Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Обид Мақсудов, гумонбари аслӣ дар қатли соҳибкори тоҷик Зафар Азимов боздошт шудааст. Ҳодисаи куштори соҳибкори тоҷик шоми 18-уми феврал дар назди боғи "Наврӯзгоҳи пойтахт", рух дода буд.
Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Обид Мақсудовро падараш дастгир намуда ва бо ихтиёри худ ба пулис супурдааст. Манбаъ мегӯяд, ки Обид Мақсудов ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва аз ҷониби додситонии шаҳри Душанбе, тафтишот пеш бурда мешавад.
Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта намешавад, ки Обид Мақсудов дар куҷо боздошт шудааст. Аммо як манбаъ дар ВКД ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Обид Мақсудов шомгоҳи рӯзи гузашта дар даромадгоҳи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст.
Ҳодисаи куштори Зафар Азимов шоми рӯзи 18 уми феврал рух дод ва вазорати умури дохилии Тоҷикистон як рӯз баъд дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки “Азимов Зафархон бо шаҳрванд Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984 сокини кӯчаи Борбад, дар назди боғи «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо ҳам муноқиша намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ, шаҳрванд Мақсудов О. бо олоти бо худ дошта, аз қисмати дил шаҳрванд Азимов Зафархонро захмӣ менамояд.”
Обид Мақсудови 32-сола писари севуми Эмом Мақсудов, директори корхонаи кабелсозии Душанбе аст ва ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, доғи судӣ дошта ва қаблан бо ҷурми авбошӣ ҳабс шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 19-уми феврал бо нашри як хабарнома гумонбар дар куштори соҳибкорро мавриди пайгард қарор дода, аз сокинони кишвар хоста буд дар сурати пайдо кардани ягон маълумот дар робита бо Обид Мақсудов, онҳоро огоҳ кунанд.
Аммо Зафар Азимов, ки аз зарби корди Обид Мақсудов ба ҳалокат расид, 38 сол дошта, истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Шамсиев шаҳри Душанбе будааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ Зафар Азимов 4-5 бародар доштааст ва дар "Корвон" -- бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон соҳиби фурӯшгоҳҳо ва дӯконҳои молу маҳсулот будаанд.
Вай ҳамчунин ба Эмом Мақсудов риштаи хешу таборӣ доштааст ва ба гуфтаи яке аз соҳибкорон, ҷанҷоли онҳо бар сари муомилоти пулӣ сурат гирифтааст. Ҷасади ӯ рӯзи 19-уми феврал дар зодгоҳаш ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба хок супурда шуд
Мақомоти корҳои дохила дар робита ба омилҳои сар задани муноқиша байни ин ду нафар иттилое надодааст. Аммо фарзияҳое ҳаст, ки эҳтимол ҷанҷол байни соҳибкор ва писари Эмом Мақсудов, раҳбари корхонаи кабелбарории Душанбе, бар сари пул бошад.