Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хисороти бебарқӣ ба иқтисоди Хатлон


Мавсими бебарқӣ ба бахши иқтисоду саноати вилояти Хатлон миллионҳо доллар зиёни молӣ овардааст.

Дар тӯли се моҳи ахир ба далели камбуди нерӯи барқ мизони тавлидот дар корхонаҳои саноатии минтақа ба таври қобили мулоҳиза поин рафта, даҳҳо корхона аз фаъолият бозмондааст.
Мавсими бебарқӣ натанҳо ширкату корхонаҳои азим, балки соҳибкории хурду миёнаро ҳам бо мушкилоти фаровон рӯ ба рӯ кардааст...


Маҳмадрасул Пиров, сармутахассиси шӯъбаи саноат дар ҳукумати вилояти Хатлон, гуфт, агар дар моҳи январи имсол корхонаҳои саноатии минтақа баробар ба 275 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ин нишондиҳанда дар моҳи феврал ба 220 миллион ва дар моҳи март ба чизе беш аз 150 миллион сомонӣ расидааст.

Ҷаноби Пиров афзуд, "аз 261 корхонаи саноатие, ки дар қаламрави Хатлон арзи ҳастӣ мекунад, 82 ададаш дар соли ҷорӣ фаъолият накардааст. Агар қисме аз ин корхонаҳо мавсимӣ бошанд, бахши аъзами онҳо бинобар норасоии барқ аз тавлидот бозмондаанд."

КОРМАНДОН БА РУХСАТИИ БЕМУЗД

Хисороти расидаи молӣ ба иқтисоди Хатлон дар мавсими бебарқӣ ҳанӯз пурра ҳисоб нашудааст, аммо масъулони ҳукумати маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки бар асари коҳиш ёфтани мизони истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ миллионҳо сомонӣ ба буҷаи давлат ворид нашудааст.

Абдуғаффор Раҳмонов, муовини раиси вилояти Хатлон дар масоили иқтисодӣ, гуфт, ҳарчанд нақшаи ҷамъоварии молиёт иҷро шудааст, дар се моҳи имсол қарзи андоз 6 миллион сомонӣ афзудааст. Ба гуфтаи ӯ, "яке аз сабабҳои асосии афзоиши бақияпулиҳои андоз низ бинобар норасоии барқ пурра кор накардани корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ мебошад."

Мавсими бебарқӣ натанҳо ширкату корхонаҳои азим, балки соҳибкории хурду миёнаро ҳам бо мушкилоти фаровон рӯ ба рӯ кардааст. Акмал Юсуфов, раиси корхонаи хурди мебелсозӣ дар Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар як моҳи бебарқӣ тиҷорати вай садҳо сомонӣ зиёни молӣ бардоштааст. Вай гуфт, азбаски дар маҳалли корхона дар вақту соати корӣ нерӯи барқ умуман дода намешавад, водор шудааст, 12 нафар аз ҷамъияти 14-нафараи кормандонашро ба рухсатии бемузд гусел кунад.

БАРҚ НЕСТ, КОР НЕСТ?!

Вай афзуд, "барқ нест – кор нест. Маҷбур ҳастем, ки движокро ба кор андохта, баъзе корҳоро анҷом диҳем. Як литр бензин ҳам ба 5 сомонӣ расидаст, хароҷот зиёд шудааст. Бисёриҳоро муваққатан ҷавоб додем, то он замон ки реҷаи барқдиҳӣ беҳтар нашавад. Агар ҳисоб кунем, шояд ҳар рӯз аз ҳисоби мутаваққиф шудани кор даҳҳо, ё шояд садҳо сомонӣ зарар мебинем."

Қаланддар Садриддинзода
Нақшаи ояндаи Акмал васеъ кардани ҳудуди сех, ҷалби шумораи бештари кормандон ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолоту фарох кардани бозори мебел будааст. Аммо мавсими бебарқӣ ва таъсири он ба ҳаҷми истеҳсолоту болоравии қимати мебел дар бозор, татбиқи нақшаҳои минбаъдаашро ба таъхир андохт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки норасоии барқ кори ширкатҳои азими саноатии "Трансформатор"-и Қӯрғонтеппа ва "ТоҷикАзот"-и шаҳри Сарбандро ҳам кунд кардааст. Масъулони ширкати "ТоҷикАзот", ки баъд аз ду соли бекорӣ фаъолияти ин корхонаро то як ҳафтаи дигар аз сар гирифтанианд, изҳори ташвиш мекунанд, ки набуди барқ барои оғози кори ин ширкат монеа эҷод хоҳад кард.

КОРХОНАҲО ПУЛИ БАРҚРО НАМЕДИҲАНД?

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои Маҳмадхон Ғуломов, муовини раиси "Шабакаҳои барқи ҷанубӣ", ҳоло барои 12 шаҳру ноҳияи водии Вахш дар як рӯз камтар аз як миллион киловатт соат нерӯи барқ ихтисос меёбад, ки аз чаҳор як ҳиссаи талаботи якрӯзаи минтақаро ташкил медиҳад.

Вай афзуд, мушкили дигар ин аст, ки бисёре аз корхонаҳои тавлидотию тиҷоратӣ аз пардохти пули барқ худдорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, дар навбати аввал интиқоли барқ ба чунин корхонаҳо комилан қатъ ё маҳдуд карда шудааст: "Мутаассифона, мо ба ҳамин дараҷа одат кардаем, ки ҳатто муассисаҳои тиҷоратӣ то замоне, ки якчанд маротиба огоҳӣ гирифта, аз ноилоҷӣ барқашонро хомӯш мекунем, баъд омада пул медиҳанд. Ҳамин қарздории калони корхонаҳо ва муассисаҳо як сабаби асосии дар ҳолати вазнини молиявӣ қарор доштани ширкати «Барқи тоҷик» ҳам ҳамин аст."

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои коршиносон бахши аъзами корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон дар ҳоли варшикастагӣ қарор доранд ва давлат барои наҷоти ин бахш бояд талошҳои бештар ба харҷ бидиҳад. Қаландар Садриддинзода, иқтисоддони маҳаллӣ, мегӯяд, аксар аз фанноварии корхонаҳои саноатию тавлидотӣ дар Хатлон кӯҳнаву бозмонда аз замони Шӯравӣ буда, ягона роҳи нигоҳ доштани он ҳамеша бо барқ таъмин будан ва дар истеҳсолот истифода кардани он мебошад.

БОЗОРИ ГАРМИ ШАМЪУ БЕНЗИН

Ҷаноби Садриддинзода афзуд, "Имрӯз агар корхонаҳои саноатӣ ҳамин таҷҳизоти камшумору кӯҳнашудаашонро ҳамеша дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта натавонанд, дар оянда иқтисоди мо гарчанде ки барқ ҳам фаровон шавад, зиёни моли зиёде хоҳад бардошт. Зеро аксари корхонаҳои мо имрӯз имкони молии азнавсозӣ ё харидории фанноварии муосирро надоранд."

Чунин ба назар мерасад, ки таъсири манфии бебарқӣ ҳамчунин ба кисаи сокинони маҳаллӣ дар Хатлон ҳам роҳ ёфтаст. Бисёре аз сокинони Қӯрғонтеппа, ки аз гази табиӣ ҳам маҳрум ҳастанд, водор ҳастанд аз лӯлаҳои газӣ истифода кунанд, ки 10-килои он бар ивази 60 сомонӣ харида мешавад.

Бар илова бозори гарми шамъу бензин ва дигар маводи сӯхт ҳам ҳоло гарм шуда, қимати ин мавод дар минтақаи ҷануби кишвар то 20 дарсад боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG