Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи Радиои Озодӣ бастааст?

Сомонаи Озодӣ боз намешавад?

Дар Тоҷикистон сомонаи тоҷикӣ ва русии Радиои Озодиро бастаанд. Чӣ гуна метавон хабару гузориш ва аксу видеоҳои моро ба мисли пешина зуд ва осон дастрас кард?

Ба саҳифаҳои мо дар

Telegram (Хабарҳои фаврӣ, пурсишу посухҳо ва имкони гузоштани шарҳ)

YouTube (Видеои бештар, Навиду Сархати хабарҳо ва Гапи Озод)

Facebook (Пайванди гузоришҳо, табодули андеша ва баҳсҳои ҷиддӣ)

Instagram (Наворҳои вижа барои шабакаҳои иҷтимоӣ, акс бо навиштаҳо)

Twitter (Хабарҳои ҷолибу ҷиддӣ ва кӯтоҳ)

Одноклассники (Ҳама чиз дар якҷо, хабару гузориш ва матну видео)

обуна шавед.

VPN

Филтршикан ё VPN чист? Шабакаи хусусии маҷозиест, ки ба Шумо имкон медиҳад, шахсият ва макони ҷойгиршавии худро пинҳон карда, аз дигар ҷо ба сервер пайваст шавед. Ин маълумотро муайян кардан мушкил ё ҳатто номумкин аст. VPN дар ҷаҳон ба далели он ки мардум ба амнияти интернетӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ намуданд, хеле зуд маъруф шуд.

Намунаҳои зиёди VPN мавҷуд аст: одӣ, мушкил, бепул, пулакӣ, гарон ва арзон. Дар кишварҳое ба монанди Русия истифодаи VPN ба хотири маҳдуд кардани озодии иттилоот манъ карда шудааст. Баъзе аз кишварҳои худкома барои назорати Интернет VPN-ҳои қалбакӣ ё сохта баровардаанд.

Баъзе аз VPN-ҳои ройгоне, ки ба онҳо бовар дорем:

NThlink: https://s3.us-west-1.amazonaws.com/dwo-jar-kmf-883/download.html

Psiphon: https://psiphon.ca/ru/download.html

Lantern: https://getlantern.org/ru_RU/index.html

Orbot: https://orbot.app/

Ин VPN-ҳо бепул буда, Бунёди Бози Фанновариҳо (Open Technology Fund), созмони ғайритиҷоратӣ ва ғайридавлатии Амрико, аз онҳо ба хотири “тавсеаи озодии баён, давр задани сензура ва пешгирӣ аз назорати таъқибомез бо мақсади рушди ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи боз” ҷонибдорӣ мекунад.

Tor-сомонаҳо

Шумо ҳамчунин барои дастрасии пинҳону бехатар ба сомонаҳои “пиёзгуна”-и мо метавонед, браузери “Tor”-ро боргирӣ кунед.

Браузер Tor барномаи бепуле ҳаст, ки имкон медиҳад, пинҳонӣ ба Интернет пайваст шавед. Ин барнома траффики интернетро тавассути ба истилоҳ, шабакаи оверлей равона месозад, ки хеле гуногунсамт аст. Он назорат ва пайгирии фаъолияти корбаронро дар Интернет низ хеле душвор месозад.

Барномаро донишмандони ҳукумати Амрико бори нахуст соли 1990 барои муҳофизати паёмҳои иктишофӣ таҳия карда буданд. Дертар он бо дастгирии молии ҳукумати Иёлоти Муттаҳида, Дидбони Ҳуқуқи Башар ва дигарон мавриди истифодаи ҳомиёни озодии Интернет қарор гирифт. Созмони ғайридавлатие, ки хадамоти Tor-ро дастгирӣ мекунад, ҳоло дар Сиэтл ҷойгир аст.

Чӣ гуна метавон браузери Tor-ро гирифт?

Дар Windows, MacOS, Android, Linux: https://www.torproject.org/download/

Дар iOS: https://onionbrowser.com/

Агар сомона баста бошад, метавонед, ба нишонии gettor@torproject.org номаи электронии холӣ фиристед. Дар ҷавоб ба почтаи Шумо бастаи браузер фиристода хоҳад шуд. Дар ҷойҳое, ки Tor дастнорас аст, гузаргоҳҳои маҷозӣ ба хонандагон кумак мекунанд, то ба шабакаи Tor дастрасӣ пайдо намоянд. Хонандагон ингуна гузаргоҳҳоро метавонанд тавассути яке аз роҳҳои зерин дархост намоянд:

Фиристодани “/bridges” ба канали интихобшудаи @GetBridgesBot дар Telegram баъди илова кардани сатрҳои гузаргоҳ, ки бо нусхабардорӣ ва гузоштан дар браузери Tor аз тариқи дастӣ дастрас шудаанд:

[Танзимот > Tor > Гузаргоҳҳо > Пешниҳоди гузаргоҳ]

Дархости гузаргоҳи маҷозӣ тавассути почтаи электронӣ аз нишонии bridges@torproject.org ва баъдан илова кардани сатрҳои гузаргоҳ, ки бо нусхабардорӣ ва гузоштан дар браузери Tor аз тариқи дастӣ дастрас шудаанд:

[Танзимот > Tor > Гузаргоҳҳо > Пешниҳоди гузаргоҳ]

Пайвастшавӣ тавассути Snowflake аз браузери Tor:

[Танзимот > Tor > Гузаргоҳҳо > Интихоби гузаргоҳ > Snowflake]

Барои ворид шудан ба гузаргоҳҳои дархостшуда:

Танзимот > Tor > Гузаргоҳҳо > Пешниҳоди гузаргоҳ

Android: Config Bridge > Гузаргоҳи ба ман ошноро нишон диҳед

iOS: Шакли гузаргоҳҳо > Гузаргоҳҳои корбарон

Тарҳи Tor канали Telegramро барои дастгирии корбарон бо забони русӣ ва англисӣ қабул мекунад: @TorProjectSupportBot

Пайвандҳои нусхаи сомона

Шояд аҳамият дода бошед, дар баъзе аз сомонаҳои хабарии мо линк ё пайвандҳои дароз ва ғайриодӣ дида мешавад. Мо ба истилоҳ, аз “нусхаи”-и сомонаҳои худ, ки дар чандин ҷойҳо тақсим шудаанд, истифода мекунем, то маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои мо барои мақомот мушкилтар гардад.

Ин нусхаи дақиқи вебсайт ё маҷмӯи файлҳоест, ки дар сервери компютери дигар низ ҷойгир аст ва ин вебсайт ё файлҳо аз чандин макон дастрас мебошанд. Мо ингуна сомонаҳоро замоне истифода мебарем, ки ҳукуматҳо ё ниҳодҳои танзимкунанда ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба яке аз сомонаҳо дастур медиҳанд.

Дар ин сурат хонандагон метавонанд, дар нусхаи сомона ба таври пешин ба матолиб дастрасӣ дошта бошанд. Ин қабил сомонаҳо зиёд фаъол намемонанд. Зеро мақомот онҳоро низ зуд масдуд мекунанд. Мо тавсия медиҳем, ки аз онҳо барои тағйири кӯтоҳмуддати масири пайвандҳо, бахусус бо ҳамкороне, ки аз филтршиканҳо истифода намебаранд, кор баред. Барои дарёфт кардани нусхаи сомона метавонед, ин барномаро дар

Chrome

Firefox

боргирӣ кунед. Вале ба истифодаи онҳо ҳамчун торпайванд ба сомонаҳои худ ё барои нашрҳои дарозмуддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавсия намедиҳем. Зеро онҳо, тибқи қоида, дар давоми чандин рӯз баста мешаванд.

Замимаи Радиои Озодӣ

Дар замимаҳои мо абзори давр задани сензураҳо вуҷуд дорад. Шумо метавонед, онҳоро дар фурӯшгоҳҳои

Google

Apple

пайдо кунед.

Ба якдигар фиристодани матлабҳо

Мо дар паҳн кардани иттилоъ дар бораи беҳтарин гузоришҳоямон ба доираи хонандагони худ такя мекунем. Аз ҷумла, барои ҳар торпайванди гузоришҳои мо, ки дар саҳифаатон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоред ва ё ба дигарон мефиристед, миннатдорӣ баён мекунем.

Баъзан вақте чизеро мефиристед, фаҳмидан мушкил аст, ки ҷониби дигар тавонмандии техникии боз кардани онро дорад ё не. Бинобар ин, агар донед, ки онҳо аз филтршикан истифода намебаранд ё имкони кушодани онро дар кӯтоҳмуддат надоранд, беҳтар аст, гузориши моро дар шакли файл фиристед.

Шумо метавонед, ҳамаи видео ва садоҳоро аз сомонаҳои мо гирифта, сипас дар шакли файл бо дигарон дар миён гузоред. Агар мехоҳед, матнро фиристед, пас, беҳтар аст, нахуст онро дар шакли pdf гирдоварӣ карда, баъдан фиристед.

МАЪЛУМОТ

XS
SM
MD
LG