Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғон дар Тоҷикистон сахттар шуд


Тасвир аз бойгонӣ
Тасвир аз бойгонӣ

Порлумони Тоҷикистон тағйиротеро ба Кодекси ҷиноӣ қабул кард, ки ҷазоро барои озори ҷинсии ноболиғон сахттар мекунад.

Бар асоси банди нав ба Кодекси ҷиноӣ, ки Радиои Озодӣ онро дид, барои ҳаракати бадахлоқона "нисбати ду ё зиёда шахсони баръало ба синни 14 нарасида" гунаҳкор аз панҷ то ҳашт сол ба зиндон меравад.

То ин вақт барои ҳаракати бадахлоқона нисбат ба шахсони баръало ба синни 14 нарасида, аз ду то панҷ сол зиндон пешбинӣ шуда буд.

Бар иловаи зиндон, додгоҳ метавонад чунин афродро барои ҳамеша аз ҳуқуқи гирифтани мансабҳои муайян ё фаъолиятҳои муайян маҳрум кунад.

Солҳои охир хабарҳо аз озори ҷинсии ноболиғон бештар расонаӣ мешаванд. Аз ҷумла, қазияи таҷовуз ба номуси духтари 12-сола аз сӯи марди 32 сола дар Ҳисор, ки ду сол пеш баҳсҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Мавзуъ замоне доғ шуда буд, ки Додгоҳи Ҳисор гумонбарро аввал ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, сипас бар асоси қонуни афв аз толори додгоҳ ҷавоб дод. Пас аз танқидҳои зиёд, Додгоҳи олии Тоҷикистон ин ҳукмро бекор ва мардро дубора ба зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG