли 2002-юм нисбат ба Саидшоев Ҷамолидин парвандаи алоҳида боз мешавад. Вай ҳамроҳи бародараш гурехта рафта буд, худаш омад, дошта супоридем, тамом”,-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Сардори шӯъбаи умури дохилии Истаравшан гуфт, Ҷамолиддин Саидшоев дар хориҷ аз Тоҷикистон таълими ҳарбӣ гирифта, амалиёти тахрибкорӣ омӯхтааст. Ба қавли ӯ, ҳоло таҳқиқи парвандаи Саидшоевро сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон бар ӯҳда дорад ва пеш мебарад.

Ба гуфтаи манобеи вазорати умури дохилӣ, Ҷамолиддин Саидшоев ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марзҳои Қирғизистону Эрон айбдор шудааст. Манбаъ афзуд, Саидшоев дар Қирғизистон дарси дин ва дар Эрон роҳандозии амалиёти тахрибкорӣ ва истифода аз маводи таркандаро аз худ намудааст.

Фирӯз Ҳакимов, раиси шӯрои ҷамоати Нофароҷи Истаравшан, дар сӯҳбат ба мо гуфт, ҳамдеҳагонаш Ҷамолидин Саидшоеви 40-соларо аз аввали солҳои навади асри гузашта надида буданд ва дар бораи куҷо будану чӣ кор карданаш намедонистанд. "Вай тахминан 10-12 рӯз пеш ба шаҳри Истаравшан барои иштирок дар тӯйи хонадоршавии додараш омада буд, ки милисаҳо дастгир карданд. Аммо оилаи вай дар ҷамоати Нофароҷ зиндагӣ мекунад ва занаш гирифтори бемории рӯҳӣ аст”,-гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Ҷамолиддин ва бародараш Камолиддин хабар пахш кардааст. Аммо раиси ҷамоати Нофароҷ ба Озодӣ гуфт, ки мақомот танҳо бародари калонӣ Ҷамолиддин Саидшоевро дастгир кардаанд.

Мусоҳиби мо афзуд, Камолиддин Саидшоев, бародари Ҷамолидини боздоштшуда ва аҳли оилаи ӯро аз солҳои 92-93-юми қарни гузашта то кунун касе надида ва ба зодгоҳаш ҳам наомадааст.

Имсол мақомоти интизомӣ бори дуюм аз боздошти афроде, ки дар даҳаи ахири асри гузашта дар Эрон таълими ҳарбӣ гирифтаанд, хабар медиҳанд. Аввали соли ҷорӣ як сокини ноҳияи Мастчоҳ, Ғайбулло Файзиевро дастгир карданд, ки ба гуфтаи манобеи наздик ба тафтишот, ин фард нимаи аввали солҳои навадуми асри гузашта дар Эрон таълими ҳарбӣ гирифта, ба ватан баргаштааст ва соли 2002-юм додситонии ҳарбӣ алайҳи ӯ бо иттиҳоми даст доштан дар куштори чаҳор сокини Суғд парванда боз карда буд ва таҳти пайгарди ҷиноӣ қарор дошт.
XS
SM
MD
LG