Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Беморонро меоранд, таваккал ба Худо гуфта, мебинем"


Дохили як мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Душанбе
Дохили як мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Душанбе

Бархе аз пизишкон дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон мегӯянд, маводи кофии тиббиву беҳдоштӣ надоранд ва баъзан беморонро бе либоси муҳофизатӣ муоина мекунанд.

Онҳо аз он нигаронанд, ки дар шароити густариши коронавирус худашон ба манбаи сирояти беморӣ табдил нашаванд. Мақомот мегӯянд, ба ҳамаи бемористонҳо ба қадри кофӣ васоили тиббӣ фиристодаанд.

Рамзулло Юсуфов, пизишки бемористони рақами яки ҷамоати Кангурт дар ноҳияи Темурмалик, мегӯяд, дастпӯшу ниқоби тиббиро бо пули худ мегирад. Вай нақл кард, ки дар Шӯъбаи ёрии таъҷилӣ кор мекунад ва ҳар рӯз бо беморони гуногун рӯбарӯ мешавад, аммо ҳанӯз либоси махсуси муҳофизатӣ аз вирусро надорад.

Дар Тоҷикистон то 6-уми май вирус ба 379 нафар сироят кардааст, вале мақомот нагуфтаанд, ки дар ноҳияи Темуралик низ гирифторон ҳастанд, ё не.

Рамзулло Юсуфов рӯзи 6-уми май гуфт, новобаста аз ин, бояд пизишкон бо васоили тиббиву маводи беҳдоштӣ таъмин бошанд, то аз сироят шудан эмин монанд ва дигаронро низ гирифтор накунанд. Ӯ иддао дорад, ки чанд дафъа дар ин бора ба мақомоти тандурустии вилояти Хатлон муроҷиат карданд, вале посух нагирифтанд.

"Маводи беҳдоштӣ намерасад, шароит нест. Беморонро меоранд, таваккал ба Худо гуфта, дида истодаем. Ё хабар медиҳанд, ба назди беморон рафта, ёрии аввалро мерасонем. Бо чунин шароит хатари сирояти вирус ва бемориҳои дигар ҳаст", - гуфт ӯ.

Ин пизишк мегӯяд, дар бемористони ҷамоати онҳо карантин эълон нашудааст, вале беморонро бо либоси одии тиббӣ муоина мекунанд. "Реҷаи кории бемористон 24 соат аст, шабона дар навбат меистем. Ҳар дафъа ба хона меравам, вале аз он хавотирам, ки мабодо бемориро набарам", - гуфт ӯ.

Мусоҳиби мо афзуд, дар бемористони ҷамоати Кангурт беш аз 100 табиб кор мекунанд ва маоши миёнаи онҳо 508 сомониро ташкил медиҳад.

Вазъи ҳамкорони Рамзулло дар дигар ҷойҳо чӣ гуна аст?

Рамзулло Юсуфов ягона табибе нест, ки дар ҳоли густариши коронавирус омодагии беҳтар дошта бошанд. Рӯзи 6-уми май як табиби бемористони марказии ноҳияи Восеъ, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло бо таби баланд дар манзилаш бистарист ва фикр мекунад агар либоси махсуси муҳофизатӣ медошту шароиташон беҳтар мебуд, шояд ба чунин ҳол намеуфтод.

"Ман бемор шудам, мисли ман қариб 5 ҳамкорам низ беморанд. Дар ҷойи кор шароити хуб нест, намедонем чӣ кор кунем", - афзуд ӯ.

Бархе аз табибон аз минтақаҳои дигар мегӯянд, бо маоше, ки мегиранд, имкони харидани ниқобу дастпӯш ва ё маводи дигари тиббиро надоранд.

Нурулло Бояков, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати тандурустӣ дар Хатлон, рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ба қадри тавон ба табибону шифохонаҳо маводи зарурии тиббӣ ва беҳдоштӣ фиристодаанд.

Ӯ гуфт, рӯзи 4-уми май як “Камаз” кумаки башардӯстонаи иборат аз либоси тиббӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, пояфзолҳо, ниқобу маҳлулҳоро гирифта, ба беморхонаҳои шаҳру навоҳӣ тақсим намуданд.

Қаблан вазорати тандурустӣ аз дарёфти кумакҳо дар шакли либосу ашёи муҳофизатӣ аз сӯи бархе аз созмонҳо хабар дода буд.

Айни замон гуруҳҳои ихтиёриён дар шаҳрҳои асосии кишвар барои таъмини пизишкон бо хӯроку либоси муҳофизатӣ ва дастпӯшу ниқоби тиббӣ маблағ ҷамъ меоранд. Зоҳиран ин мушкил ба далели мавҷуд набудани созмонҳои иҷтимоӣ ва афроди озмуда дар корҳои ҷамъиятӣ ҳалношуда мондааст.

Тайи чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз табибони тоҷик "фариштагони наҷот" ё "лашкари сафи пеши мубориза бо COVID-19" ном гирифта, барои кумак ба онҳо даъват мекунанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб доранд, ки мақомоти Тоҷикистон бояд ба пизишкон таваҷҷӯҳи бештар намоянд ва ҳамагуна ёриҳои байналмилалиро шаффоф ва ба маврид истифода кунанд.

Ҳамсӯҳбатони мо дар миёни табибон мегӯянд, ки дар ҳар гуна шароит ба корашон идома медиҳанд, вале афзуданд, шароити беҳтар низ барои ба таври касбӣ анҷом додани корашон муҳим аст. То ин дам бархе аз кормандони соҳаи тиб ба далели, ба гуфтаи мақомот, илтиҳоби шуш даргузаштаанд.

Рӯзи 6-уми май дар Вазорати тандурустӣ гуфтанд, дар талоши таъмини шароити беҳтари табибон ҳастанд ва "баъзе норасоӣ дар кишварҳои дигар низ вуҷуд дорад".

Пештар мақомоти Тоҷикистон барои дарёфти кумакҳои башардӯстона ба созмонҳои байналмилалӣ дар рӯйхате гуфта буданд, ки ба 1 миллион донна дастпӯши оддии тиббӣ, 1 миллион ҷуфт дастпӯшҳои ҷарроҳӣ, 50 ҳазор хӯди муҳофизатӣ, 50 ҳазор респиратор, 5 миллион дона ниқоби тиббӣ ва 50 ҳазор либоси муҳофизатӣ, ки аз сар то пойи табибу парастонро мепӯшонад ниёз доранд. Барои бемороне, ки ба нафасгирии сунъӣ эҳтиёҷманд мешаванд, 500 дастгоҳи махсуси нафасдиҳӣ зарур будааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG