Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи бидуни барқ


Масъулини идораи «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд мегуянд, дар моҳи март низ лимити шадиди барқ дар шимоли Тоҷикистон ҳамчунон бар ҷо хоҳад монд.

Инъом Сангинов – муовини сардори намояндагии идораи «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд гуфт, ба хотимаи лимит ва интиқоли шабонарузии барқ на барвақттар аз нимаи дуюми моҳи апрел метавон умед баст. Дар соли гузаштаи 2007 сар аз рузи 4 - уми апрел дар вилояти Суғд меъёри тақсими барқ хотима ёфта буд.

Мақомоти Суғд дар рузҳои сардтарини моҳи январи имсола ба сокинон расман ваъда карданд, ки бо каме нарм шудани обу ҳаво соатҳои интиқоли барқро ба манзилҳои зисти сокинон хоҳанд афзуд, аммо вазъ беҳтар нашуд. Дар ҳафтаи равон, ҳарорати ҳаво дар Суғд рӯзона аз 5 ва шабона аз 3 дараҷа боло аст, вале танҳо дар Хуҷанд ба манзилҳои сокинон субҳу шом як - яку ним соати неруи барқ дода мешавад, манотиқи дигар мисли як моҳ пеш комилан аз барқ маҳрум аст. Дар ҳоле ки манзилҳои аҳолии қисмати умдаи шаҳру марокизи навоҳии Суғд аз гази табиӣ низ пурра маҳрум аст.

Ба гуфтаи масъулини намояндагии идораи «Барқи тоҷик» дар Хуҷанд, имрузҳо вилояти Суғд танҳо аз неругоҳи обии барқии Қайроқум дар шабонаруз беш аз 2 миллион киловатт/соат барқ мегирад. Неруи барқе, ки Узбакистон ва Қирғизистон интиқол медиҳанд, ночиз аст, беш аз ним миллион киловатт/соат. Аммо интиқоли он ҳам гоҳу ногоҳ қатъ мегардад.

XS
SM
MD
LG