Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии нахустини Амрико ба Тифлис расид


Ҳавопаймои амрикоии ҳомили ёрии башардӯстона дар фурудгоҳи Тифлис поин шуд. Ин нахустин бахши кӯмакҳо ба Гурҷистон аст.

Ба қавли Амрико, ҳамакнун бояд интизори мавҷи бештар ва доимии ёриҳо аз ин кишвар шуд. Дар айни замон, вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс роҳии Париж ва баъдан Тифлис шудааст, то ки ҳамраъӣ ва пуштибонии Кохи Сафедро ба ҳукумати раисҷумҳур Михаил Саакашвилӣ намоиш диҳад. Дар дохили Гурҷистон, дар ҳамин ҳол, нирӯҳои русӣ барои берункашии нирӯҳояшон чандон шитоб надоранд ва аз ҳамин рӯ, алорағми адами тирандозиҳо дар фазои минтақа таниши зиёд эҳсос мешавад.

Ҳавопаймои нахустини Амрико, ки шабонгоҳ дар фурудгоҳи Тифлис поин шуд, кӯмаки зиёдро ба мардуми Гурҷистон овард. Интизор аст, ки дар рӯзҳои оянда аз роҳҳои дарёӣ аз Амрико ба бандарҳои Гурҷистон кӯмаки бештар ворид шавад. Хабари расидани кӯмакҳо дасти кам ду паём дорад: аввал ин ки ИМА ба Гурҷистон барои муқобила бо паёмадҳои зарбаи шадиде, ки артиши Русия кардааст, мусоидат мекунад. Ва пайғоми дуюм ин аст, ки ёриҳои аз ҷониби нирӯҳои низомии Амрико воридшаванда маънои пойбанд будани Вашингтонро ба мавқеи давлати Гурҷистон ва пазириши ниҳоии ин кишвар ба узвияти паймони низомии НАТО, бо вуҷуди ҳузури нирӯҳои русӣ дар хоки Гурҷистон дорад. Метю Бриза, муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико дар Тифлис дар бораи кӯмакҳои Амрико гуфт:

"Ин яке аз чандин бахшҳои кӯмакҳоест, ки тавассути роҳҳои ҳавоӣ ва дарёӣ оварда хоҳад шуд. Ин нишонаи ӯҳдадориҳои мо дар баробари ояндаи сулҳомези Гурҷистон, ҳузури сулҳомез, равобити наздики дӯстона, манфиатҳо ва арзишҳои муштараки мо мебошад".

Дар арсаи кӯмакҳои дипломатӣ бошад, раисҷумҳури Амрико барои ошноӣ бо вазъи минтақа вазири хориҷаи кишвараш Кандализа Райсро фиристод. Нахуст Кандализа Райс аз пойтахти Фаронса, кишвари раҳбарикунандаи феълии Иттиҳоди Аврупо дидан мекунад. Қабл аз парвоз ба Париж дар Вашингтон ӯ гуфт:

"ИМА хеле рӯшан намоиш дод, ки дар паҳлӯи ҳукумати бо роҳи демократӣ интихобшудаи Гурҷистон қарор дорад. Ин як ҳамсояи хурди Русия аст, ин кишварест, ки дар риштаи иқтисодиёташ ба пешравиҳои қобили мулоҳиза даст ёфтааст. Ва ҳанӯз ҳам талош дорад сохторҳои демократии худро ҳифз кунад ва мо дар ин самт бо Гурҷистон ҳамкорӣ мекунем. Аммо агар касе дар пуштибонии мо аз Гурҷистон шубҳа дошта бошад, пас бояд ин воқеиятро ба назар гирад, ки Гурҷистон як кишвари чолиши аср аст ва ИМА инро ба унвони муҳимтарин нақши ин кишвар арзёбӣ мекунад ва мо ба ояндаи ин кишвар эътимод дорем".

Дар Париж Кандализа Райс тарҳи оташбаси Гурҷистон ва Русияро бо раисҷумҳур Николя Саркозӣ баррасӣ хоҳад кард. Ин санади иборат аз панҷ бахш, ки бо ташаббуси Фаронса, раҳбари даврии Иттиҳоди Аврупо қабул шудааст, бозгардони ҳама нирӯҳо ба мавқеъҳои пешазҷангиашонро дар назар мегирад. Дар айни замон, ин банди созиш ҳанӯз пурра ба иҷро нарасидааст ва аз ҳамин хотир ҳам вазъи минтақа пуртаниш боқӣ мемонад.

