Тоҷикистону Амрико. 30 соли ҳамкорӣ. Аз ёриҳо то танқидҳо

Ду кишвар додугирифти зиёд надоранд, аммо Вашингтон ба Душанбе беш аз $1,8 млрд. ёрӣ додааст

Радиои Озодӣ

Тоҷикистону Амрико, ки натанҳо аз рӯйи масофа, балки баҳогузорӣ ба шароити зисту ҳуқуқи одамон аз якдигар дур ҷойгир шудаанд, 30 сол боз муносибати дипломатӣ доранд.

Ду кишвар додугирифти зиёд надоранд, аммо Вашингтон дар ин муддат ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар ёрӣ додааст.

Ҳамзамон Иёлоти Муттаҳида аз маҳдудиятҳои озодии баёну виҷдон ва саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон пайваста танқид мекунад ва онро ба қатори "кишварҳои мавриди нигаронии хос" ворид кардааст. Чизе, ки ҷониби Тоҷикистон бо он розӣ нест ва баҳогузории "ноодилона" меномад.

То кунун вазирони корҳои хориҷии Амрико – Ҷеймс Бейкер, Кондолиза Райс, Ҳилларӣ Клинтон ва Ҷон Керрӣ – ба Тоҷикистон омадаанд. Сафари раҳбарони Амрико ба Душанбе ҳеч вақт амалӣ нашудааст.

Декабри 1991

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Феврали 1992

Вазири корҳои хориҷии Амрико Ҷеймс Бейкер III ва раисҷумҳури пешини Тоҷикистон, Раҳмон Набиев, дар Душанбе вохӯрда, барои ба роҳ мондани равобити дипломатӣ розӣ шуданд. Дертар президенти вақти Амрико, Ҷорҷ Буш, онро тасдиқ кард.

Марти 1992

Соли 1997

Соли 2001

2002

Феврали 2003

Аз соли 2006 то кунун

Соли 2007

Соли 2013

Июни 2015

Июли 2018

Марти 2020

Сентябри 2021

Октябри 2020

Ноябри 2021

2020 - 2021

Аз соли 1992 то ҳоло

Аз соли 1992 то ҳоло