Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯшт ва орд боз гарон шуд


Дар як ҳафтаи ахир то ба 140 сомонӣ боло рафтани қиммати орд ва 20 дар сад афзоиши нархи гӯшт дар бозорҳои водии Зарфашон, бавижа Панҷакент боиси нигаронии сокинони минтақа шудааст.

Обид Набиев, сокини деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент аз ҳамарӯза болоравии нарху наво изҳори норизогӣ карда гуфт, мардум бо ин маоши ночизе, ки доранд, наметавонанд ба чунин нарху наво зиндагияшонро пеш бибаранд.

Абдулваҳҳоб Бобоев, нозири бозорҳои ноҳияи Панҷакент мегӯяд, иллати болоравии қиммати орд ва дигар маводи ниёзи аввалияи мардум афзоиши нархи он дар бозорҳои Душанбе ва Хуҷанд мебошад. Ӯ гуфт, қиммати орд вобаста ба навъи дар як ҳафтаи ахир аз 15 то ба 25 сомонӣ гарон шудааст. Агар як ҳафта қабл орди истеҳсоли Қазоқистон 115 сомонӣ буд, имрӯз нархи он 135 сомонӣ ва орди навъи олӣ 140 сомонӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи ахир на танҳо нархи орд ва гӯшт, балки ҳамчунин соири дигар маводи ғизоӣ ва меваву сабзавот низ боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG