Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори ҷойи кор бо маоши аз 100 то 300 доллар


Раёсати Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе бо таваҷҷӯҳ ба бозгашти садҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия ва ҳам пешигирии ҷавонон аз пайвастан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона 1400 ҷойҳои холии кориро пешниҳод кардааст. Мирзораҳмат Иброҳимов, сардори Раёсати оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Душанбе, рӯзи 21 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ярмаркае, ки имрӯз дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон баргузор шуд, бештар аз 50 корхонаву муассисаҳои тобеъи пойтахт ба корҷӯён 1371 ҷойҳои кории холиро бо музди маоши миёнаи 600 сомонӣ пешниҳод карданд.” Мирзораҳматов афзуд, бештари корҷӯён ҷавонон ва муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия буда ва ба гуфтаи ӯ аксаран ҷойи кор дар ихтисосҳои иқтисодчӣ, роҳсозӣ ва сохтмонро бартарӣ медиҳанд. Зеро мегӯяд ҳамсӯҳбати мо, маош дар ин соҳаҳо то ба 1800 сомонӣ ё муодили 270 доллари амрикоӣ баробар будааст.

Мирзораҳмат Иброҳимов бо таваҷҷуҳ баҳодисаҳои ахир дар ҷаҳон гуфт, онҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳои пойтахт бо баргузории ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории холӣ ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои касб омӯхтан ба Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» ва дигар марказҳои таълимии назди оҷонсӣ роҳхат медиҳанд, то шиддати бекориву фирефта шудани ҷавонон аз суи гуруҳҳои алоҳида пешгирӣ шавад.

Гуфта мешавад, ҳақмузди миёна барои иҷрои коре, ки дар ярмаркаи имруз пешниҳод гардид,аз 50 то300 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки табиист, тақрибан ҳеҷ як нафареро, ки то ин замон дар муҳоҷирати корӣ буду дастмузди хубе дошт, қаноатманд карда наметавонад.

Аммо онҳое, ҳам ки иҷозаи вуруд ба Русияро то панҷ соли оянда надоранд, мегӯянд, маҷбуранд бо ин маош дар Тоҷикистон кор кунанд.

Сафарали Амиров, як ҷавони 25 солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки барои ҷустуҷӯи кор ба пойтахт омадааст, мегӯяд маҷбур шуд, ба сифати челонгар худро дар ярмарка номнавис кунад.

Ҳарчанд ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, маоше ки дар ин ярмарка пешниҳод шудааст, барои хонаводаи шашнафарааш басанда нест.

Дар ҳамин ҳол, масъулони раёсати оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе мегӯянд, дар шашмоҳаи аввали соли 2015бо назардошти бозгаштҳои муҳоҷирон 26 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холи корӣ доир карда, 254 нафар, аз ҷумла 114 зан ва 93 нафар ҷавон бо кор таъмин шудаанд. Масъулон мегуянд, дар ҳар як ярмарка ҳудуди 30 дарсад бекорон соҳиби ҷои кор мешаванд.

Тибқи оморӣ расмӣ ҳоло зиёда аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар рўйхати нави мамнӯъшудагон ба қаламрави Русия ҳастанд.

XS
SM
MD
LG