Ин мавзеъи наздимарзӣ, байни ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон, воқеъ дар 130 километрии Хуҷанд, рӯзҳои ахир дар сархати хабаргузориҳо қарор гирифт.
Ба гуфтаи сокинони Чоркӯҳ, ахиран дар дили шаб як гурӯҳ низомиёни қирғиз ба боғистони зардолуи онҳо «шабехун» зада, ҳудуди 4 гектар замини дарахтони мевадиҳандаро бурида хароб карданд. Ин заминро исфарагиҳо моли бобоӣ ва қонунии худ медонанд, аммо дар навбати худ қирғизҳо даъвои соҳибӣ ба ин пораи замини наздимарзӣ доранд.
Чеҳраи ҳамроҳонам, соҳибони боғи харобгашта ва деҳқононе, ки канори роҳ ва дар киштзорҳо вомехӯранд, андӯҳгин ва андешаманд ба назар мерасад. Барои чоркӯҳиён ба қавле, ҳар ваҷаб замин қимати зарро дорад, зеро ба ҳар сари аҳолӣ дар ин маҳал тақрибан як сотих замин рост меояд.
Ба гуфтаи Неъмат Олимов, раҳбари хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳ, дар ҳоли ҳозир 3 ҳазор хонаводаи ин маҳал замину хонаву ҷой надоранд. Дар манотиқи наздимарзии Исфара, аз ҷумла ҷамоати Чоркӯҳ, тоҷикону қирғизҳо канори ҳам ба сар мебаранд ва байни онҳо гоҳе сари тақсими обу замин ихтилоф сар мезанад.
Инак, ба ҷое мерасем, ки ҳафтае қабл зардолузор доман паҳн карда буду баъди «шабехун» и қирғизҳо, танҳо бехи буридаи дарахтон боқӣ мондааст…