Дар ин анҷуман Шӯрои марказии ин иттиҳодия ташкил шуд, вале ширкатдорони анҷуман натавонистанд раиси ин иттиҳодияи ҷумҳуриявиро интихоб намоянд.
Анҷуман аз ду бахш иборат буд. Дар бахши аввал беш аз 80 нафар ширкатдорони он суханрониву шодбоши Баҳром Холназаров, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон, Латофат Насриддинова, мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иҷтимоӣ, Ирина Смешко, намояндаи Маҷмӯи халқҳои Қазоқистон ва ҳамчунин суханронии донишмандони тоҷику қазоқ ва сарварони марказҳои фарҳангии вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявиро шуниданд.
Аз ҷумла, дар анҷуман гуфта шуд, ки дар Қазоқистон бештар аз 45 ҳазор тоҷикон ба сар мебаранд ва дар ин кишвар даҳ маркази фарҳангии вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолият мекунанд. Фарзандони тоҷикҳо дар 10 мактаби таҳсилоти ҳамагонии омехтаву соф тоҷикӣ ба забони модариашон таҳсил мегиранд ва сафорат барои рушди фарҳанги мардуми тоҷики кишвар ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Шоираи шинохтаи қазоқ Савле Усенбекова, адиб ва рӯзноманигор Саидаҳмад Қуттиқадам, донишмандон Сафар Абдулло, Гулнора Мендиқулова ва Шойзода Тӯхтабоева дар бораи нақши мардуми тоҷик ва забони форсӣ-тоҷикӣ дар гузашта ва имрӯза ва ҳамкориҳои фарҳангии тоҷикону қазоқҳо сӯҳбат карданд. Ба вижа шеърхонии шоира Сауле Усенбекова дар бораи забони форсӣ ба ҳамагон писанд омад.
Сипас барои ширкатдорони анҷуман аъзои дастаҳои ҳунарии тоҷикони Сариоғочу Махтаарал таронаҳои дилписанди тоҷикӣ хонда, хотири ҳамагонро болида доштанд. Баъди зӯҳр бахши дуюми анҷуман мебоист раёсати иттиҳодия ва сарвари онро интихоб мекард. Вале дар масоили интихоби раиси иттиҳодия мушкил пеш омад ва ширкатдорони анҷуман ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд.
Аз ҷумла, Саидмурод Шарифов, раиси иттиҳодияи тоҷикон бо номи «Сомониён», ки ағлаби ширкатдорони анҷуман ӯро барои бефаъолиятиаш интиқод карданд, пешниҳод намуд, ки профессори бахши ҳунар Пӯлод Элдаров ва мураббии гӯштигирон Ҳикматулло Холиқов раиси иттиҳодия интихоб карда шаванд. Вале Акабой Худойқулов, сарвари Маркази фарҳангии тоҷикони Қазоқистони ҷанубӣ ҷонибдори ба ин вазифа баргузида шудани Сафар Абдулло, донишманди шинохтаи тоҷики муқими Қазоқистон, шуд ва бахши аъзами ширкатдорон ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд ва гуфтанд, ки Сафар Абдулло аз шахсиятҳои саршиноси кишвар аст ва метавонад кори иттиҳодияро муваффақона пеш барад.
Вале Ҷамила Тошева, муъовини раиси маркази фарҳангии тоҷикон ба номи «Сомониён», ки сарварии бахши дуюми анҷуманро бар ӯҳда дошт, ҷараёни интихоби сарвари иттиҳодияро қатъ кард ва гуфт, ки алъон баъзе аз раисони марказҳои фарҳангӣ дар ҷаласа ширкат надоранд, аз ин хотир раис дар ҷаласаи дигар то моҳҳои сентябр интихоб карда хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳама ширкатдорони анҷуман ба интихоби сарвари иттиҳодия дар ҳамин анҷуман раъй дода буданд ва дар барнома низ интихоби раиси иттиҳодия зикр гардида буд.
Ба гуфтаи Шарифи Шариф, яке аз вакилони анҷуман иллати дар ин маврид ба мувофиқа расида натавонистани вакилон аз мавҷудияти гурӯҳбозӣ дар байни онон аст. Шариф мегӯяд, «бояд бигӯям, он чизе, ки мо мехостем, дар ин анҷуман ба даст наомад. Ҳадафи мо интихоби раиси созмони саросарии тоҷикони Қазоқистон буд, аммо ба ин ҳадаф нарасидем. Ман фикр мекунам, ки дар охир баъзе гурӯҳбозиҳо ҳам шуд ва иллати ба ҳадаф нарасидани мо ҳамин гурӯҳбозиҳо буд».
Вале Шарифи Шариф аз он шод аст, ки ҳадди аққал дар ҳамоиш бори нахуст раёсати иттиҳодия интихоб гардид, зеро тайи панҷ сол иттиҳодия бидуни чунин шӯро фаъолият дошт ва аз ин сабаб кори назаррасеро низ анҷом надода буд.
Вакили дигари анҷуман профессор Пӯлод Элдаров бар ин аст, ки ҳарчанд анҷуман натавонист раиси хешро интихоб намояд, вале худи баргузор гардидани анҷуман ва бори нахуст доир шудани чунин ҳамоиш воқеъаи барояш умедворкунанда аст, ки оянда онҳо метавонанд сарвари арзандаи хешро аз ҷумлаи шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурии Қазоқистон интихоб намоянд.