Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси сокинон бо соҳибкор дар деҳаи Мирзочули Рӯдакӣ. ВИДЕО


Сокини ноҳияи Рӯдакӣ
Сокини ноҳияи Рӯдакӣ

Гуруҳе аз сокинони ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рудакӣ мегӯянд, як соҳибкор ба хотири ҳосили фаровон аз заминҳояш даҳҳо тонна ахлоти паррандаро ба деҳа оварда мардумро дар ҳолати ногувор гузоштааст.

Иддаое, ки худи соҳибкор рад мекунад ва мегӯяд, вазъ ба он ҳадде нест, ки сокинон тасвир мекунанд.

Видеоро ин ҷо бубинед.

Сокиноне, ки ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, гуфтанд, бо вуҷуди ин ки аз бӯи бади ахлот дар гармои тобистон ҳол надоранд, ҳамчунин маҷбур ҳастанд, аз обе, ки аз дохили ин заминҳо ба рудхона (канал) ҷорӣ мешавад, истеъмол кунанд.

Соҳибкор мегӯяд, ҳама корро дар доираи қоидаҳои аграрӣ роҳандозӣ кардааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, аз ин масъала огоҳ ҳастанд ва талош доранд, дар наздиктарин фурсат онро баррасӣ кунанд.

Шикоят аз бӯйи бад

Сокинони деҳаи Мирзочул дар ҷамоати Чоряккорон мегӯянд, талошҳои соҳибкор Ибод Давлатов барои фаровонии ҳосил ва бунёди корхонаи мурғпарварӣ дар макони аҳолинишин мардумро бо чанд мушкил рӯбарӯ кардааст. Бӯи бади ахлот дар тобистони гарм, ҷорӣ шудани оби заминҳои корам ба рудхонаи деҳа ва афзоиши ҳашаротҳои зараррасон нигаронии сокинони ин деҳаро ба бор овардааст ва мегӯянд, чунин вазъ ба солимии худу фарзандонашон бетаъсир намондааст.

Раҷабалӣ Қурбонов, сокини ин деҳа гуфт, ҳатто кӯдакон аз бӯи бади ахлот наметавонанд нафас кашанд ва афзоиши пашшаву ҳаргуна ҳашаротҳои зараррасон хоби сокинонро аз чашмашон бурдааст. Ӯ бо даст ба чеҳрааш ишора кард ва гуфт:​ “Шумо ба рӯи ман нигоҳ кунед, инро ҳашаротҳое газидааст, ки аз ин ифлосиҳо пайдо шуданд. Дар хонаводаи мо ҳама чунин ҳастанд. Касе ба доди мо намерасад. Мо аз канале об менушем, ки ана ҳамин оби даруни заминҳо, ки пур аз ахлот аст ба он ҷорӣ мешавад”.

Рустои Мирзочул дар ҷамоати Чоряккорон дар 8 километрии пойтахт шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва дар ин деҳа бештар аз 300 оила зиндагӣ мекунанд.

Роҳ ба сӯи як деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ
Роҳ ба сӯи як деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ

Алқос Исмоилова, сокини дигари деҳа гуфт намедонад аз бӯи бади ахлот шикоят кунад ё аз селаи пашшаҳо. Аммо ӯро бештар кафидани деворҳои хонааш, ки дар сари роҳ бунёд шудаанд, нигарон кардааст.

Ӯ гуфт: “Вақте бо "Дулан"-ҳои калон аз пушти хонаи ман барои сохтани корхонаи мурғпарварӣ бор мекашонанд, деворҳо кафидаанд. Дигар ҳайронам, чи кор кунам. Бӯи ахлотро намегуед. Меҳмонҳое, ки ба хона меоянд, на хуроки маро мехуранд ва на нишаста суҳбат мекунанд”

Соҳибкор шикояти сокинонро "воҳима" хонд

Аммо соҳибкор Ибод Давлатов дар як суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ шикояти сокинонро беш аз ҳад воҳима унвон кард ва гуфт, ки "кораш қонунӣ аст".

Ӯ гуфт, дар воқеъ ба хотири пурқувват шудани заминҳояш поруи парранда рехтааст, "вале ин кор ҳеҷ бадие надорад", чун заминҳои ӯ як километр дуртар аз маҳалли аҳолинишин аст.

"Як ду рӯзи аввал бӯй буд, аммо на ба он тавре, ки нафас кашидан мукил бошад. Поруи парранда барои замин нисбат ба доруҳои кимёӣ беҳтар аст. Ҳоло онҳое ки шикоят доранд, дар таҳҷои ферма хона карда зиндагӣ доранд",-гуфт ӯ.

Кишоварзон мегуянд, коре ин соҳибкор анҷом додааст, набояд дар тобистони гарм, балки дар фасли тирамоҳ карда мешуд ва бояд баъди рехтани ахлот онро ҷуфт карда зери хок мекард.

Сокинон бунёди корхонаи мурғпарварӣ дар наздики маҳали зисташонро қабул надоранд ва онро ғайриқонунӣ меноманд.

Соҳибкор Ибод Давлатов мегӯяд, ӯ дар асоси қарори раиси ноҳия корхонаи паррандапарварӣ сохтнист.

Ӯ гуфт, бунёди ин коргоҳ замонавӣ буда ҳеҷ мушкиле ба сокинони деҳа нахоҳад дошт.

"Ин корхона аз руи лоиҳаи аврупоӣ бунёд мешавад. Бояд мутахассисон аз хориҷа меомаданд, аммо бо сабаби ин беморӣ нашуд. Корхона бо сармоягузории якуним миллион евро сохта мешавад ва дар Германия низ чунин корхонаҳо дар миёни маҳаллҳои аҳолинишин бунёд шудааст",-гуфт ӯ.

Садриддин Шералиев, иҷрокунандаи раиси ҷамоати Чоряккорон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз арзи сокинон огоҳ ҳастанд ва барои бартараф кардани он талош доранд.

XS
SM
MD
LG