Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудирони мактабҳо омӯзиш диданд


Дар вилояти Суғд як давраи омӯзишӣ барои мудирони макотиби миёнаи Тоҷикистон, ки нахустин чунин як давраи омӯзишие буд, ба анҷом расид.

Мудирони мактабҳои миёна аз кулли манотиқи Тоҷикистон ба вилояти Суғд барои омӯзиши таҷрибаи чанд мактаби шахсӣ, ки дар ин вилоят фаъолият мекнуанд, ҷамъ омада буданд.

Хабаргузории «Вароруд» бо такя ба мақомоти расмии вилоят хабар додааст, ин мактабҳои ба истилоҳ «намуди нав» дар Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Чкаловск ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир шудаанд.

Дар қисми назариявии давраи омӯзишӣ дар шаҳри Исфара, ҳамчунин муовини сарвазир Руқия Қурбонова ва вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов иштирок доштаанд. Дар давраи омузишӣ дар маҷмӯъ, ҳудуди 200 нафар (мудирони мактабҳои миёна, раҳбарони шӯъбаҳои маориф ва муовинони руасои ноҳияҳо) иштирок кардаанд.

Хабаргузорӣ таъкид кардааст, ки баргузории ин давраи омӯзишӣ бо дастури шифоҳии раисҷумҳур Раҳмон дар маҷлиси солонаи ҳукумат дар моҳи январи соли ҷорӣ сурат гирфита буд. Дар он ҷаласа, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори як мактаби «намуди нав» дар шаҳри Исфара тақдир карда буд ва дастур дода буд, то ҳамаи мудирони мактабҳои миёнаи дигар манотиқ ба Исфара бираванд ва таҷрибаи ин мактабро биомузанд.

XS
SM
MD
LG