Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 % аз Карзай, 10 % аз Толибон?


Майкл Макконнелл, мудири истихбороти миллии ИМА гуфт, ки ҳукумати Карзай ба таври мустақим танҳо сеяки қаламрави кишварашро таҳти назорат дорад.

Вай гуфт, ки Толибон 10 дар сади қаламрави ин кишвар ва боқӣ манотиқро қабилаҳои маҳаллӣ таҳти контрол нигаҳ медоранд. Макконнел, ки арзёбиҳои амниятии худро дар баробари Кумитаи нирӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико муаррифӣ кард, инчунин гузориши истихборотии худро дар мавриди Эрон такмил ва ироа кард. Вай гуфт, ки эҳтимол меравад Эрон ба таври махфӣ тайи нӯҳ моҳи гузашта тавлиди аслиҳаи ҳастаиро дубора аз сар гирифт.

Афғонистон

Аз замони вуруди нирӯҳои амрикой ба хоки Афғонистону оғози муборизаи онҳо бо Толибон ва мусодиат дар ташкили як ҳукумати марказӣ дар Кобул наздики шаш сол мегузарад. Дар давоми ин муддат, нирӯҳои байналмилалӣ, ки таҳти сарпарастии СММ амал мекарданд, ба тавсеаи нуфузи ҳукумати раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай дар манотиқи дуртар аз пойтахт - шаҳри Кобул кӯмак карданд.

Аммо имрӯз мудири истихбороти миллии ИМА Майкл Макконнел мегӯяд, ки ҳукумати Карзай танҳо 30 дар сади қаламрави кишварро назорат мекунаду Толибон 10 фоизи Афғонистонро. Вай ахиран дар баробари Кумитаи нирӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико гуфт, ки боқӣ манотиқи Афғонистон аксаран дар дасти қавму қабилаҳои маҳаллӣ мебошад, ки раҳбарони худро дошта инчунин соҳиби гурӯҳҳои мусаллаҳи худ мебошанд. Аксар онҳое, ки аз суханрониҳои Макконнел мушоҳида мекарданд, чунин хулоса бардоштанд, ки ба ин тартиб 70 дар сади манотиқи Афғонистон аз назари ҳукумати марказии Карзай берун мемонад.

Ва аммо дар вокуниш ба ин изҳорот, Сибғатуллоҳ Санҷар, мушовири сиёсии Карзай дар сӯҳбат бо радиои Афғонистони Озод дар Кобул гуфт, ки чунин тахминзаниҳо беасос мебошанд, чунки, ба қавли вай, пуштибониҳои аксар раҳбарони қабилаҳову гурӯҳҳои мусаллаҳи онҳоро аз ҳукумати Карзай нодида гирифта шудааст.

Гузориши Макконнелл ҳокӣ аз он аст, ки алорағми ин ки нирӯҳои байналмилалӣ ва артиши Афғонистон бо амалиёти тактикии худ пайваста аз болои ҷангиёни Толибон пирӯз мешаванд, аммо дар баъзе манотиқи ҷанубии кишвар солҳои охир вазъи амниятӣ рӯ ба вахомат оварда Толибон ҳар чи бештар амалиёти худро дар нуқоти дар гузашта амну босуботи ғарби Афғонистон ва наздикиҳои Кобул пиёда мекунанд. Вай гуфт, ки маҳв ва ё боздошти се раҳбари баландпояи Толибон дар соли гузашта, ки чун нахустин қурбониҳои ҷиддии шӯришиён маҳсуб мешуд, ба назар намеояд, ки ба амалиёти Толибон таъсири чандоне гузошта бошад.

Дар ниҳоят, мудири истихбороти миллии Амрико таъкид мекунад, ки Кобул бояд бо парлумони кишвар ва инчунин раҳбарони минтақаҳову қабилаҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ кунад, то ки салоҳиятҳову нуфузи ҳукумати марказиро тақвият бахшад. Инчунин ӯ гуфт, ки бо вуҷуди ташкили нирӯҳои полиси миллӣ ва низоми адлияи кишвар, ки дар солҳои охир ба пешрафт даст меёбад, полис ва додгоҳҳо ҳанӯз дар роҳандозии барномаҳои худ дар сатҳи минтақаҳо тавонманд нестанд.

Дар ҳоле, ки қисмати муҳими гузориши Макконнелл ба арзёбиҳои вазъи амниятии Афғонистон бахшида шуд, мавзӯи хатари силоҳҳои ҳастаӣ ва ба дасти гурӯҳҳои террористӣ гузаштани он як бахши дигари аслии гузориши вайро ташкил дод.

Эрон

Дар робита ба Эрон гузориши 45-саҳифагии истихборотӣ аз барномаи ҳастаии ин кишвар бо нигаронӣ ёдовар шудааст. Макконнелл гуфт, агар дар гузориши соли гузашта роҷеъ ба хатми фаъолиятҳои Эрон дар самти тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ гуфта мешуд, пас бозёфтҳои нави онҳо ишора ба он дорад, ки аз миёнаҳои соли 2007-ум Теҳрон дубора метавонист барномаи эҷоди аслиҳаи ҳастаиро аз сар бигирад.

Зиёда аз ин, гуфт вай, Эрон ҳоло дар ду самти барномаи тавлиди силоҳ кор мекунад, ки аввалиаш ғанисозии ураниум буда, дигараш инкишоф ва такмили системаи мушакҳои дурпарвози баллистикӣ мебошад, ки тавони интиқоли кулоҳакҳои ҳастаиро доранд.

Вай афзуд, ки тибқи арзёбиҳои онҳо, имкон дорад Эрон то охири соли 2009 маводи барои тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ кофии ураниуми ғанишударо ба даст меорад. Аммо аз эҳтимол дур аст, гуфт вай, ки Эрон тавонад базудӣ тавони тавлиди аслиҳаи ҳастаиро ба даст оварад. Ба эҳтимоли ғолиб, афзуд вай, Эрон аз ҷиҳати фаннӣ тавони тавлиди миқдори зарурии ураниуми ғанишударо ба хотири эҷоди аслиҳа то солҳои 2010-2015 ва ё дертар аз он ба даст хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG