Ин кор солҳо қабл сурат гирифта, аммо аз ҷониби Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд ҳамакнун ошкор гаштааст.
МАРКАЗИ САВДО БА ҶОИ МАКТАБ
Обид Шарофов, сардори шӯъбаи пешгирӣ аз фасод дар Оҷонси мазкур мегӯяд: «Аз рӯи нақшаи куллӣ, шаҳраки Нов ба ҷойи бинои ягона мактаби тоҷикии кӯҳна бунёд карда мешуд. Аммо раисони собиқи ҷамоат ва ноҳияи Спитамен 30 сотих замини мактабро ба як соҳибкори маҳаллӣ доданд ва вай дар саҳни мактаб як маркази савдо сохтааст.»
Муаттара Убайдуллоева, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Спитамен дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, амри дар ихтиёри соҳибкор гузоштани замини мактаби тоҷикии шаҳраки Нов ба як соҳибкори маҳаллӣ 7-8 сол қабл сурат гирифта буд. Дар ҳоле, ки қонунгузории Тоҷикистон ба муассисаҳои ғайритаълимӣ табдил додани мактабҳоро манъ мекунад. Ҳоло "соҳиб"-и замин саҳни мактабро ба ҷойи нигаҳдории нақлиёт табдил додааст.
УЗБАКҲО ТОҶИКӢ ТАҲСИЛ КАРДАН МЕХОҲАНД
Идораи маорифи Спитамен ва Оҷонси мазкур дар додгоҳи иқтисодӣ ба бозгардони мактаб талош дорад. Хонум Убайдуллоева афзуд: «Ин мактаб бозгардонида шавад, бисёр хуб мешуд, чунки талабгорони таҳсил дар он зиёд аст. Бисёр узбакзабонҳо мехоҳанд фарзандони худро дар мактаби тоҷикӣ хононанд. Мо бо дархости онҳо дар бисёр мактабҳои узбакӣ ҳам синфҳои тоҷикӣ боз карда истодаем.»
Ба гуфтаи хонум Убайдуллоева, дар ноҳияи Спитамен 32 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ боз аст, ки танҳо се адади он тоҷикӣ аст. Дар ин ноҳия ҳудуди 110 ҳазор аҳолӣ ва бештар узбакзабонҳо ба сар мебаранд.
ҚОНУНШИКАНИИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛӢ
Бино ба гузориши Оҷонси назоратии давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, бештари мавридҳои қонуншиканиҳои марбут ба фасод дар се моҳи аввали соли равон, дар сатҳи мансабдорони ҳукуматҳои маҳаллӣ анҷом гирифтааст. Аз 60 мавриди ошкоршудаи фасоду ришвахорӣ, дар 11 маврид мансабдорони маҳаллӣ даст доштаанд ва он умдатан ба харидуфурӯш ва тақсими ғайриқонунии замин рабт дорад.
Дар мисоли табдил додани мактаб ба маркази савдо, қонуншиканиҳо зуд ва бо амру имзои як - ду мансабдор рух медиҳад, аммо ислоҳи он дар бисёр мавридҳо дар толори додгоҳҳо солҳо тӯл мекашад.