Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хавфи изҳори назар дар кишварҳои пасошӯравӣ


Ӯзбакистон дар назарсанҷии соли 2006 шомил набудааст.
Ӯзбакистон дар назарсанҷии соли 2006 шомил набудааст.

Ахиран маркази машҳури назарсанҷии “Геллап” (The Gallup Poll) дар кишварҳои пасошӯравӣ як назарсанҷиро марбут ба озодии баён доир кард.

Дар феҳрист, ки ин кишварҳоро мувофиқи сатҳи тарси мардум барои баёни ақидаашон аз баландтарин то пастарин ҷойгир кардаанд, дар ҷои охирин ва бо баландтарин сатҳи тарси баён Тоҷикистон қарор дорад. Баъд аз он Арманистон, Молдова, Озарбайҷон, Узбакистон, Литва ва Гурҷистон қарор гирифтаанд.
Кристофер Вокер, таҳлилгари гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башари “Хонаи озодӣ”, бар ин ақидааст, ки сабаби бад шудани вазъ дар он аст, “дар саросари Авруосиё бодҳои зиддидемократӣ мевазанд”.
Зимни мусоҳибаи телефониаш бо радиои Озодӣ Вокер изҳор намуд, ки сарварони кишварҳои собиқ Шӯравӣ болои муассисаҳои калидии тавсиъаи демократия фишори бесобиқа меоранд. Маҳдудиятҳо дар ҷамъияти шаҳрвандӣ, озодии мушорикат ва аз ҳама муҳиммаш, фаъолияти матбуот ва манобеи хабарӣ мушоҳида мешавад: “Нишонаҳое, ки мо дар тӯли чанд соли ахир дар “Хонаи озодӣ” бисёр дақиқ мушоҳида мекардем, ба мо имкон медиҳанд, то ҳадс занем, ки чунин фишор расман вуҷд дошт ва дар натиҷа ин фишор ба ҳиссиёти бастани даҳони касе ва худсонсурӣ дар сатҳҳои гуногун таъсир расондааст”.
Тибқи баровардҳои назарсанҷии мазкур, дар Тоҷикистон дастикам 70 дарсади ширкаткардагон гуфтаанд, ки метарсанд мавқеъи сиёсиашонро изҳор намоянд. Дар ин робита “Геллап” ба раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ишора мекунад, ки аз замоне, ки 14 сол пеш ба мақомаш нишаст, тамоми қудратро дар ихтиёраш дорад ва фаъолияти мухолифини сиёсии кишварро маҳдуд кардааст.
Дар Узбакистон, мегӯяд «Геллап» беш аз 55 дарсади ширкаткардагон хавф доранд, ки дар мавзӯъҳои сиёсӣ суҳбат кунанд. Вокер ишора мекуна, ки ин нишондодҳо тааҷҷубовар нестанд. Дар ду соли ахир, афзуд вай, созмонҳои ғайридавлатии, кишвар, ки мебоист ба ҳайси як “нерӯи миёнарав” хизмат мекарданд, хомӯш карда шуданд ва ҳатто фаъъолияташон ба мушкилии умда мубаддал гаштааст.
Дар Гурҷистон «Геллап» дар тӯли соли гузашта парешонии сиёсии кишварро мушоҳида кардааст. Вокер эълом дошт, ки баъд аз эълони вазъи изтирорӣ дар охирҳои соли 2007 шаҳрвандони Гурҷистон дигар майл надоранд мавқеъи сиёсиашонро баён кунанд.
Бино бар баровардҳои назарсанҷӣ, дар баъзе кишварҳо бадшавии вазъ ба назар мерасад. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистону Арманистон соли 2006 онҳое, ки метарсиданд ақидаашонро озодона баён кунанд, 50 дарсадро ташкил медоданд ва аммо акнун дар ин кишварҳо рушди 20 дарсадии нишондодҳо мазкур мушоҳида мешавад.
Дар ҳамин ҳол, мутахассисон мегӯянд, агар ҳукуматҳои он кишварҳо дар ҳақиқат хоҳанд чунин тарсро аз байн баранд, пеш аз ҳама бояд бархӯрд ба матбуъоти озод ва изҳори ақидаи сиёсиро тағийр диҳанд. Ба гуфтаи К. Вокер, дар бахши озодии матбуъот бояд ислоҳотҳои умда анҷом шаванд ва ба хусус бояд дастрасӣ ба ҳамаи сарчашмаҳои хабарӣ озод карда шавад.
XS
SM
MD
LG