Нирӯҳои русие, ки шаҳри марказии Гории Гурҷистонро иҳота кардаанд, босустӣ ин минтақаро тарк мекунанд. Фармондеҳони рус мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ҳоло таъмини амнияти шаҳрвандон дар пайи ғоратгариҳову бесомониҳо ва аз ҳолати низомӣ баровардани минтақа мебошад.

Мақомоти Гурҷистон амалкарди нирӯҳои Русияро дар минтақа ба гунаҳои мухталиф арзёбӣ мекунанд. Сухангӯи вазорати дохилаи Гурҷистон Шота Утиашвилӣ рӯзи панҷшанбе дар Тифлис гуфт, ки воҳидҳои низомии Русия шаҳрҳои Горӣ ва Потиро тарк мекунанд. Потӣ, ки дар соҳили Баҳри Сиёҳ бунёд шудааст, як гузаргоҳи муҳими нафтӣ ба шумор меравад. Аммо вазорати хориҷаи Гурҷистон чанд соат баъд гуфт, ки шумори нирӯҳои русӣ дар Горӣ афзоиш ёфта ва ҳамингуна нирӯҳо ба самти Потӣ ҳаракат карданд.

Дар ҳамин ҳол, дар Маскав раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо раҳбарони ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дидору мулоқот кард ва гуфт, ки дар оянда ҳам аз мавзеи ин ҷумҳуриҳо ҳимоят хоҳад кард. Вай гуфт:

"Мо ҳама гуна тасмимеро, ки мардуми Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон мутобиқи оинномаи СММ, муқаррароти байналмилалии соли 1966 ва аҳдномаи Ҳелсинкӣ роҷеъ ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо қабул мекунанд, пуштибонӣ хоҳем кард. Мо на танҳо ин қарорҳоро дастгирӣ мекунем, балки иҷрои онҳоро дар Қафқоз ва ҷаҳон замонат медиҳем".

Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар Маскав гуфт, ки ИМА бояд аз ду яке, яъне ҳамкории воқеӣ бо Русия ва ё пуштибонӣ аз як тарҳи ғайривоқеии Гурҷистонро интихоб кунад.

Дар ҳамин ҳол, мардуми осоиштаи гурҷӣ басахтӣ бо паёмадҳои даргириҳои чандинрӯза дар Осетияи Ҷанубӣ муқобила мекунанд. Як сокини шаҳри ғарбии Зугдидӣ, ки ҳамчунон аз ҷониби нирӯҳои русӣ ишғол шуда буд, эҳсосоти худро дар сӯҳбат бо бахши гурҷии радиои Озодӣ чунин тавзеҳ дод:

"Ин як даҳшат, як хоби бад аст. Бедор бояд шуд. Одамони бегона ба онҳое, ки комилан бегуноҳ ҳастанд, ҳуҷум мекунанд. Мо дар як ҳолати ишғолшуда ба сар мебарем. Бори аввал онҳо моро аз Сухумӣ берун карданд, ман муҳоҷир шудам. Акнун онҳо моро аз сарзамини худамон берун карданиянд. Ду дафъа Гурҷистон як чизро таҷриба мекунад ва мо намедонем, ки барои чӣ бо мо ингуна рафтор мекунанд".

Ин зан Керен Эсебау ном дорад ва ӯ мегӯяд, ки сокинони манотиқи дигари Гурҷистон барои кӯмак ба зарардидаҳои ҷанг мешитобанд. Ҷондӣ Каланадзе, як марди гурҷӣ дар халтааш барои ҳамватанони беҷошудааш дар маркази сабти номи муҳоҷирон дар Тифлис каме ғизо овардааст. Вай мегӯяд:

"Ман ғизо овардам - каме шир, панир ва тухм овардам. Ҳамаи инро дар ин ҷо мегузорам, то ки дар миёни беҷошудаҳо тақсим шавад. Президент ва нахуствазир аз мо дархост карданд, ки ба мардум кӯмак кунем. Ман як марди гурҷӣ ҳастам. Ман як боғи хурд дорам ва дар чунин шароит, ба ҷуз кӯмак ба ҳамватанонам боз аз дастам чӣ меояд?".

Тибқи ҳисоботи СММ бар асари даргириҳо дар Осетияи Ҷанубӣ беш аз 100 ҳазор нафар беҷо шуданд. Ин арқом бар асоси иттилои ҳукуматҳои Гурҷистон ва Русия ҳисоб шудааст ва ҳанӯз тавассути манбаъҳои мустақил таъйид намешавад.

XS
SM
MD
LG