Даргузашти Саидшо Акрамов, донишманд ва пизишки шинохтаи тоҷик, мавҷи андуҳро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард. Бахусус дар Фейсбук, ки марҳум то ҳамин чанд рӯз пеш дар он аз марги дигарон изҳори ғам ва таслият мекард. Ҳамчунин изҳори умедворӣ, ки ба зудӣ ин рӯзҳои сахт мегузаранд ва зиндагӣ ба мароми пешинааш бармегардад.
Саидшо Акрамов баъд аз бемории кӯтоҳе дар 72-солагӣ даргузашт. Яке аз аввалин табибҳо аз ноҳияи дурдасти Тоҷикистон, шавҳари вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ, вале демократ, озодихоҳ ва равшанфикр, ки то охирин лаҳзаи ҳаёт талош мекард аз дарди миллат бигӯяд, мардумони гуногунро ба ҳам пайвандад, фарҳангу ҳунарро таблиғ кунад.
Саидшо Акрамов як моҳ зодрӯз дошт. Ӯ зодаи деҳаи Виткони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ буда, яке аз аввалин ҷарроҳон аз ин минтақа давоми 30 сол мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи ноҳияи Мастчоҳ буд ва гуфтаи рафиқи даврони ҷавониаш Муллоамин Аминов бо дасти худ ҳазорҳо нафарро даво бахшидааст.
Аммо муҳимтар аз ин Саидшо Акрамов шахсияти озодандеш ва равшанфикре буд, ки дар саргаҳи ҳаракати озодиҳои солҳои 90-ум меистод. Ҳамсараш Тамара Акрамова, вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ, вале худи Саидшо Акрамов нафаре буд, ки талош мекард дар рӯшан кардани чароғи озодандешӣ саҳм дошта бошад. Дар он солҳо аз ноҳияи дур ба Душанбе сафар кардаву дар канори чеҳраи маъруфи вақт, раҳбари "Растохез" ва меъмори истиқлолияти Тоҷикистон Тоҳири Абдуҷаббор қарор гирифт ва поси ин дӯстиро то поёни умр нигоҳ дошт. Раҳбари вақти Ҳизби демократи Тоҷикистон Ҷумъабой Ниёзов аз дӯстони дигараш буд. Ва ҳамчунин шоири маъруф Фарзона ё нависандаи номвар Муҳаммадзамони Солеҳ ва даҳҳо нафари дигар аз рӯшангарону фарҳангиён.
Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон ва аз дӯстони наздики Акрамов дар Фейсбук навиштааст, “ҳар ҷо, ки Сайидшоҳ буд, сухан аз дарди миллат ва аз фарозу фуруди кишвар.”
“Мо дар ҷомиъаи суннатиамон кам афродеро медонем,ки мисли Сайидшоҳ ошиқ бошад...ошиқ ба зарра зарраи хоки меҳан,ошиқ ба тамоми сарзаминҳо ва ақвоми ориёӣ, ошиқ ба зебойӣ...дигар бе ту тамоми ъошиқонаҳои дунё бӯйи марг медиҳад,”- навиштааст Сафар Абдуллоҳ.
Саидшо Акрамов дар оилаи яке аз аввалин муаллимон аз Мастчоҳ Саидакрам Наботов таваллуд шуд. Муллоамин Аминов, аз рафиқони наздики Саидшо Акрамов мегӯяд, дар ташаккули шахсияти марҳум бародараш Саидолим нақши калон дорад, ки солҳо муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Машъал” ва аз дӯстдорони хатти форсӣ, худ хаттоти моҳир ва гирдоварандаи китобҳои қадимӣ буд.
Тарбияи падар ва бародар меҳри адабиётро дар қалби Саидшо ҷой кард. Ӯ ошиқи Мавлоно ва Иқболи Лоҳурӣ буд. Дар манзилаш дар ноҳияи Мастчоҳ китобхонаеро ташкил кард, ки бисёр китобҳои нодирро метавон танҳо дар онҷо ёфт. Ҳарчанд тарбиятдидаи замони Шӯравӣ буд, аммо ба қавли дӯстони наздикаш то охир мехост миллаташ аз ин зердастӣ раҳо шавад.
