Улмас Мирсаидов, раиси Ожонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ, мегӯяд, гурӯҳи корӣ нийят дорад, ки майдон ва захираҳои ураниуми Тоҷикистонро ошкор созад. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки дар зарфи 15 соли ахир қимати ураниум дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш пайдо кард ва аз ин рӯ истихроҷи он дар Тоҷикистон низ аз манфиъат холӣ нест: «Муайян кардани захоири ураниуме, ки дар мо ҳаст, хеле бамаврид мебошад. Барои чӣ? Барои он ки ҳоло мо пурра намедонем, ки дар кадом минтақаи Тоҷикистон чи миқдор ураниум дорем. Дар дурнамое, ки ҳоло таҳия мешавад, бояд майдони захираҳои ураниум дар Помир ва Тоҷикистони марказӣ дақиқ гардад. Ҳамчунин мо бояд дурнамои коркарди ураниумро ба ҳукумат пешниҳод кунем. Чунки мо корхонаи коркарди уруанимро дорем ва ҳатто дар Шӯравии собиқ ҳамасола аз коркарди 1 миллион тонна ураниум оксиди ураниум мегирифтем».
Ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан истихроҷи уран дар қадами аввал аз партовгоҳҳои радиоактив дар шаҳру навоҳии Адрасмон, Табошар, Деҳмой ва Ғафурови вилояти Суғд, ки миқдори умумиаш 55 миллион тонна аст сурат мегирад: «Азбаски нархи ураниум бисёр гарон шудааст, коркарди баъзе аз партовҳои ураниум ҳам бамаврид аст».
Аммо ба дунболи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ истихроҷи ураниюм дар ин минтақа мутаваққиф шудааст. Нуъмонҷон Ҳакимов, масъули Ожонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ дар вилояти Суғд, мегӯяд, корхонаи «Востокредмет»-и шаҳри Чкаловск тӯли 17 соли бидуни Шӯравӣ зиёне ҳам надидааст ва ҳоло ҳам барои коркарди ураниюм омода мебошад. Ӯ, аз ҷумла, изҳор кард, ки дар давоми солҳои 1945 – 1991 баъди дар вилояти Суғд истихроҷ гардидани ураниюм он дар корхонаи «Востокредмет»-и шаҳри Чкаловск коркард мешуд.
Вале мавзӯъи коркард ва баҳрабардорӣ аз захоири ураниюм дар Тоҷикистон, пас аз 17 соли азҳампошии Шӯравӣ аз забони Эмомалӣ Раҳмон ба ҳангоми ироъаи паёми солонааш ба порлумони кишвар садо дод. Э. Раҳмон эълом дошт, ки ҳудудан 14 дарсади захоири ҷаҳонии ураниюм дар кишвар мавҷуд аст ва бояд ин захоир оқилона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Вале оё Тоҷикистон бо имконоти молие, ки феълан дорад, барои баҳрабардорӣ аз ураниюм омода аст? Улмас Мирсаидов мегӯяд, ин кор барои Тоҷикистон ба осонӣ даст нахоҳад дод ва ҳатман дар ин самт ба кумак ва сармояи кишварҳои ёрирасон ниёз боқӣ хоҳад монд: «Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон, захираҳои мавҷудаи ураниумро танҳо коргоҳҳои давлатии кишвар метавонанд коркард бикунанд. Қонунро, агар зарурат шавад, иваз ва, ба ҳамин васила, сармояи хориҷиро ҷалб кардан мумкин аст. Зеро бо сармояи хориҷӣ ин кор зудтар анҷом меёбад».
Гуфта мешавад, то ин дам бархе аз ширкатҳои русӣ барои кашф ва истихроҷи захираи ураниум дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда буданд. Аммо масъули Саридораи геологияи тоҷик, бо назардошти ин ки қавонини ҷории Тоҷикистон – чун дар Шӯравии собиқ – ҷиҳати баҳрабардорӣ аз ураниум истифодаи сармояи хориҷиро иҷоза намедиҳад, таъкид мекунад, ки заминшиносони тоҷик ҳоло танҳо қасд доранд ҳарчи зудтар майдонҳои дорои ураниумро кашф ва наҳваи баҳрабардорӣ аз онро пешниҳод кунанд.
Аммо, бо ин ҳама, саволе, ки то ҳанӯз бепосух боқӣ мондааст, ин аст, ки то куҷо сармоягузорони хориҷӣ сармояи худро ба ин бахш хоҳанд гузошт? Тоҷикистон, ки феълан аз захираҳои нафту газ маҳрум аст ва моли зиёди бозоргире ҳам истеҳсол намекунад, ба ин умед мебандад, ки бо пешниҳоди захираҳои ураниум иқтисоди нимҷони худро нерӯ бубахшад.