Таҷлили ҷашни Наврӯз имсол дар Тоҷикистон назар ба солҳои пешин тафовут дорад. Дар пайи бекор шудани низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон, сайёҳони эронӣ дар таҷлили Наврӯзи соли 2025 дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасанд.
Аз рӯзи ба дунё омадани Муҳиддини Олимпур, рӯзноманигори шинохта, 80 сол гузашт. Ӯ 2-юми марти соли 1945 дар рустои Шамтичи ноҳияи Айнӣ зода шуда, тақрибан сӣ сол қабл, дар айёми ҷанги дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ба қатл расид.
Тасмими барчидани панҷараҳои оҳанин аз тирезаҳои биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе баъзе аз сокинонро нигарон кардааст.
Шоҳзода Карим Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки бахше аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳастанд, рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Португалия даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
Доналд Трамп рӯзи 20-уми январ бори дуюм дар мақоми раисҷумҳури Амрико савганд ёд карда, ба Кохи Сафед бармегардад. Ӯ 78-сола ва раисҷумҳури 47-уми Иёлоти Муттаҳида аст.
1-уми январи соли 2025. Радиои Озодӣ аксҳоро аз таҷлили Соли нав дар гӯшаву канори ҷаҳон гирдоварӣ кард.
Русия рӯзи 20-уми декабр ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, ҳуҷуми густурдаи ҳавоӣ анҷом дод. Дар ин ҳодиса як нафар кушта, як калисои таърихӣ ва чанд бино, аз ҷумла шаш сафоратхона, зарар диданд. Аксҳо аз Киев, рӯзи 20-уми декабри 2024
Мавсими нави бузкашӣ, ки ҳоло дар Тоҷикистон як навъ варзиш медонанд, дар вилояти Хатлон оғоз ёфт. Ин маърака то ҷашни Наврӯз идома хоҳад кард.
Сарнагунии Башор Асад дар рӯзи 8-уми декабр дар Сурия ба 53 сол ҳукуматдории хонадони ӯ дар ин кишвар поён бахшид. Ин рӯйдод пас аз ҳамлаи ғофилгиронаи шӯришиён ба вуқуъ пайваст. Ҳамла 27-уми ноябр шуруъ шуд. Ҷанги дохилии Сурия дар умум аз соли 2011 идома дошт.
Аксҳои нав аз Марйинкаи воқеъ дар шарқи Украина гузаштаву имрӯзаи ин шаҳри замоне сарсабзу зеборо қиёс мекунанд. Муаллиф: Амос Чаппл, хабарнигори РАО/РО
Созиши оташбас миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон рӯзи 27-уми ноябр ба иҷро даромад. Низомиёни Исроил ба сокинон ҳушдор додаанд, ки ҳанӯз ба хонаҳои худ дар ҷануби Лубнон барнагарданд ва ба мавқеъҳои Исроил наздик нашаванд. Бо вуҷуди ин, корвони ғайринизомиён ба ҷануби Лубнон ворид шуд.
Идораи назаршумории Амрико тахмин мекунад, ки теъдоди бузурги раъйдиҳандгон дар ин овоздиҳӣ иштирок хоҳанд кард, ки аз интихоботи соли 2016 ва 2020-ум бештар хоҳад буд.
Ёфтҳои бештар