Ҳарчанд озодандешӣ барои Саидшо Акрамов осон тамом нашуд. Охири соли 1992 ӯро боздошт карданд ва чанд моҳро ҳам пушти милаҳои зиндон гузаронд. Ин дақиқан замоне буд, киҳукумати нав сари кор омад ва афроди озодандеше мисли Бозор Собир, Аҳмадшоҳ Комилзода зиндонӣ шуда буданд. Саидшо Акрамов ҳам, ки роҳбари бахши ноҳиявии Ҳизби демократро ба уҳда дошт боздошт шуд. Яке аз дӯстони наздики ӯ мегӯяд, баъд аз сари кор омадани ҳукумати нав, ки бисёр равшанфикрон тарки кишвар карданд, Акрамов ҷойи корро ҳам напартофт. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи дӯстони Акрамов, яке аз мақомдорони ҳамонвақтаи бахши тандурустии кишвар вақте ӯро дид, суоли аввалаш ҳамин буд: "Ҳоло ҳам ту дар озодӣ ҳастӣ?"
Муллоамин Аминов, муаррих дар ноҳияи Мастчоҳ ва аз ҳамнишинони наздики Акрамов мегӯяд, Саидшо нафаре буд, ки дар сахттарин рӯзҳо, ки донишмандон маҷбур буданд тарки ватан кунанд, касбашро тарк накард ва ҳатто бидуни гирифтани маош мардумро табобат мекард. Пас аз баромадан аз маҳбас суроғи хонадони дӯстонашро мегирифт ва ба ҳадди имконаш ба онҳо кумак мерасонд.
Акрамов то охирин лаҳзаи ҳаёт дар канори табибон дар ноҳияи Мастчоҳ буд. Акси табибони ноҳия, ки гирифторони бемории COVID-19-ро табобат мекунанд, аз охирин аксҳои ӯ дар Фейсбук аст. Акси дигаре ҳам дорад, ки дар он тақрибан 30 нафар ӯро ҳалқа гирифтаанд. Инҳо шогирдони Саидшо Акрамов ҳастанд, ки акнун кори ӯро давом медиҳанд. Ҳамчун рушангар ӯ ҳазорон нафарро бо ҳам пайваста буд, одамон хеле зуд бо ӯ дӯстию бародарӣ пайдо мекарданд. Аз дарди даргузашти ӯ марсияҳои зиёде садо доданд, ки яке аз онҳоро шоири тоҷик Ҷӯра Юсуфӣ навишт:
Бо теги ҷонбахшои худ монандаи Сино будӣ,
Бо сузу дарди ошиқӣ пайванди Мавлоно будӣ.
Огаҳ зи торихи ҷаҳон, аз бостон то ин замон,
Чун шоҳи дунёи худӣ, дунёи дар дунё будӣ.
Пиндору гуфтораш наку, рафтор некутар зи ду,
Тимсоли ин панди куҳан фарзанди Ориё будӣ.
То худ набишносӣ агар, кай мерасӣ ту бар Худо,
Ин ҳарфи Пайгамбар ба лаб, мулло будӣ, мулло будӣ.
Аз қисмати миллат агар огоз мекардӣ сухан,
Сад гуна туфоне ба сар, дарё будӣ, дарё будӣ.
Кохе намонд аз хештан дар олами обу гиле,
Дар кохи дилҳо ҷо шудӣ, доротарин доро будӣ.
Э во дареги одамӣ, холӣ бимонда оламе
Рафта Саидшоҳ Акрамӣ соқию пири мо будӣ.
Саидшо Акрамов даврони пирии худро бо сайёҳат гузаронд. Ҳамарӯза дар саҳифаи фейсбукиаш аксҳоеро нашр мекард, ки дар онҳо Саидшо Акрамовро дар ин ё он гӯшаи дунё буд. Аммо ҳоло ӯ ба саёҳате рафтааст, ки дигар бозгашт надорад. Бозгашт ба назди дӯстон ва наздиконе, ки ҳамеша ӯро интизоранд.