Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русӣ забони бонкдорӣ мешавад?


"Вашингтон Пост", нашрияи амрикоӣ ба мушкили нажодпарастӣ ва афзоиши қурбониёни ин падида дар Русия пардохта, матлабашро бо сарнавишти ду тоҷике шурӯъ мекунад, ки ахиран дар шаҳри Маскав кушта шудаанд.

Нашрия аз қавли Бюрои ҳифзи ҳуқуқи инсони Маскав овардааст, ки дар се моҳи соли равон дар Русия 49 нафар қурбонии фашистони нави рус гаштаанд ва аз ин шумора 23 тан шаҳрванди Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон мебошанд. "Вашингтон Пост" овардааст, мақомоти расмии Русия афзоиши теъдоди қурбониёни миллатгароёни русро инкор мекунанд ва мегӯянд, куштори ғайрирусҳо на ҳама асос бар нажодпарастӣ доранд.

Дар таҳқиқи мақомоти рус аксари парвандаҳои куштори ғайрирусҳо «авбошӣ» унвон мешавад. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, далели куштори ғайрирусҳо қабл аз ҳама бар пояи нажодпарастӣ аст ва дар Русия ҳудуди 70 000 скинҳед ба сар мебаранд, ки расмиву ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд.

Далели нажодгароёни рус ин будааст, ки онҳо муҳоҷирати кории кишварҳои бахусус Осиёи Марказиро таҷовузи ватани хеш мехонанд, зеро онҳор дар Русия ҷойир кори русҳоро мегиранд ва фарҳанги русиро нобуд мекунанд. "Вашингтон Пост" ба нақл аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар овардааст, ки дар ҷомеаи Русия рӯҳияҳои нажодгароёна таҳким меёбанд ва тибқи пурсиши ҳамагонии Маркази Левада дар Маскав 54 дарсади пурсидашудагон Русияро ватани русҳо медонанд ва зарурати маҳдуд кардани нуфузи дигар миллатҳоро дар кишварашон амри зарурӣ меҳисобанд.

Расонаҳо Русия ба нақл аз хабаргузории бритониёии Reuters овардаанд, Бонки марказии Русия мехоҳад забони русӣ ҳамчун забони коргузории ниҳодҳои молиявии кишварҳои Авруосиё эътироф шавад ва онро ҳамчун бартарӣ дар рақобатҳои Маскаву Лондон барои маркази ҷаҳонии молия шудан истифода кунад. Расонаҳо аз қавли Сергей Шветсов, масъули Бонки Марказии Русия овардаанд, ки кишварҳои созмони Авруосиё – Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мехоҳанд бозори ягонаи асъорро ба вуҷуд оранд, аз ин хотир қонунгузории ягона низ ба вуҷуд ояд, ки бояд бо забони русӣ сурат гирад.

Шветсов гуфтааст, истифодаи забони англисӣ дар кишварҳои Авруосиё, ки ҳанӯз забони русиро фаромӯш накардаанд, Маскавро ҳамчун Лондони дуввум хоҳанд шинохт, аз ин хотир, нашрия ҳисоботҳо ба забони англисӣ маънои бохти мавқеи забони русиро дорад.

Washington Profile, нашрияи интернетии амрикоӣ раддабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодиро ба нашр расонидааст, ки сокинон, соҳибкорон ва ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон дар фаъолияти худ то кадом андоза аз имкониятҳои технологияи иттилоотӣ истифода мекунанд. Миёни 127 кишвар Тоҷикистон дар ин рейтинг дар мавқеи 98 қарор дорад. Беҳтаринҳо Дания, Шветсия, Швейтсария, Сингапур ҳастанд ва дар мавқеи аз ҳама поён, яъне 127 ум кишвари африкоии Чад ҷойгир аст. Аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ Эстония дар мақоми 20, Қазоқистон дар мақоми 71, Русия 72 ва Арманистон дар мақоми 106 ва Қирғизистон 114 ҷой гирифтаанд.

TajikistanWeb.com, торнамои тоҷикие, ки дар Аврупо нашр мешавад, ба мушкил ва таърихи маҳалгароӣ дар Тоҷикистон ва миёни тоҷикон пардохта, навиштааст, ин падида дар замони Шӯравӣ унсури аслии сиёсати «тафрика биандозу хукумат кун» буд ва акнун идеулужии нонавиштаи давлатй ва хам бахсхои ошкори равшанфикрони тоҷик шудааст. Муаллифи ин матлаб навиштааст, далели умдаи рушди маҳалгароӣ дар Тоҷикистон аз ҳудудҳои ин кишвар берун мондани марказҳои тамаддуни тоҷикон – шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро, сиёсати узбаксозии тоҷикон аз сӯйи ҳукумати шӯравӣ дар солҳои бистуми асри бист будааст. Муаллифи ин матлаб ба даврони пеш аз шӯравӣ низ руҷӯъ намуда, менависад, тоҷикон тӯли таърих дар Осиёи Марказӣ паҳну парешон буданд, аз ин хотир, шаклгирии миллии тоҷикон ба кундӣ сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG