Шурӯъ аз соли равон, имкон дорад, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар кишварҳои ҳамдигар бидуни сабти ном то 30 рӯз буду бош кунанд. Алъон мӯҳлати иқомати муваққатии бидуни сабти номи онҳо ҳамагӣ 5 рӯз аст.
Ва ин, тавре муҳоҷирон мегӯянд, барои ҳарду ҷониб, ба вижа, барои шаҳрвандони Тоҷикистон мӯҳлати бисёр кам аст. Аз ин хотир, тавре Серик Саинов, сарвари бахши идораи пулиси муҳоҷирати Қазоқистон бо родиои «Озодӣ» гуфт, ин мавзӯъ ҳангоми сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон, ки моҳи май сурат гирифта буд, ба миён гузошта шуд ва алъон ин масъала аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳарду кишвар мавриди мутолиа ва баррасӣ қарор дорад.
Сарвари бахши идораи пулиси муҳоҷирати Қазоқистон иброз дошт, ки ба ҳукуматҳои ҳарду кишвар супориш дода шуд, ки меконизми судманду соддатари иқомати муваққатии шаҳрвандони ҳарду кишвар мутолиа ва баррасӣ гардад ва алъон мо ва имкони дорад дар оянда шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон то 30 рӯз бидуни сабти ном иқомат кунанд. Ба гуфтаи оқои Саинов, алъон ин мавзӯъро вазорати дохилаи кишвар бо вазорати хориҷа ва хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон баррасӣ доранд.
Баъди ба имзо расидани ин ҳуҷҷат, ҳангоми вуруд ба ин кишвар дар посгоҳҳои марзӣ ба шиносномаи мусофир ду мӯҳр, яке мӯҳр бо санаи вуруд ва дигаре мӯҳри санаи сабти ном мегузоранд. Оқои Саинов таъкид намуд, ҳалли ин масъала имкон хоҳад дод, ки таи як моҳ муҳоҷирони тоҷик бидуни мушкилот манзилу ҷои кор пайдо намоянд ва ё мӯҳлати буду бошашонро тамдид кунанд. Қаблан бошад, онҳо чун дар 5 рӯзи муқарраргардида сабти ном нашаванд, ба маблағҳои зиёд ҷарима карда мешуданд.
Қаблан Қирғизистон низ аз Қазоқистон дархост карда буд, ки мӯҳлати бидуни сабти номи иқомати шаҳрвандонаш дар ин кишвар ба 3 моҳ расонида шавад ва ин пешниҳоди Қирғизистон ҳам дар ҳоли омӯзиш аст.
Мӯҳлати иқомати бидуни сабти номи тоҷикон дар Қазоқистон дароз мешавад.