Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хонаи Озодӣ": вазъи озодии баён дар ҷаҳон


Озодии баён дар ҷаҳон аз умдатарин озодиҳои шаҳрвандӣ дониста мешавад. Ҳаққи бебаҳси ҳар инсон ба озодии сухан ҳатто дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таъкид шудааст.

Озодии баён сонсури давлатӣ ва ҳар навъи дигари мудохила ба изҳори ақидаро хориҷ аз қонун мехонад. Албатта, ба истиснои маҳдудиятҳои дар ҷаҳон қабулшудае, чун парҳез аз пахши тавҳину туҳмат ва ахбори бардурӯғ. Вале, агар низомҳои демократии дунё дар ин маврид бештар рӯи асли аввал, яъне парҳез аз сонсур, фикр кунанд, давлатҳои худкома, баръакс, талош мекунанд бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз нашри тавҳину дурӯғ доманаи озодии баёнро ҳатталимкон ва ҳатман ба нафъи худ маҳдуд кунанд.
Дар ҳамин ҳол, фаъъолони ҳуқуқи башар ва ҳаракатҳои демократӣ озодии баён ва озодии матбуотро як ҷузъи аслӣ ва ҳатмии ҳар як ҷомиъаи демократӣ хонда иддаъо мекунанд, ки ҷомиъаи инсонӣ ба хотири аз зуҳуроти баду манфӣ пок кардани худ ба чунин як оинае, ки ҳусну қубҳашро бепарда ва ба сурати ростин барояш бинамояд, ниёз дорад. Онҳо мегӯянд, озодии баён буд, ки масоъиле, чун «Уотергейт»-ро, ки дар соли 1973 бо истеъфои президенти вақти Амрико Ричард Никсон анҷомид, ё ҷанҷоли равобити маҳрамонаи президенти дигари Амрико Билл Клинтон бо коромӯзи Кохи сафед Моника Левинскиро рӯи об баровард. Билл Клинтон ҳарчанд аз он ҷанҷол бо камтарин осеб раҳид ва кораш то ба импичмент – раъйи адами эътимод – накашид, вале он ҷанҷол, ба ҳар сурат, возеҳ нишон дод, ки дар Амрико касе – ҳатто президент – дар муқобили озодии баён масуният надорад. Ҳамин тавр, бадрафториҳои сарбозони Амрико нисбат ба маҳбусини ироқӣ дар зиндони «Абу Ғурайб»-и Бағдод низ ба шарофати озодии баён бармало шуд.
Кристофер Уокер
Дар ҳоле ки мавридҳои аз ин ба маротиб бадтари бадрафторӣ ва шиканҷа ва дигар анвоъи нақзи ҳуқуқи инсон дар кишварҳое, ки ба озодии баён эҳтироми чандоне қоил нестанд, одатан барои солҳо ва ё дастикам то замони табдили раҳбари худкомааш аз чашми ҷомиъа пӯшида боқӣ мемонад.
«Хонаи Озодӣ», ё худ «Фридом Ҳаус», созмони амрикоии дифоъ аз озодии баён ва озодии матбуот, дар гузориши ахири худ вазъи озодии баён дар 195 кишвари ҷаҳонро ба баррасӣ гирифтааст. Созмони мазкур дар ин санад, аз ҷумла, навишт: 42 дарсади ҷамъияти ҷаҳон ё худ наздики 2 миллиарду 800 миллион нафар ҳамчунон дар кишварҳое ба сар мебарад, ки аз лиҳози озодии сухан озод нестанд. Бар асоси ин гузориш, 40 дарсади дигари мардуми дунё дар кишварҳои аз ин лиҳоз қисман озод зиндагӣ доштаанд. Ба ҳисоби «Хонаи Озодӣ», танҳо 18 дарсади башар ба меваҳои озодии баён дастрасии комил доштааст. Кристофер Вокер, мудири пажӯҳишҳои ин созмон, дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқоти барои 195 кишвар анҷомдодаи онҳо танҳо 37 дарсади кишварҳои ҷаҳонро аз нигоҳи таъмини озодии баён комилан озод дарёфтааст.
Аммо, дар ҳамин ҳол, ӯ қайд мекунад, ки “…59 кишвар, ё худ 30 дарсад аз ҷамъи кишварҳо, қисман озод ва 64 кишвар, ё 33 дарсади кишварҳои ҷаҳон, ғайриозод арзёбӣ шуданд. Ва ин баровард ҳокист, ки мизони озодии баён назар ба як соли пеш, ва тавре мо мебинем, дар муқоиса бо чанд соли ахир поин рафтааст”.
Созмони «Хонаи озодӣ» дар тӯли 25 соли ахир вазъи озодии баён дар кишварҳои ҷаҳонро назорат ва таҳқиқ мекунад. Ба тазаккури ин созмон, соли 1984 танҳо 23 дарсади кишварҳои ҷаҳон матбуоти озод доштаанд, ҳарчанд 57 дарсади ин кишварҳо аз нигоҳи озодии баён дар 25 соли пеш ғайриозод будаанд.
Журналисти машҳури рус Юрий Шекочихин, ки барои мақолаҳои бармалокунандааш 2 сол пеш кушта шуд
Таййи ин чаҳоряк аср ҷаҳон дар корзори озодии баён ба пешрафти қобили мулоҳизае ноил шуда, шумори кишварҳои озодаш тақрибан 30 дарсад афзудаву теъдоди кишварҳои саркӯбкунадаи озодии сухан баръакс аз 57 то 33 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин пешрафт, ба эътиқоди «Хонаи Озодӣ», асосан аз ҳисоби ба роҳи ислоҳоти демократӣ пой ниҳодани кишварҳои Амрикои лотинӣ дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта ва як миқдор озодиҳое, ки фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҷамоҳири дар гузашта тобеъи он овард, ба даст омадааст. Аммо, меафзояд созмон, ин раванд ахиран ба кундӣ гаравида, соли шашум аст, ки ҳатто рӯ ба ақиб ниҳодааст. Ба қавли К. Вокер, чунин раванди пасрафт ба вижа дар кишварҳои Осиёи марказӣ мушоҳида мешавад. Ӯ таъкид мекунад, ки дар ҷадвали имсолаи «Хонаи Озодӣ», танҳо мавқеъи Туркманистон тағйир накардааст, ва он ҳам ба ин далел, ки Ишқобод дар яке аз 3 зинаи поинтарини феҳристи «Хонаи Озодӣ» боқӣ монда, шонси чандоне барои аз ин ҳам поинтар рафтан надоштааст: "Ба андешаи ман, Осиёи марказӣ аз лиҳози озодии матбуот дучори чолиш шудааст. Соли гузашта мо дидем, ки мавқеъи ҳама кишварҳо поинтар рафт, ба истиснои Туркманистон, ки дар миёни ҷумҳуриҳои минтақа бетағйир дар поинтарин мавқеъ қарор мегирад, ва чун бадтарини бадтаринҳо аз лиҳози озодии баён дар саросари ҷаҳон арзёбӣ мешавад".
Хонаи Озодӣ дар гузориши ахири худ аз байни 195 кишвари ҷаҳон Финляндия, Исландия ва Данияро кишварҳои аз лиҳози озодии баён озодтарин баршумурда, Туркманистон ва Бирмаву Куриёи шимолиро дар поёни феҳристи худ ҷой додааст.
Дар ҳоле ки дар байни 20 кишвари аз нигоҳи озодии сухан озодтарини дунё 17 кишвараш аз қорраи Аврупо ҳастанд, дар байни 10 кишвари поймолкунандаи аслии озодии баён «Хонаи Озодӣ», аз ҷумла, 3 кишвари шӯравии собиқ – Узбакистону Беларус – бар иловаи Туркманистонро ном бурдааст.
Мирек Тополанек, сарвазири Ҷумҳурии Чех, ҳангоми суханронӣ дар конфронси "Русия як сол пас аз куштори Анна Политковская"
Аммо, дар ҳамин ҳол, Кристофер Волкер ишора мекунад, ки рушди фанновариҳо, ба хусус сомонаҳову торнигорҳои интернетӣ ва телевизионҳои моҳвораӣ то рафт дасти таъқиби давлатҳои саркӯбкунандаи озодии баёнро кӯтоҳтар мекунад. Ин аст, ки мегӯяд ӯ, давлатҳои худкома акнун ба таври ҷиддӣ даст ба танг кардани марзу буми фаъъолияти чунин расонаҳо задаанд: "Соли ҷорӣ, таҳқиқоти созмони «Хонаи Озодӣ» аз назари вазъи матбуот 195 кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст ва аз байни онҳо 72 кишвар чун давлатҳои озод арзёбӣ шуданд, 59 кишвар чун кишварҳои қисман озод ва 64 давлати ҷаҳон чун кишварҳои ғайриозод баҳогузорӣ шуданд. Ин вазъ поинравии нишондодҳоро дар муқоиса бо соли гузашта ва пастравии куллиро дар муқоиса бо чанд соли гузашта намоиш медиҳад".
Вале, дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди таҳлилгарон, пеши роҳи ин дарёро гирифтан як амри муҳол аст ва густариши шабакаи ҷаҳонии Интернет ва дастрасии бештари мардум ба расонаҳои моҳвораӣ метавонад харитаи озодии баёни ҷаҳони муосирро дар кӯтоҳмуддат ба гунаи қобили мулоҳизае тағйир бидиҳад.
Ба гунае ки шояд дар тасаввури кунунии мо ҳатто нагунҷад.
XS
SM
MD
LG