Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ютуб, Фейсбук ва ВКонтакте боз шуданд


Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии “Ютуб”, “Фейсбук” ва “ВКонтакте" дар қаламрави Тоҷикистон дигарбора инмконпазир шудааст. Хадамоти алоқа мегӯяд, дар ин замина ба тамоми провайдерҳо дастур додааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои боз кардани шабакаҳои иҷтимоии “Ютуб” ва “Фейсбук” ва “ВКонтакте” ба таври расмӣ ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дастур додааст. Як манбаъ аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина субҳи рӯзи ҷумъа ба ҳамаи ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон нома ирсол кардаанд.

Дар пасманзари сарусадоҳо ва даъват аз сӯи бархе гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар Тоҷикистон, дастрасӣ ба даҳҳо сомонаи хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет маҳдуд шуда буд.

Зимнан, яке аз ширкатҳои маъруфи интернетии Тоҷикистон дарёфти нома аз Хадамоти алоқа дар мавриди боз кардани шабакаҳои иҷтимоиро тасдиқ кард ва гуфт, агар пештар ин шабакаҳои иҷтимоӣ боз намешуданд, субҳи имрӯз бидуни филтршиканҳо метавон вориди онҳо шуд. Вай гуфт, дар давоми имрӯз пурра аз тариқи телефонҳои мобилӣ низ мешавад ба ин шабакҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Хонандагон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии шабкаҳои иҷтимоӣ “Ютуб”, “Фейсбук” ва “ВКонтакте” низ боз шудани ин шабакаҳоро тасдиқ мекунанд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ибтидо ҳар навъ даст доштани худ дар якбора “ғайб” задани даҳҳо сомонаро рад мекард ва мегуфт, шояд ин ягон мушкили фаннист. Аммо Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, билохира рӯзи 8 октябр дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи “Фараж” гуфт, ӯ ҳамчун сардори ниҳоди танзимкунандаи низоми алоқаи Тоҷикистон ҳангоми назорати ин система дидааст, ки баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми сӯҳбату гузоштани видео меъёрҳои ахлоқиро зери по мекунанд.

Бег Сабурӣ гуфта буд, баъзе аз корбарони Facebook ба дараҷае “сиёсатзада” шудаанд, ки фақат камбудҳоро мегӯянду аз пешрафтҳои Тоҷикистон ҳарфе намезананд: “Мо давлати соҳибистиқлол дорем, шукрона, ки кордзаниву тирпаронӣ нест. Давлат соат ба соат, рӯз ба рӯз пешрафт мекунад, аммо баъзеҳо, ки нону намаки ин миллатро хӯрдаанд, дар намакдон туф мекунанд."

Бег Сабурӣ бо ин гила, ки мардуми мо салиқаи истифода бурдани Интернетро надорад ва онро ба як минбари “таънаву дашном” табдил додааст, гуфт, Фейсбук рӯзҳои наздик боз нахоҳад шуд.

Шумораи корбарони шабакҳои иҷтимоии “Фейсбук” ва “ВКонтакте” дар Тоҷикистон ба даҳҳо ҳазор нафар мерасанд ва яке аз василаҳои осони тамоси мардум бо наздиконашон дар дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.

XS
SM
MD
LG