Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти беш аз 200 муҳоҷири тоҷик аз панҷ боздоштгоҳи Русия. ВИДЕО


Муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи Пскови Русия
Муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи Пскови Русия

Беш аз 200 муҳоҷири тоҷик, ки дар панҷ боздоштгоҳи муваққатии шаҳрҳои гуногуни Русия қарор доранд, талаб доранд, то онҳоро зудтар ба ватан баргардонанд.

Бархе аз ин муҳоҷирон барои нақзи қонунҳои будубош боздошт шудаанд ва бархеи дигар маҳбусоне ҳастанд, ки мӯҳлати ҳабсашон ба охир расидааст. Бар асоси қонунҳои Русия онҳо бояд аз ин кишвар ихроҷ шаванд. Аммо бо сабаби баста будани роҳҳо аз ду то чор моҳ боз онҳо дар боздоштгоҳ ҳастанд.

Ин муҳоҷирон бо ирсоли навор шароити боздоштгоҳро “даҳшатнок ва барои зиндагӣ ғайримумкин тасвир карданд”.

Самариддин Давлатов, муҳоҷири тоҷик аз боздоштгоҳи муввақатии вилояти Пскови Русия мегӯяд, теъдоди боздоштшудаҳо рӯз то рӯз зиёд мешавад. Ба гуфтаи ӯ, вазъ ба ҳадест, ки “ҷой барои нафаскашӣ танг шудааст”.

“Бисёриҳо аз маҳбас ин ҷо омадаанд. Моҳҳо боз дар ҷойҳои танг рӯи ҳам хоб ҳастем. Ягон шароити хуб барои зиндагӣ нест”,-гуфт ӯ.

Аз боздоштгоҳи Новосибирск, Екатеринбург, Мордовия ва дигар шаҳрҳои Русия муҳоҷирони боздоштшуда навор фиристоданд.

Қаблан, 24 муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар минтақаи Мордовияи Русия даст ба гуруснанишинӣ зада буданд.

Ин муҳоҷирон мегӯянд, бо ваъдаи он, ки дар зудтарин фурсат ба ватан баргардонида мешаванд, пас аз як ҳафта гуруснанишинро қатъ карданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба онҳо ваъда додааст, ки ба мушкилашон расидагӣ мешавад.

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, ҳамаи муҳоҷирони тоҷик, ки дар боздоштгоҳҳо ҳастанд, руйхат шудаанд.

Ӯ гуфт, дар мавриди аввал бартарӣ ба занони ҳомила ва беморон дода мешавад ва дар навбати дуюм муҳоҷирон аз боздоштгоҳҳо бурда мешаванд.

Муҳоҷирон мегӯянд, борҳо чунин ваъда гирифтаанд, вале маълум нест кай амалӣ мешавад.

Бештар аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар чанд соли ахир аз Русия ихроҷ шудаанд ва ҳақи бозгашт ва кор дар ин кишварро надоранд. Теъдоди боздоштшудаҳо ва зиндониёни тоҷикро дар Русия наздики 10 ҳазор медонанд.

Аз охири моҳи март барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус парвозҳо ба Русия қатъ шуд ва ин боиси дармондани ҳазорон муҳоҷир дар ин кишвар шуд.

Тоҷикистон аз охири моҳи май парвозҳои чартериро ба роҳ мондааст. Мақомот мегӯянд, бо навбат тариқи чунин паврозҳо шаҳрвандони ниёзмандро ба ватан бармегардонанд.

XS
SM
MD
LG